Муаллим Қиличхон Афсаҳзод тамоми умри хешро ба мактаб бахшидааст. Ҳатто замоне, ки муаллимони деҳаи Рукнобод гурӯҳ-гурӯҳ тарки мактаб намуда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия муҳоҷират пеша карданд. Қаҳрамони мо 45 сол мешавад, ки дар мактабҳои № 35, № 60 ва № 64-и деҳаи Рукнобод шаҳри Панҷакент ба тарбияи насли наврас машғул аст. Ӯ бо маоши муаллимӣ ду фарзанди худро соҳиби маълумоти олӣ кард.
Дар Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Ба ин муносибат Your.tj тасмим гирифт, қиссаи зиндагии як омӯзгори одиро бознашр кунад.
Мудири пурмасъулият
Замоне мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дарвоза ва ҳудуди муайян надошт. Тақрибан соли 1998 муаллим Қиличхон Афсаҳзодро мудири мактаб интихоб мекунанд. Ҳамагӣ се моҳ дар ин вазифа кор мекунад.
Дар ин муддат симтӯрҳои атрофи ҳавлиашро канда, ҳудуди мактабро маҳкам мекунад, бо талоши зиёд заминҳои мактабро ба маротиб васеъ намуда, бо ташкили ҳашар девор мебардорад. Ҳар чизи муносиберо, ки аз хонааш меёбад, ба мактаб мекашонад. Мактаб дар ин се моҳ соҳиби заминҳои корам, боғҳои мевадиҳанда ва ҳудуди муайян мегардад.
Физике, ки замоне тамоми дарсҳои мактаб бар дӯшаш буд
Ӯ аз фанҳои дақиқ дарс мегӯяд. Аммо ба адабиёти тоҷик сахт эҳтиром мегузорад. Махсусан, ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” – и ӯ меҳри беандоза дорад. Замоне ки ҳамаи муаллимон мактабро монда рафтанд, директор ба ӯҳдаи ӯ синфҳои ибтидоиро ҳам бор мекунад, ки дар умум 64 соатро ташкил медод.
“Ба онҳо аз фанҳои забон ва адабиёт, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнату тарбияи ҷисмонӣ дарс медодам. Муҳимтар аз ҳама бароям дарси адабиёти тоҷик буд. Ман аз кӯдакӣ дӯстдори осори Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ ҳастам. Вақте ба хонандагон дар бораи Фирдавсӣ нақл мекардам, таъкид менамудам, ки номи ӯро бояд аз минбарҳои баланд ба забон гирифт.
Аз ин хотир вақте мавзӯи тарҷумаи ҳол ва ашъори Абдулқосим Фирдавсиро мегузаштем, ҳамроҳи бачаҳо курсиҳоро болои ҳам гузоштем. Худам яке аз шогирдонро болои миз шинонидам ва мо якҷоя тарҷумаи ҳоли шоирро гӯш карда, ғизои маънавӣ гирифтем. Ин тақрибан 15 сол пеш буд, писараке, ки дар акс ҳаст, ҳоло дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар курси севвум таҳсил карда истодааст” – бо хушҳолӣ ёд мекунад, қаҳрамони мо.
Муҳоҷирати омӯзгорон ва даъват ба мактаб
Солҳои 1993 – 1994 буд. Бисёре аз муаллимон мактабро партофта рафтанд, чунки вазъияти кишвар ноором ва маоши коргарон набуд. Онҳо маҷбур буданд, оилаи худро таъмин кунанд. Аксари омӯзгорон бештар ба тиҷорат машғул шуданд. Аммо қаҳрамони мо ба касби худ содиқ монд, чунки дилаш ба бачаҳо месӯхт. Сабаби дигараш он буд, ки муаллим оилаи на он қадар калон дошт. Хонаи падарӣ ба ӯ мерос монда буд.
Он солҳо на танҳо муаллимон, балки қисми зиёди талабагон низ шавқи ба мактаб рафтан надоштанд. Муаллим барои таваҷҷӯҳ ва завқи хонандагонро ба мактаб баргардонидан чанд мисраъ шеър эҷод карда, дар байни деҳа ташвиқот мегузаронад.
“Дар он шароити сахт бачаҳо ҳам ба мактаб намеомаданд. Танҳо ду се шогирдам дар барам буданд. Ман ин мисраҳои шеъриро эҷод карда, дар байни деҳа таблиғот мебурдам, то бачаҳо ба мактаб баргарданд:
Замзамаи баҳори ман,
Манзараи диёри ман.
Манзари хушгувори ман,
Шаршараи қатори ман.
Мактаби номдори ман,
Мактаби шасту чори ман”.
Ҳамон солҳо муаллим талабагонро ба пахтачинӣ мебурд. Ӯ метавонист шабҳо бачаҳоро гирди гулхан ҷамъ мекарду маҳфили шеър ташкил менамуд. Ин ҳам усули ба таълиму тадрис ҷалб кардани бачаҳои деҳа буд.
“Ҳангоми иҷрои шеърҳо онҳо хастагиро фаромӯш мекарданд. Шавқу завқи онҳо умедамро дучанд мекард, то бо онҳо монаму аз хатари бесаводшавӣ ақаллан наслҳои нави деҳаро раҳо кунам. Ин кӯшишҳои маро дида масъулин бештар маро бо талабаҳо пахтачинӣ равон мекарданд” – мегӯяд қаҳрамони мо.
Маслиҳате, ки дӯстдори адабиётро физик кард
Аълохон Афсаҳзод – адабиётшинос, шарқшинос, мантиқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология зодаи деҳи Рукнобод аст. Аҳли деҳа баъди хатми мактаб фарзандони худро назди ӯ мефиристоданд, то дуо барои идомаи таҳсил бигиранд. Қаҳрамони мо низ бо ин ният назди олим рафтааст.
“Вақте ки ман пеши муаллим даромадам, аз ман пурсиданд, ки “Акнун куҷо меравӣ?” Ман гуфтам, ки “форсӣ меомӯзам”. Муаллим хандида гуфтанд, ки “ҳамин нӯлатро камакак каҷ кун ва оча гӯй, мешавад форсӣ. Ту физик мешавӣ, тамом”! Муаллим ҳамон вақт ҳис карда буданд, деҳа аз хату савод қафо монда буд, аз ҳамин хотир моро ба ҳар равия равон мекарданд”, – ёд аз ҷавонӣ кард ҳамсуҳбати мо.
Қиличхон ҳатто дар мактаб ҳам ба илми физика таваҷҷуҳ надошт, вале ба хотири суханони Аълохон Афсаҳзод дар аввал як сол дарси иловагӣ гирифт ва баъд ба донишгоҳ дохил шуд. Дар мактаб, ки аълохон буд, омӯхтани ин фан барояш мушкил набуд.
“Дар мактаб бо баҳои аъло мехондам, чунки оилаи мо ҳама зиёӣ буданд. Баъд аз дарсҳо бештар адабиётро мехондам ва шеърҳои Абдулқосим Фирдавсию Бедил, Ҳофизу Саъдӣ, Румию Рӯдакиро зиёд қироат мекардам. Зиёд шеър аз ёд намекардам. Аз як ғазал танҳо якчанд мисраашро, ки ба устухони ман мерасиду таъсирам мекардам, аз худ менамудам. Ҳамин аст, ки дар гирдо гирди хона пур аз шеърҳои бузургон мебошад”, – гуфт боифтихор муаллим.
“Ба як мард чил ҳунар кам”. Ровӣ, навозанда, ҳаккок, дӯстдори шеър ва дорандаи хазинаи шахсии китобҳо
Ороишоти хонаи муаллими Қиличхон Афсаҳзод ҳама маҳсули дастони худаш аст. Навиштаҷот аз “Шоҳнома” бо хати настаълиқ, тасвирҳои табиату гулистонҳо деворҳои хонаашро пур кардаанд. Дар тоқчаи дари хонааш ду мисраи охирони “Шоҳнома” – ро ҳаккокӣ кардааст.
Худоё чунон кун саранҷоми кор,
Ту хушнуд бошиву мо растагор.
Ӯ гоҳ – гоҳ созҳои мусиқии ториро ҳам менавозад ва замзама ҳам карда метавонад. Рӯзҳои хурсандии аҳли деҳа бе иштироки муаллим намегузарад.
Замоне дар китобхонаи шахсии муаллим бештар аз 1000 китоби бадеӣ мавҷуд будааст. Ӯ ҳамаи онро ба дӯстдорони китоб тақдим намудааст.
“Як қисми бештарашро ба китобхонаи қисми ҳарбии сарҳадчиёни назди деҳа додам, боқимондаашро 2 – 3 – тои ба талабгорон туҳфа намудам”, – нақл мекунад вай.
Муаллим Қиличхон Афсаҳзод маҳбуби кӯдакону наврасони деҳаи Рукнобод аст. Синнаш аз 70 гузашта бошад ҳам, дили ҷавон дорад.
“Олими забардаст мешуд, агар ба шаҳр мерафт”…
Ба муаллим дӯстонаш ҳамеша пешниҳоди рафтан ба шаҳрро мекунанд.
“Онҳо гуфтанд, ки агар дар Душанбе равам, олими забардаст мешавам. Вале ин барои ман лозим нест. Ман танҳо мехоҳам фарзандони миллатро тарбия кунам. Ҳеҷ гоҳ талаби унвоневу мансабе накардаам”, – арз намуд ӯ.
Замони нав бо услубҳои тоза
Имрӯз муаллим Афсаҳзод рӯзҳои сахт ва шароити бади синфхонаҳоро ёд меораду мактаби наву замонавие, ки аллакай нӯҳсола шудааст, бо он қиёс мекунад. Ӯ дар ҳама ҳолат рисолати муаллимии худро сарбаландона иҷро намудааст.
“Ҳоло мактаб замонавӣ дорем ва бачаҳо ҳам ба хондан дилгарманд. Барои завқи онҳоро боз ҳам баланд бардоштан, сари ҳар моҳ як қуттӣ бӯр мехарам ва ҳар нафаре, ки ба тахтаи синф мебарояд, ба дасташ дода супориш медиҳам, ки “То ҳамин бӯр тамом нашавад, намешинӣ”. Баъд бача ба завқ меояду то тамомшавии бӯр масъала кор мекунад”- нақл кард, муаллим.
“Шогирдон – самари умр”. Дарси иловагӣ бар ивази “Раҳмат”
Муаллим барои шогирдоне, ки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудан аз фанни физика имтиҳон месупоранд, дар хонаи худаш дарсҳои иловагӣ мегузарад. Ягон маротиба аз шогирдон пул ё подоши молии дарсҳои иловагӣ нагирифтааст.
Ӯ ҳатто вобаста ба шавқу ҳаваси шогирдонаш ба таври умумӣ муқаррар кардааст, ки бачаҳо метавонанд физику математик шаванд, духтарҳо бошанд муаллимаву духтур.
“Дар хонаам шогирдонро ба гурӯҳҳо ҷудо кардаам ва бо онҳое, ки хатмкунанда ҳастанд зиёдтар кор мекунам. Ягон бор аз ягон шогирдам маблағ талаб накардаам. Ман фақат мегӯям, ки ҳамин бачаҳо соҳибмаълумот шаванд ва баъди 10 – 15 сол як бор ба ман як ташаккур гӯянд шуд”, – изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Теъдоди онҳое, ки ба муаллим Қиличхон Афсаҳзод ҳаққи шогирдӣ доранд, садҳо нафаранд. Ба хонаи ӯ барои дарси иловагӣ танҳо писарбачагон меоянд, зеро расму оини мардуми деҳа ба духтарон инро иҷоза намедиҳад. Духтарон имкон доранд дар мактаб аз дониши муаллим бештар истифода баранд.
То имрӯз чанд шогирди муаллим Қиличхон Афсаҳзод унвонҳои илмии номзадию докториро соҳиб шудаанд.
“Аз шогирдонам чандин нафар ба зинаҳои баланд баромаданд. Яке аз онҳо Меҳрзод Буҳронов аст, ки ба дараҷаи номзади фанҳои физика ҳастанд расидааст. Шогирди дигарам Шамсулҳақи Самар ба наздикӣ соҳиби ҳамин унвон мешавад. Ду шогирди дигарам ҳоло дар донишгоҳи Олмон ва Россия таҳсил мекунанд”, – бо ифтихор нақл кард қаҳрамони мо.
Муаллим Қиличхон Афсаҳзод намунаи беҳтарини фидоӣ ва сарсупурдаи касбу пешаи омӯзгорӣ аст. Таҷрибаи ин пири кор нишон медиҳад, ки вақте инсон дӯстдори касбу ғамхори миллаташ аст, метавонад аз худаш гузашт кунад, метавонад барои ояндаи давлату миллат саҳм гузорад.
Аминҷон Раҳматзода