fbpx

Тақдими мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем.


0
Акс аз Хадамоти матбуоти президент

Пешниҳоди ПСР-тест зимни вуруд бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон боз ҳатмӣ шуд

Пешниҳоди ПСР-тест (маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19) ё гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ боз ҳатмӣ шуд. Бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар ин бора қарор қабул кард.

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.

Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон амниятро баррасӣ кардаанд

Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода масоили муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Раҳимзода гуфтааст, хатари созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон боқист.

Сафир Абдилдаев рӯзи 22-юми август ҳамчунин бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ мулоқот ва ояндаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, масоили наздимарзӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ кард.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марз доранд ва бахше аз он номуайян аст. Гоҳ-гоҳ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша дар сар задани он ҳамдигарро айбдор мекунанд.

Тақдими мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ аз ҷониби президент

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 25 август дар Қасри миллат ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.

Қабл аз тақдими мукофоту ҷоизаҳо президент ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҳиссаи ҳар яки онҳоро дар рушду ободии кишвар муассир ва арзанда баҳо дод.

Бинбар иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат беш аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 11 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 82 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, 2 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шаванд.

Дар маросими мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 14 нафар сарфароз карда шуданд.

Муноқишаи тоҷикон дар вилояти Маскав: 2 кас бистарӣ шуд

Муноқишаи лафзӣ назди як қаҳвахона дар шаҳраки Измайловои вилояти Маскав байни гуруҳи мардон ба ҷанҷолу занозанӣ бадал шуда, бар асари он 2 нафар осеб диданд.

“Пешакӣ муайян карда шудааст, ки муноқишаи лафзӣ байни гуруҳи шаҳрвандон назди қаҳвахона дар шаҳраки Измайлово ба вуқӯъ пайваста, сипас онҳо ба берун мебароянд ва ҷанҷолу занозанӣ мекунанд. Дар натиҷа 2 нафар мардони синни 29 ва 33-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба муассисаи тиббӣ бурда шудаанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории ТАСС изҳор намудаанд, ки ҷанҷолу занозанӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода, дар он зиёда аз 10 нафар иштирок кардаанд.

Дар Сарраёсати ВКД илова намудаанд, ки барои таҳқиқи минбаъдаи ҳодиса як ҷавони 19-солаи қаблан маҳкумшуда ба шуъбаи пулис оварда шуда, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

“Айни замон барои муайн кардан ва боздошти боқимонда иштирокчиёни муноқишаву занозанӣ тадбирҳо андешида мешаванд”, – гуфтаанд дар Сарраёсати ВКД.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend