fbpx

“Тути Помир” чӣ тавр таъсис ва ташаккул ёфт

Чаро рушди савдои маҳсулоти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табиии ватанӣ дар Тоҷикистон мушкил аст.


3
3 points

Ширкати “Тути Помир” тақрибан 15 сол боз батончаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаеро истеҳсол мекунад, ки танҳо аз маҳсулоти табиӣ омода мешавад. Маҳсулоти асосӣ тут аст, ки дар Тоҷикистон дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр парвариш карда мешавад.

Ба наздикӣ ширкат маҳсулоти нави “Шелколад”-ро пешниҳод кард, ки ивазкунандаи табиии шоколади муқаррарӣ мебошад.

Дар бораи он ки истеҳсоли ин намудани маҳсулот аз чӣ оғоз шуд ва имрӯз онро аз куҷо харидан мумкин аст, директори генералии корхонаи “Тути Помир” Давлаталӣ Мародалиев ба муаллифи “Your.tj” нақл кард.

Аксҳои худи Давлаталиро дар ин матлаб намеёбед, зеро ӯ мисли бисёре аз истеҳсолкунандагони маҳаллӣ шахси ҷамъиятӣ нест. Аммо вай дар бораи корхонааш бо шавку хаваси зиёд накл кард.

Буҳрони иқтисодӣ – нуқтаи ибтидоӣ

Таърихи ширкати “Тути Помир” аз соли 2008 ибтидо мегирад. Он замон ба Давлаталӣ Мародалиев барои табобати писараш, ки бо фалаҷи мағзи сар таваллуд шуд, маблағ лозим буд.

Музди маоше, ки дар ҷои кори пештарааш мегирифт, харҷи доруворӣ ва ғизои махсуси кӯдакро пурра пӯшонида наметавонист ва Давлаталӣ тасмим гирифт, ки ба тиҷорат машғул шавад.

Дар охири солҳои 2000-ум, ба ёд меорад ӯ, самти фоиданок дар тиҷорат интиқоли мошинҳо аз Аврупо буд, ки қаҳрамони мо ба он машғул шуд.

Давлаталӣ раводид ва аз бонк қарз гирифта, ба Олмон рафт. Дар он ҷо чанд мошин харида, онҳоро ба контейнер бор кард ва ба хона баргашт.

Контейнер бо мошинҳо, ки мебоист дар 30 рӯз вориди Тоҷикистон шавад, ҳамагӣ баъд аз се моҳ омада расид.

То он вақт, ба далели буҳрони иқтисодӣ, ки соли 2008 тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд, нархи мошинҳо ду баробар коҳиш ёфт.

“Қурби асъор аллакай то ба он сатҳ расида буд, ки ҳеҷ кас мошин намехарид ва ман маҷбур шудам, ки онҳоро бо нархи арзон фурӯшам, ақаллан қарзи бонкро пардохт карда тавонам”, – ба ёд меорад Давлаталӣ Мародалиев.

Давлаталӣ аз бонк маблағи хеле калон қарздор буд. Он рӯзҳо барои ӯ хеле душвор буд.

“Ба ҳеҷ кас он рӯзҳоро намехоҳам, вақте ҳар рӯз ба ту занг зада баргардонидани қарзро талаб мекунад. Ташвишҳои доимӣ ва бехобӣ маро ба афсурдаҳолӣ оварда расонд”,- иқрор мешавад ин мард.

Идеяи ҷолиб аз Литва

Тасодуфан, вақте Давлаталӣ баъди барои фурӯш харидани мошинҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон бармегашт, дар қатора бо Эдмундас Кевисаси литвонӣ дӯст мешавад ва ӯро ба Тоҷикистон даъват мекунад.

Пас аз чанд моҳ Эдмундас ба Душанбе ба назди Давлаталӣ омад.

Эдмундас мехост, ки бо маданият, урфу одат ва расму оини тоҷикон то хадди имкон аз наздик шинос шавад ва Давлаталӣ ба вай тамоми минтақаҳои мамлакатро нишон дод.

Дар яке аз бозорҳои Хоруғ таваҷҷуҳи ӯро тутҳои латшуда ва талқонкарда ба худ ҷалб кард, ки дар Бадахшон онҳоро “пихт” меноманд. Эдмундас ин меваро бори аввал медид ва дар бораи он чизе намедонист.

Ӯ дар бораи тут ва хосиятҳои судманди он аз интернет огоҳ маълумот ёфта, ба Давлаталӣ гуфт, ки бо майли том чунин маҳсулотро харидорӣ мекард, агар намуди бозоргир медошт.

Илова бар ин, Эдмундас гиёҳхӯр (вегатериан) буд ва танҳо таом аз растанӣ мехӯрд.

“Меҳмонам помидорро ҳатто намебурид ва онро дар шакли бутун мехӯрд”,- мегӯяд Давлаталӣ.

Эдмундас 20 рӯз дар Точикистон истод ва баъд аз он ба Литва баргашт.

Аммо Давлаталӣ суханони ӯро дар бораи тут, ки дар омади гап гуфта буд, фаромуш накард ва ин фикрро ба ёдаш гирифт.

“Барои наҷоти ширкат ҳама корро кун”

Азбаски мард номзади илмҳои техникӣ буд, дар назди худ вазифа гузошт, ки ба тутҳои латшуда шакли батончаро диҳад ва ба таҷриба шурӯъ кард.

“Ман шабу рӯз таҷриба гузаронидам. Ошхонаи мо ба озмоишгоҳ табдил ёфту бетартиб шуд. То он вақт дигар кор намекардам ва тамоми кувваамро ба таҷрибагузаронӣ сафр мекардам ва аз мутахассисон маслиҳат мегирифтам.

Дар баъзе мавридҳо ҳамсарам ҳатто мегуфт, ки агар то ман ба касе ин кор муяссар нашудааст, пас он тамоман имконнопазир аст”, – ба ёд меорад директори генералии “Тути Помир”.

Ӯ тамоми пасандози молиявии худро барои ба амал баровардани идеяи худ – ба вуҷуд овардани маҳсулоти фоиданок сарф кард. Дар хона, мегӯяд ӯ, ҳатто маҷбур шуд, ки ғизоро сарфа кунад.

“Ман медонистам, ки бисёр таваккалӣ кор мекунам, чӣ мешавад агар занам тоқат накарда маро тарк кунад. Ман ба ин идея дода шудам ва фаҳмидам, ки роҳи бозгашт нест.

Хешовандонам аз ман ниҳоят хавотир мешуданд. Падарам гуфт, ки шояд ҳамаашро партофта, ба кори пештараам баргардам. Дигар пайвандон низ аз ман хоҳиш карданд, ки бас кунам.

Аммо ман дар бораи фоида фикр намекардам, мутмаин набудам, ки маҳсулотам серталаб мешавад, аммо чизе дар дилам маро маҷбур мекард”, – нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Баъди панҷ моҳ ба Давлаталӣ муяссар шуд, технологияи тайёр кардани батончаҳоеро, ки ба конвейер гузоштан мумкин аст, кор карда барояд.

Пас аз он ки намунаҳоро ба дӯсти худ Эдмундас ба Литва фиристода ризоияти ӯро гирифт, Давлаталӣ ба сабтиноми ширкат ва истеҳсоли батончаҳо аз тут шурӯъ кард.

Давлаталӣ бо иҷозати падараш барои гирифтани қарз хонаро дар бонк ба гарав гузошт. Аммо ин пул кифоя набуд ва Эдмундас миқдори лозимаро бебозгашт ба Давлаталӣ дод.

“Он гоҳ Эдмундас гуфта буд: “ман ба ту кӯмак мекунам, аммо бисёр хоҳиш дорам: барои наҷот додани ин ширкат ҳама кори аз дастат меомадаро кун”.

Як замон ба ӯ ҳам ёрӣ расонида будаанд ва ӯ қарор дод, ки ба ман кӯмак кунад”,- мегӯяд Давлаталӣ.

Баъди чанд моҳ аз Чин ба Душанбе таҷҳизот овардем. Истеҳсолот оғоз ёфт, батончаҳои аввалин пайдо шуданд ва дар соли 2010 фурӯшро дар бозори маҳаллӣ сар карданд.

Хатто нокомии бузург таслим накард

Бо тавсияи як шиносаш Давлаталӣ дар бозори “Фаровон” бо соҳибкоре шинос шуд, ки ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғул буд. Ин мард аз нигоҳи аввал мутахассиси кордону бомаърифат менамуд ва Давлаталӣ карор дод, ки дар бобати фурӯши батончаҳо аз ӯ маслиҳат пурсад.

Суҳбат бо сохибкор, ба хотир меорад Давлаталӣ, аз панҷ дақиқа зиёд давом на-кард. Мард зуд маҳсулотро аз назар гузаронида, арзиши аслии онро пурсид. Нарх 1,3 сомонӣ буд, аммо мард пешниҳод кардааст, ки батончаҳоро бо нархи 50 дирам фурӯшам.

“Ӯ мисол меовард, ки ҳоло одамон [батончаҳоро] мечашанд ва ба онҳо писанд меояд ва пас аз як сол мешавад нархро боло барем. Ин тасмими ғайримуқаррарӣ буд, аммо азбаски он вақт таҷрибаи кам доштам, ба маслиҳати ӯ гӯш додам”, – мегӯяд Давлаталӣ.

Вале, ин ягон беҳбудӣ наовард, фурӯши батончаҳо хеле бад пеш мерафт ва тақрибан ба сифр баробар буд.

“Одамон бовар намекарданд, ки маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад ин қадар арзон бошад. Ин тасмим бузургтарин иштибоҳи ман буд”,- ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

Хоҳари Давлаталӣ, ки дар тиҷорат ба ӯ кӯмак мекард, маҷбур шуд комилан аз ин кор даст кашида кори дигар кунад, аммо мард дар фикри тарк кардан набуд.

Ҳар бегоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсони дар Аврупо ба тиҷорати меваҳои хушк машғулро ҷустуҷӯ мекард ва ба онҳо дар бораи худаш маълумот мефиристод.

“На ҳама ҷавоб медоданд. Масалан, русҳо пурсиданд, ки оё ман сертификати сифат дорам? Вақте дар ҷавоб гуфтам, ки надорам, онҳо дигар ҷавоб надоданд.

Маҳсулот пурра ба тамоми талабот ҷавобгӯ буд, аммо барои гирифтани ин сертификат пули зиёд лозим буд”, – шарҳ медиҳад ҳамсуҳбати мо.

“Муҳим – фаҳмидани он ки дар роҳи дуруст ҳастӣ”

Дар таърихи ширкат ва умуман, дар ҳаёти Давлаталӣ Мародалиев тағйирот тасодуфан дар мағозаи китоб, вақте ӯ вориди он ҷо шуд, ба вуҷуд омад. Таваҷҷуҳи ӯро китобе, ки муқоваи зард дошт, ба худ ҷалб кард ва дарҳол онро харид.

Ин китоби соҳибкори бритониёӣ Ричард Брэнсон “К черту все! Берись и делай” буд. Давлаталӣ баъди мутолиаи бист саҳифаи аввали он ба бисёр саволҳои худ ба зудӣ ҷавоб ёфт ва пурра ба мутолиа дода шуд.

“Мо баъзан фикр мекунем, ки танҳо маълумоти олӣ барои мо басанда аст, аммо ин на он қадар дуруст аст. Тиҷорат қоидаҳои худро дорад, талаботи худро дорад, ки донистан ва риояи он зарур аст.

Аз он вақт инҷониб ман пайваста мутолиа мекунам. Ҳамагӣ дар як сол зиёда аз 140 китобро дар бораи маркетинг, тиҷорат ва ташаккулёбӣ хондаму гӯш кардам ва имрӯз дар китобхонаи ман зиёда аз 350 китоб мавҷуд аст. Гузашта аз ин, ман ҳар яки онҳоро камаш ду-се маротиба хондаам”, – мегӯяд мард.

Дере нагузашта, як ширкат аз Италия, Slow Food Terra Madre ба мактуби Давлаталӣ посух дод. Дар нома гуфта мешуд, ки онҳо истеҳсолкунандагони маҳсулоти табииро дастгирӣ мекунанд ва танҳо ба пешбурди маҳсулот дар бозори Аврупо машғуланд.

Намоишгоҳ дар Италия

Давлаталӣ бениҳоят хурсанд шуд, ки ниҳоят маҳсулоташро фурӯхта метавонад. Ду нафар коргари ширкат барои шиносоӣ бо истеҳсолот ба Тоҷикистон омаданд.

Кормандони ширкати Slow Food Terra Madre чанд намуна аз маҳсулоти тут ва меваҷотро гирифта, баргаштанд ва баъди як моҳ Давлаталиро барои ширкат дар намоишгоҳи худ дар Италия даъват карданд.

“Онҳо гуфтанд, ки маҳсулоти ман воқеан аз ҷиҳати экологӣ тоза аст ва аз ҳисоби худ маро ба намоишгоҳе дар Италия даъват карданд”,- ба ёд меорад Давлаталӣ.

Намояндагони 145 кишвар дар намоишгоҳ иштирок карданд. Батончаҳои тутро бо як эҳсоси хоса қабул карданд. Ҳамагӣ дар давоми чанд рӯз Давлаталӣ тавонист ҳазор евро, ки он замон арзиши баланд дошт, ба даст оварад. Маҳсулот зуд ба фурӯш мерафт.

“Аз ҳама муҳим бояд фаҳмид, ки шумо кори хайр карда истодаед, бо роҳи дуруст пеш рафта истодаед. Ин ширкати итолиёвӣ итминон дод, ки ман ҳама корро дуруст карда истодаам ва чунин маҳсулот воқеан серталаб аст”, – мегӯяд мард.

Давлаталӣ баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар ниҳоят тавонист, ки қисман интиқоли маҳсулоташро ба Литва ва Италия роҳандозӣ кунад ва аз соли 2014 ба интиқоли маҳсулоташ бо ҳаҷми калон ба Русия шурӯъ кард.

Содирот ба ин кишвар тӯли чанд сол то замони ҷанг дар Украина сурат гирифт ва баъд аз он интиқол ба Русия қатъ шуд.

“Рубли русӣ арзиши худро аз даст дод, таваррум оғоз шуд. Дархостҳо барои содирот аз рӯи ҳаҷм кам шуд, ки ҳамагӣ 300-400 кг-ро ташкил дод, ки ин фоидаовар набуд. Дар натиҷа мо содиротро ба Федератсияи Русия муваққатан қатъ кардем”, – мегӯяд Давлаталӣ.

Аз соли 2013 то 2019 ширкат маҳсулоташро ба Словакия, Полша, Италия ва ИМА содир мекард, аммо он мунтазам набуд.

Азбаски Русия таъминкунандаи асосии “Тути Помир” буд, содироти қатъшуда ба вазъи молиявии ширкат таъсири калон расонд. Давлаталӣ барои пардохти музди кормандон ҳатто маҷбур шуд, ки ҷойҳои кориро ихтисор кунад ва мошини шахсиашро фурӯшад.

Ивазкунандаи табиии шоколад

Батончаҳои тутро дар Тоҷикистон аз мағозаҳои “Пайкар”, “Ашан”, “Рӯдакӣ Плаза”, “Арзанда” ва “Сомон” харидорӣ кардан мумкин аст.

Чанде пеш ширкат ивазкунандаи табиии шоколади муқаррариро истеҳсол кард, ки “Шелколад” ном дорад.

“Шоколади одӣ дар назари аввал безарар аст, аммо агар ба таркиби он назар андозед, миқдори зиёди равғанҳо, ширинкунандаҳо ва дигар моддаҳои кимиёвиро дидан мумкин аст.

Агар ҷисми кӯдакон ҳанӯз хеле қавӣ аст, чунин маҷмӯи моддаҳои зараровар метавонанд барои калонсолон мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд оранд. Мо ивазкунандаи табиии онро пайдо кардем”,- мегӯяд Давлаталӣ.

Номи “Шелколад” аз ду калима иборат аст: “шоколад” ва “тут” (шелковица). Ба гуфтаи Давлаталӣ, барои ӯ муҳим буд, ки маҳсулоти арзон ва солим офарад, ки онро калонсолон ва кӯдакон дӯст медоранд.

Ба “Шелколад” ба ҷои равғану чарбуи муқаррарӣ барои шоколад, какао, тут ва бодом илова карданд ва ба навъи дигари “Шелколад” олуи сиёҳ ҳамроҳ карданд.

Барои тарҳи он муддати дароз кор карданд, то ба баста намуди туҳфамонандро диҳанд.

“Шелколад” бори аввал дар намоишгоҳи Берлин дар моҳи январи соли ҷорӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар Олмон ҳайати Тоҷикистонро хеле самимона истиқбол гирифтанд, мегӯяд Давлаталӣ.

“Бо вуҷуди он ки номи маҳсулоти мо ба забони русӣ аст, ин иштирокчиёни намоишро тамоман нороҳат накард. Олмониҳо, лаҳистониҳо, украинҳо, сокинони мамлакатхои назди Балтика ва Осиёи Миёна ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳ карданд. Ҳама аз “Шелколад”-и мо ба ваҷд омаданд ва маълум шуд, ки мардум ба ин маҳсулот таваҷҷуҳ доранд”,- нақл мекунад роҳбари “Тути Помир”.

Аммо “Шелколад”-ро ҳанӯз дар фурӯшҳои бузурги чаканаи Тоҷикистон харидан намешавад.

Ба фикри Давлаталӣ, ин ба системаи комплексии ҷорӣ намудани маҳсулот вобаста аст.

“Мо бо “Ашан” ва “Пайкар” шартнома бастаем, вале барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти мо вақт лозим аст. Онҳо аввал бояд дар рафҳояшон барои маҳсулот ҷой чудо кунанд, тамоми штрих-рамзҳоро ба база дохил кунанд ва ҳамаи ин вақти зиёдеро талаб мекунад. Ҳоло ду моҳ боз мунтазири посухи онҳо ҳастем”,- мегӯяд Давлаталӣ.

Дар “Пайкар” ва “Ашан” ба ғайр аз “Шелколад” навъи дигареро ба сифати маҷмӯаи тӯҳфаҳо бо номи “Роҳи бузурги абрешим” пешниҳод карданд, ки Давлаталӣ барои омода кардани ангораи он як сол сарф кардааст. Аммо, ҳарду маҳсулот ҳоло дар марҳилаи ҷоқгиркунӣ қарор доранд.

Бо вуҷуди ин, маҳсулоти ширкатро дар шабакаҳои фурӯши хурду миёна, ба мисли “Рӯдакӣ Плаза” пайдо кардан мумкин аст. Низоми он, ба қавли Давлаталӣ, назар ба мағозаҳо калон хеле содатар аст.

Ба ҷои равған – тут. Раванди пиршавиро суст мекунад

Батончаҳои “Тути Помир” танҳо моддаҳои табиӣ доранд. ГМО, рангҳо ва ширинкунандаҳо дар таркиби маҳсулот тамоман вуҷуд надоранд.

“Дар Қазоқистон боре аз ман пурсиданд, ки оё мо кӯшиш кардаем, ки ба таркиби маҳсулотамон сафеда ва протеин илова кунем. Вале мо батончаҳои энергетикӣ не, балки маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунем”, – мегӯяд Давлаталӣ.

Тут, ки асоси тамоми маҳсулоти “Тути Помир”-ро ташкил медиҳад, аз витамину микроэлементҳо бой аст. Дар таркиби он ресвератроли антиоксидант мавҷуд аст, ки раванди пиршавиро суст мекунад, қувва мебахшад ва маҳз ба шарофати он, ба боварии Давлаталӣ, батончаҳо дар байни муштариён ном пайдо мекунад.

Дар соли 2020, дар давраи пандемия Давлаталӣ дастурамали шарбати тутро бо занҷабил, зираи сиёҳ ва нон таҳия кард, ки масуниятро мустаҳкам мекунад.

Ба истеҳсоли шарбат замони худинзиво (самоизоляция) шурӯъ карданд ва ба гуфтаи Давлаталӣ, зуд ба мардум писанд омад.

“Одамон дар ҳақиқат шарбати моро писандиданд. Ба беморхонахо шарбати бисёр ройгон супурда шуд. Ба мо назарҳои мусбӣ ва изҳори миннатдорӣ карданд”,- гуфт ӯ.

Фурӯши ин шарбат дар шабакаҳои бузурги савдои чаканаи Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Давлаталӣ, ки барои шинохта ва серталаб шудани маҳсулоташ роҳи хеле душворро тай кардааст, маслиҳат медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор ноумед нашавед, балки танҳо аз пайи ҳадафҳои худ қадамҳои собит гузоред.

“Ман ба ҳамаи соҳибкорони навкор ҳаминро гуфтаниям, ки натарсед, таслим нашавед, ба суханони онҳое, ки шуморо аз ақидаатон дур мекунанд, гӯш надиҳед. Мегӯянд, ки Худо ба ту ҳадя доданӣ шавад, онро ба мушкилиҳо мепечонад”,- таъкид мекунад Давлаталӣ.

Сомон Комилов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
8
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend