Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон рад карда шуд. Ин лоиҳа аз сӯи Маҷлиси намояндагон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда буд, менависад “Азия-Плюс”.
Дар қарори ҳукумат омадааст, ки “он дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст”.
Инчунин, гуфта мешавад дар қарори ҳукумат якчанд сабабе, ки боиси напазируфтани лоиҳаи қонуни нави матбуот гардидааст, оварда шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, лоиҳаи қонуни нав мавзуи танзими расонаҳоро пурра дар бар нагирифтааст. Ҳукумат хостааст, бояд ҳар як намуди расона (телевизион, радио, матбуот ва оҷонсиҳо) дар алоҳидагӣ дар қонун танзим шавад.
Сабаби дигари рад шудани лоиҳаи нави қонуни матбуот ба расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон вобаста будааст. Ба гуфтаи мақомот, дар лоиҳа мавзуи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Тоҷикистон пурра ҳаллу фасл гардидааст, аммо бояд ба масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.
Яке аз эродҳои дигари ҳукумат ба қонуни нави матбуот хатоҳои зиёди имлоӣ, техникӣ ва мутобиқ набудани матни русии он ба матни забони тоҷикӣ будааст, ки мақомот хостаанд, ин хатоҳо ислоҳ шаванд.
Дар хулосаи қарори ҳукумати кишвар омадааст, ки “масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилооти Тоҷикистон баррасӣ карда шавад”.