Дар ноҳияи Ҷайҳун оилаи Бердиевҳо наздики 30 сол аст, ки ба хушконидани меваи зардолуву олуболу ва себу хурмо машғул аст. Онҳо чанде пеш дар хонаашон коргоҳи коркарди меваву сабзавотро таъсис доданд.
Чанде пеш узви фаъоли инхонавода Адолат Беридева аз рӯи гранти бебозгашти лоиҳаи USAID соҳиби таҷҳизоти коркарди меваю сабзавот шуд. Муаллифи Your.tj ба хонаи ӯ меҳмон шуда, оид ба роҳу усули мевахушконӣ суҳбат кард.
Мевахушконӣ – кори дӯстдошта
Адолат Бердиева 4-уми феврали соли 1958 дар собиқ колхози “Победа”-и ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст. Аслан, оилаи онҳо баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) мекӯчад. Адолат шурӯъ аз замони мактабхонӣ корҳои колхозро ёд мегирад.
“Дар вақти мактабхонӣ низ ба модар ёрӣ медодам. Ёд дорам, ки он вақт низ зардолу хушк мекардем. Аммо он замон мисли имрӯза техникаи хуби хушк кардани зардолуро намедонистем. Дар он замон бештари зардолуҳо зери офтоби сӯзон бисёр меистоду сип-сиёҳ мешуд. Ман пас аз хатми мактаб низ пурра ба кори колхоз гузаштам. Дар ҳамин ҷо бо ҳамсари ояндаам – Эрмат Беридев вохӯрдам. Оилаи онҳо низ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара омада буданд. Ҳамин тариқ, мо якдигарро хуб шинохтем ва оиладор шудем”, – мегӯяд Адолат.
Онҳо аз зиндагии якҷоя соҳиби 7 фарзанд ва 27 набера шуданд.
Адолат Бердиева мо – хабарнигоронро дар коргоҳи коркарди меваю сабзавот, ки дар қисми ғарбии ҳавлиаш ҷойгир аст, тамошо дод. Тавре мушоҳида кардем, қаҳрамони мо қатъи назар аз синну сол чаққону хастанопазир аст. Барои он ки мо аз ғулингҳои хуштаъм даҳон ширин кунем, давон-давон ба анбор рафт ва бастаи зардолуеро оварду бо мулоимат муроот кард.
“Пеш аз сар кардани дилхоҳ кор ханда карданро фаромӯш накунед. Бовар кунед, некибинӣ ва хандаи беғаш ҳама вақт пеши роҳи инсонро кушода мекунад”, – бовар дорад, холаи Адолат.
Оғози кори мевахушконӣ
Дар аввал қаҳрамони мо бо аҳли оила меваҳоро дастӣ хушк мекарданд. Дар як мавсим онҳо аз ин кор 20-25 ҳазор сомонӣ фоида медиданд. Бо ин пул ҳамаи ниёзҳои хонаводаро бароварда мекарданд, аз ҷумла, орду равған ва либосвориро аз ин ҳисоб мехариданд.
Баъда аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва камдаромад гаштани кори колхоз Адолату ҳамсараш қарор карданд, ки ба хушконидани меваву сабзавот оғоз мекунанд.
“Солҳои аввал ба назди хешовандон, ки Исфара кору зиндагӣ доранд, мерафтем. Онҳо ба мо роҳҳои дурусти хушк кардани зардолу ва дигар сабзавотро ёд медоданд. Бо даъвати мо онҳо ҳам ба Қумсангир – хонаи мо меомаданд. Ҳамин тавр, таҷрибаи хушк кардани зардолую олуболу ва себу хурморо то андозае ёд гирифтем”,- мегӯяд, Адолат Бердиева.
Баъд аз насби дастгоҳҳо кор осон шуд
Чанде пеш холаи Адолат ва ҳамсараш Эрмат –амак барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро рафта буданд. Онҳо имсол аз ҷониби лоиҳаи USAID гранти бебогашт гарифта, ба маблағи 130 ҳазор доллари амрикоӣ аз Амрикою Туркия 12 номгӯи таҷҳизоти коркарди меваю сабзавот дастрас карданд. Инак, ба ғайр аз оилаи Бердиевҳо боз дар коргоҳ 10 нафари дигар аз ҳисоби ҳамсояҳо соҳиби ҷойи кор мешаванд.
“Хушбахтона, соҳиби грант шудем. Акнун, сифати маҳсулот баландтар мешаваду кор осонтар. Интизор аст, ки шавҳарам барои омӯзиш ба наздикӣ ба Туркия раванд. Техникае, ки мо дастрас кардем, аз чанд ҷиҳат корро осон кард. Дар хати истеҳсолие, ки дастгоҳҳоро насб кардем, ҳамаи кор бе зоеъи вақти зиёд иҷро мешавад”, – мегӯяд Адолатхола .
Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи хушккунак дар мобайни 8 соати корӣ 1 тона меваро хушк мекунад. Дастгоҳи бандубаст бо фармони онҳо аз 200 грамм, то бастаҳои 2 кг – ро банду баст мекунад.
Барои коркард меваҷотро аз куҷо мегиранд?
Холаи Адолат Бердиева меваҳоро аз боғпарвароне, ки боғ доранд, мехарад. Дар он боғҳое, ки мевааш харида мешавад, бо 2 тарз чиниши мева сурат мегирад. Мевачинон болои нардбон баромада мева мечинанд, ё чодар дошта онро меафшонанд. Онҳо ба ҳар як қуттие, ки зардолу мечинанд, 1 сомонӣ музд мегиранд ва ҳаракат мекунанд, ки ҳосил ба замин наафтад.
“Бо дастгоҳ меваҳоро мешӯем, ба қуттиҳои махсус чида мехушконем ва ахиран ҳосил давоми 8 соат даруни сулфур меистад. Хуллас, маҳсулот дар давоми 8 рӯз пурра хушк мешавад. Ҳосили тайёршударо бандубаст карда ба анбори махсус мемонем. Нархи 1 кг навъҳои зардолуи хушккардашуда аз 10 сомонӣ, то 70 сомонӣ рафта мерасад”, – мегӯяд ӯ.
То мавсими имсола маҳсулоти тайёрро аз хонаи Бердиевҳо омада мехариданд. Ниҳоят, имсол онҳо ният доранд, ки маҳсулоти тайёршударо худ ба хориҷи кишвар содир кунанд. Вақте кашиши бозор меафзояд, ҳаҷми маҳсулоти тайёрро ҳам зиёд карданианд.
“Тоҷикистон – кони пул”
Холаи Адолат 27 набера дорад. Ба ӯ ва ҳамсараш набераҳо, 3 писар ва келину духтарон ёрӣ медиҳанд. Кори оилавии онҳо сабаб шуду оилаи духтари холаи Адолат ва чанде аз ҳамсояҳо низ ба хушкондани меваҷоту сабзавот оғоз карданд.
“Агар зану шавҳари ҷавон ба як фикр оянду дар деҳаи худ кор кунанд, ризқу рӯзӣ меёбанд. Кор нест, пул нест баҳонаи танбалхӯчаҳост. Тоҷикистон – кони пул аст. Аз таҳи дил кор кунӣ, пул меёбӣ”, – некбинона мегӯяд, Адолат Беридева.
Файзуллохон Обидов
Душанбе – Ҷайҳун, Душанбе