fbpx

6 медали велосипедронони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Суратгузориш аз рӯзи охирони мусобиқа.


0

Аз 25 то 30 – юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор шуд. Рӯзи 30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионат, ҷамъбаст шуд. Дар рӯзи охирин  велосипедронони  тоҷик соҳиби 6 медал 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ гардиданд.

Муаллифи Your.tj ба ин мусобиқа рафт ва аз рафти он суратгузориш омода намуд.

Дар рӯзи охири мусобиқа устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд.

Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор шуда, дар он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ғолиб шуданд.

Аз Тоҷикистон байни синнусоли аз 35 то 39 солаҳо, Беҳзод Ҳакимов ҷои сеюм, байни синну соли 40 – 44 сола, Ромин Худоиев ҷои дуввум, байни 45 – 49 солаҳо Александр Игонин ҷои аввал ва Баҳриддин Исомиддинов ҷои дуввум, байни 50 – 99 солаҳо Павел Салимов ҷои сеюм ва миёни даставӣ ва устодон варзишгарони тоҷик зинаи сеюмро касб карданд.

 

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend