fbpx

Чӣ тавр як зан дар Турсунзода зиндагиашро бо фурӯши партовҳои пластикиву оҳанпора пеш мебарад

Бо ҳама мушкилот холаи Фотима ҳеҷ гоҳ талбандагӣ намекунад ва аз касе кӯмак намегирад, кӯшиш мекунад, ки луқмаи худу фарзандонашро бо меҳнат ба даст биёрад.


2
2 points

Фотима Холмуъминова, сокини 45 солаи шаҳри Турсунзода тӯли 6 сол мешавад, ки бо ҷустуҷӯи дохили қуттии партов зиндагиашро пеш мебарад. Ӯ дар интернат калон шудаву дар синни 15 солагӣ ба шавҳар баромадааст. Айни ҳол соҳиби ду фарзанду се набера мебошад, ки ҳамагӣ дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд.

Муалифи Your.tj Нодираи Собирзод ба хонаи ин зан рафт, то аз зиндагии сангини ӯ қисса кунад.

Гирдбоди зиндагӣ

Холаи фотима дар як ҳавлии фарсуда ва дар шароити вазнин бо оилааш зиндагӣ мекунад. Духтараш Нилуфар 25 сол дорад ва бо 3 фарзанди хурдсоли худ ҳамроҳи модараш дар хонаи иҷоравӣ зиндагӣ мекунад. Писараш Улуғбек бошад, 12 сола буда, ҳоло дар синфи 4 -ум таҳсил мекунад. Шавҳари холаи Фотима, соли 2015 аз истеъмоли зиёди машрубот вафот кардааст. Пас аз вафоти шавҳар ӯро аз хонаашон меронанд.

“Мо бо оилаи чор бародари шавҳарам дар як ҳавлии хурди деҳаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекардем. Додаршӯёнам баъд аз вафоти шавҳарам маҷбур карданд, ки аз хона баромада равам”, – гуфт холаи Фотима бо чашмони пурнам.

Ӯ баъди аз хонаи худ ронда шудан, бо писараш ба ҳавлии яке аз сарватмандони деҳа бар ивази нигоҳубини замин ва гову мол кӯчид. Аммо бо дар миён омадани нофаҳмиҳо байни соҳибхона ӯ аз он ҷо меравад.

“Таваккал карда ба шаҳр омадам. Бо воситаи як шиносам хонаи иҷора бо нархи 300 сомонӣ пайдо кардам. Соҳибхона инсони хуб аст. Мо ҳамагӣ панҷ оила дар як ҳавлии иҷора меистем. Ҳамсояҳои дар ба дарам низ оилаҳои ниёзманданд. Пардохти барқу обро ба алоҳидагӣ месупорем. Ду хонаи хурди ҳавлӣ дар ихтиёри ману фарзандонам мебошад” – шарҳ медиҳад ӯ.

Тиҷорати партов

Аз сабаби оне, ки холаи Фотима ба нигоҳубини се набераи хурдсолаш машғул аст, наметавонад дар ҷое кор кунад. Аз ин рӯ, ҳамарӯза пас аз кор баргаштани духтараш ба кофтукови қуттиҳои партов мебарояд. Ҳар партове, ки қобили фурӯш бошад, хола онҳоро ҷамъ мекунад ва бурда мефурӯшад. Бо ҳамин кор ё пули иҷораашро ҷамъ мекунад ё маҳсулоти хӯрокворӣ мехарад.

Рӯзҳое мешавад, ки холаи Фотима чизе намехӯрад ва гурусна мегардад. Ба кӯдакон фақат як маҳал, хӯроки нисфирӯзӣ медиҳаду халос. Ӯ ҳар рӯз аз соати 15:30 то торикии шом, тамоми қуттиҳои партови шаҳрро мекобад ва зарфҳои пластикиву оҳанпора ҷамъоварӣ мекунад.

“Аз фурӯши инҳо баъзан расо 300 сомонӣ пули иҷора мебарояд. Мо дар ин гуна рӯзҳо кӯшиш мекунем, ки камтар хӯрок хӯрем. Баъзан партовҳои ҷамъовардаамро қариб ба 500 сомонӣ мефурӯшам, ки аз он метавонам ҳам пули иҷораро диҳам ва ҳам барои хӯроки якмоҳа маблағ ҷудо намоям.

Новобаста аз ин гоҳҳо маҷбур мешавам, ки тӯли чанд рӯз гурусна гардам. Ҳоло имконият надорам, ки бо кори дигаре машғул шавам. Нигоҳубини набераҳоям ба гардани ман аст”, – бо гиря нақл мекунад, холаи Фотима.

Ташнаи муҳаббат

Тавре холаи Фотима мегӯяд, ӯ аз рӯзи ба дунё омаданаш аз меҳру муҳаббат маҳрум буд. Овони тифлии холаи Фотима, волидонаш аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Модараш 1 духтару 4 писарро ба ҳамсараш партофта, дигар барнамегардад. Ӯ мегӯяд, ки боре модарашро надидааст. Падараш бошад, фарзандонашро ба Хонаи кӯдакони бепарастори №17 -и шаҳри Душанбе супорида, аз пайи зиндагии худ рафтааст. Хоҳар ва бародарони Фотимаро одамони саховатпеша ба фарзандӣ мегиранд. Ӯ дигар онҳоро низ намебинад.

“Солҳои охири зиндагиам дар Хонаи кӯдакони бепарастор ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Маро аз интернат ба хонаи бибии падариам гусел карданд. Бибиам аз тарс мани 15 соларо ба як ҷавони ҳамдеҳаи худ ба занӣ дод. Ҳамсарам сохтмончӣ буд. Пули ёфтагиашро ба хариди нӯшокиҳои спиртӣ сарф мекард. Ману фарзандонам бо хӯроку пӯшок таъмин набудем. Мушташ ҳамеша болои сарам буд. Вале чун касеву ҷое барои рафтан надоштам, то охир ба ҳама мушкилоту зӯроварӣ тоқат кардам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Холаи Фотима он замон низ маҷбуран худаш ба нигоҳубину таъмини фарзандонаш машғул буд. Барои ӯ дар шароити деҳот танҳо ба воя расонидани фарзандон хеле мушкил буд. Хола бар ивази маблағи ночиз гову моли ҳамсоягонашро нигоҳ мекард, то барои фарзандонаш нонпулӣ шавад. Шавҳараш бошад ҳар тангаи ёфтаашро ба майнӯшиву оворагардӣ сарф мекардааст.

Холаи Фотима мебинад, ки рӯз то рӯз фарзандон калон шудаву мушкилот зиёд шуда истодаанд, духтарашро аз маҷбурӣ дар синни 16 солагӣ ба шавҳар медиҳад. Аммо бахти духтар низ омад намекунад.

Такрори тақдир

Духтари қаҳрамони мо Нилуфар, баъд аз зиндагии панҷсола маҷбур гардид, ки бо ду писари хурдсол аз шавҳараш ҷудо шавад. Аниқтараш домоди холаи Фотима низ майзада мебарояд ва ҳатто як маротиба зиндонӣ низ мешавад. Сипас болои Нилуфар зани дигаре мегираду ӯро бо фарзандонаш аз хона пеш мекунад.

Нилуфар соли 2018 ба хотири парастории писаронаш бори дуюм бо марде аз шаҳри Ҳисор оиладор мешавад. Мутаасифона ин бор ҳам бахташ омад намекунад ва бо як писари ширхора назди модар бармегардад. Фотима сабаби  қисмати талхи духтарашро дар нодорӣ ва бекасии худ медонад.

“Аз ғами нагунбахтии духтарам ба бемории дил ва асаб дучор гардида, аз қобилияти шунавоии гӯши ростам маҳрум шудам. Худам рӯзи хуше надида будам, орзу мекардам, ки ягона духтарам хушбахт шавад, аммо афсӯс, ки тақдири ман дар ӯ такрор шуд”, – мегӯяд, холаи Фотима.

Нилуфар ҳоло дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода, ба ҳайси идоракунандаи дастгоҳи электронии қувваозмоӣ кор мекунад. Музди кории ӯ дар як рӯз 20 сомонӣ аст ва барои пешбурди зиндагӣ нокифоя. Писари калониаш 9 сола аст ва ҳоло дар синфи 2 -юм таҳсил мегирад. Писарони хурдии ӯ яке 7 ва  дигаре 2 сола мебошанд.

Писари 12 солаи холаи Фотима Улуғбек низ дар ҳамин боғ кор мекунад. Ӯ пас аз ба анҷом расидани дарсҳои мактаб, бо идора намудани мошинчаи электронии кӯдакона машғул мешавад. Дар нимрӯзи корӣ, соҳиби мошинча аз 5 то 15 сомонӣ маош пардохт мекунад. Улуғбек ҳаққи қорашро пурра ба модараш оварда медиҳад, то ягон маводи хӯрокворӣ бихарад.

Дар ҷустуҷӯи луқмаи ҳалол

Бо ин ҳама мушкилот холаи Фотима ҳеҷ гоҳ талбандагӣ намекунад ва аз касе кӯмак намегирад. Онҳо бо сахти зиндагӣ мекунанд, вале кӯшиш мекунанд, ки нонашонро бо ҳар роҳе худашон дарёфт кунанд.

Холаи Фотимаро одатан дар маҳаллаҳои наздик ба майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Турсунзода, вохӯрдан мумкин аст. Дар кӯчаҳо баъзе одамон ба ӯ нописандона менигаранд, ба аҳволаш механданд, аз пушташ дағалгуфторӣ мекунанд, лекин ӯ кӯшиш менамояд, ки ба онҳо аҳамият надиҳад. Барои дарёфти ризқи ҳалоли худ корашро идома медиҳад.

“Ҳар нафар кори маро ҳар гунае мехоҳад қабул кунад, ман ба касе коре надорам ва дуздиву ғарӣ низ намекунам. Танҳо коре, ки аз дастам меояд ҳамонро мекунам, то музди ҳалоле ба даст биёрам”, – мегӯяд, холаи Фотима.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
4
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend