fbpx

Тоҷикону ӯзбекон метавонанд дар кишварҳои якдигар 10 рӯз бе сабти ном гарданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Аз “мусодира” шудани заминаш шикоят дошт, ба “заминфурӯшӣ” гумонбар шуд

Пайвандони Саидмуъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, ба заминфурӯшӣ гумонбар шудааст. Ӯро 25-уми марти имсол дастгир карданд. Наздиконаш ба бегуноҳии Давронов пойфишорӣ доранд. Мақомот мегӯянд, бозпурсӣ ҳанӯз идома дорад.

Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмуъмин Давронов, 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфааст, ки рӯзи сешанбе дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон бо шавҳараш мулоқот кард.

Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон, мегӯяд, Саидмуъмин Давроновро барои “хариду фурӯши замин” бозпурсӣ доранд. Ҳамсари Давронов мегӯяд, як рӯз пеш намояндагони идораи замини ноҳия ба хонаашон рафта, аз замини назди ҳавлиашон акс гирифтаанд. Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон, муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо ба матбуот ҳам кашида шуд ва аз ҷумла дар Радиои Озодӣ инъикос ёфт.

Тоҷикону ӯзбекон дар кишварҳои якдигар 10 рӯз бе сабти ном мегарданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд.

Аз ин пештар, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар ҳамагӣ 3 рӯз бидуни сабти ном метавонистанд иқомат кунанд.

Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар ба тасвиб расид.

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода зимни шаҳри созишномаи мазкур дар ҳузури вакилон ҳадафи қабули онро афзоиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ унвон кард.

Ҷаҳиши якбораи қурби рубл ва коҳиши арзиши доллар дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон то 0,1516 сомонӣ боло рафтааст, хабар дод Бонки миллии кишвар. Ин нишондод рӯзи қабл ба 0,139 сомонӣ баробар буд.

Ба иттилои БМТ, дар муассисаҳои қарзии ҷумҳурӣ рубл ба ҳисоби миёна ба ивази 0,1447 то 0,1516 сомонӣ харидуфурӯш мешаванд. Ин баландтарин нишондод тайи ҳафтаҳои охир мебошад. Аввали моҳи равон арзиши 1 ҳазор рубл дар Тоҷикистон аз ҳадди 100 сомонӣ ҳам поин рафта буд.

Ҷаҳиши қурби рубл дар ҳолест, ки бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши доллари амрикоӣ поин рафтааст.

Ин ниҳод гуфт, дар муассисаҳои қарзии кишвар 1 доллари ИМА ба қимати 12.5 то 12.9 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Рӯзи қабл 1 доллар аз 12.9600 то 13.0000 сомонӣ арзиш дошт. Аммо барои бозори ғайринақдӣ қурби доллар ҳамоно 12,96 сомонӣ боқӣ мондааст.

Як евро дар бозори ғайринақдӣ 14,4115 сомонӣ ва зимни харидуфурӯши нақд дар муассисаҳои қарзӣ аз 14.1415 то 14.4300 сомонӣ нарх дорад.

Ҷаласаи генералҳои тоҷик: таъкид ба тақвияти қудрати дифоии Тоҷикистон

Сардорони ситод ва сарситоди сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор карданд, хабар дод дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки қудрати дифоии мамлакат тақвият дода шавад.

Зикр шудааст, ки дар шароити авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, хидматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак амниятро таъмин созанд.

Мақомдорони қудратии Тоҷикистон ҳамчунин аз мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ гуфта, омӯзиши ҳаматарафаи захираҳоро зарур донистаанд.

Вазорати мудофиа мегӯяд, таваҷҷуҳ асосан ба баргузории машғулиятҳо, ҷалби қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг зоҳир гардидааст.

Бар асари як сӯхтор дар Бохтар се шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтаанд

Дар шаҳри Бохтар бар асари як сӯхтор се шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтаанд. Дар ин сухтор, аз ҷумла ду кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расида аст. Гуфта мешавад ин шаҳрвандони Ӯзбекистон дар манзили иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо  “Азия-Плюс” ин ҳодиса ва ҳалокати се шаҳрванди кишвари ҳамсояро таъйид кард.

Ба гуфтаи ин масъул, сӯхтор рӯзи якшанбе, 27-уми март, дар хонаи №6- и маҳаллаи Баҳор сар зада аст. Падари хонавода Достон Нормуминов дари хонаро маҳкам карда, барои хариди шир меравад. Дар вақти набудани падар, кӯдакон дастгоҳи гармкунии электрикиро чапа мекунанд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал меояд.

Ӯ қайд кардааст, ки падар пас аз бозгашт барои наҷоти фарзандон ба хона медарояд ва худ низ ҳамроҳи ду фарзандаш ба ҳалокат мерасад.

Достон Нормуминов, сокини кӯчаи Абдулло Қаландари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда,  соли таввалудаш 1996 буд. Кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола буданд.

Дар пай ин сӯхтор, додситонии шаҳри Бохтар санҷиишро оғоз кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend