fbpx

Гуруҳи сарояндагони амрикоии “The Fremonts” дар Душанбе консерти зинда барпо карданд

Ҳамин гуна консерти зиндаро ин гуруҳ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб низ гузаронида буданд.


0

Рӯзи гузашта дар Маркази Амрикоии шаҳри Душанбе консерти зиндаи гуруҳи “The Fremonts” доир шуд, ки дар он ҳаводорони мусиқӣ ширкат варзиданд. Ин гуруҳ ҳамчунин дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб низ консертҳои худро баргузор карда буд.

Гуруҳи сарояндагони амрикоии “The Fremonts” дар доираи фестивали “Якҷоя ба пеш” ба муносибати 30 – юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико ба кишвари мо омада, консертҳои зинда барпо карда истодаанд.

Ин гуруҳро сарояндагони хушзавқ бону Стефани ва Ҷастин Бадҷер таъсис додаанд. Онҳо бо  иҷроиши хосе суруду таронаҳоро ба дили тамошобинон мерасонанд.

 

Тавре иттилоъ дода шуд, гурӯҳи  “The Fremonts” дар шаҳри Ню-Йорк таъсис ёфтаву дар шаҳри Боулдер(Колорадо) рушд кардааст. Гуруҳи мазкур бо омезиши мусиқӣ ва достонсароии амрикоӣ  барои тамошобинони худ суруду таронаҳои зебоеро дар шакли беназири театрӣ  эҷод мекунад.

Стефани ва Ҷастин пеш аз оғози консерт ба иштирокунандагон, ки аксаран ҷавонон буданд, фиттаҳои сурдҳояшонро бо соядасти худ тақсим карданд.

Ҳамзамон сарояндагон бо ҳозирин суҳбати озоде ташкил карда ба ҳама саволҳояшон ҷавоб доданд.

“Махсусияти сурудхонии мо дар он аст, ки бисёр мекӯшем, ки  тамошобин муҳтавои хониши  моро эҳсос кунад. Мо дар сурудҳои худ ду унсурро омезиш додаем, малакаҳои ҳирфаӣ сароидан ва ҳунарнамоии актёриро. Мехоҳем, ки  тамошобинон аз сурудҳои мо лаззат бубаранд”, – гуфт дар ҷавоб ба саволи яке аз иштирокчиён оиди махсусият ва услуби сарояндагии гуруҳ, Стефани.

Тавре маълум шуд гуруҳи “The Fremonts” гарчанде забони тоҷикиро надонанд ҳам бо забони тоҷикӣ суруд хондаанд. Махсусан суруди “Чак чаки борон” –и сарояндаи тоҷик Далер Назаров барояшон хеле писанд будаасту, онро доим дар консертҳояшон зам – зама мекардаанд.

“Ман забони тоҷикро намедонам, баъзе аз калимаҳои онро ёд гирифтам. Он  сурудҳои тоҷикие,  ки хондаем, сурудҳои маълуму машҳур ҳастанд ва ёд гирифтану сароидани он барои мо душворие надошт”, – мегӯяд, Стефани

“The Fremonts” мегӯяд, ки Тоҷикистон, табиат расму оин ва фарҳангу маданияти мардумаш барояшон хеле писанд омадааст.

“Дар чанд вақте, ки дар Тоҷикистони зебоманзар будем, аз чанд ҷой дидан кардем, аз ҷумла, ба Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Хумб ва  Марказҳои Амрикоии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб рафтем. Дар доираи ин сафарҳо ба баъзе  расму оин,  либосҳо ва  рақси тоҷикӣ шиносоӣ пайдо кардем.

Тановул кардани  хӯркоҳои миллӣ, ба мисли “Қурутоб” ва “Казан-кабоб” ба мо хеле маъқул шуд.  Сайри обанбори Норак бисёр хотирмон буд, мехоҳем, ки вақте ба Тоҷикистон оем, боз он ҷоро тамошо кунем.  Агар  бори дуввум биёем, ба  ҳама минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунем. Мо тавонистем, ки дар ин сафар танҳо ҷануби Тоҷикистонро бинему халос”, – мегӯяд Ҷастин.

Чанде пеш дар доираи фестивали “Якҷоя ба пеш” намоиши филмҳои тоҷикиву амрикоӣ низ баргузор шуда буд.

Файзуллохон Обидов   


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend