fbpx

 Осори адибони тоҷикро кӣ ба “Play Market” ҷой мекунад?

Муҳаммад то имрӯз зиёда аз 25 барномаи гуногун бо фарогирии  бахшҳои садоиву матнӣ таҳия кардааст, ки ҳамааш дар пойгоҳи “Play Market”  дар “Donish Apps” дастраси истифодабарандагон аст.


-1
-1 points

Чанд вақти охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон дар бораи ба шакли барномаҳои телефонӣ даровардани китобҳои адибону олимон мечархад. Ташаббускори ин пешниҳод Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ аст, ки аллакай чандин китобҳои чопиро ба шакли барномаи мобилии “Android” даровардааст. Ҳоло ӯ болои асарҳои “Маснавии маънавӣ”, “Гулистон” ва “Шоҳнома” кор карда истодааст.

Муаллифи Your.tj бо ин ҷавон ҳамсуҳбат шуд ва фаҳмид, ки чӣ ӯро ба ин кор водор намуд.

Барномасози худомӯз

Муҳаммад ҳоло дар курси сеюми ихтисоси кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ таҳсил дорад. Ӯ дар деҳаи Арбобхотуни атрофи шаҳри душанбе соли 2002 ба дунё омада, мактаби рақами 172 – и ноҳияи Рӯдакиро хатм кардааст. Аз рӯи шавқу ҳавас Муҳаммад ба таври худомӯзӣ барномасозиро азхуд кардааст.

“Барномасози касбӣ нестам, чун ҷойе аз рӯи ин пеша дарс нагирифтаам. Худам аз рӯи шавқу ҳавас мустақилона омӯхтам. Аслан китобҳои бобоям маро бештар  такон доданд. Чун мехостам онҳоро аз шакли чопӣ ба барномаҳои телефонӣ баргардонам.

 

Бо барномасозони касбӣ дӯстиву ҳамкорӣ пайдо кардам. Ҳоло яке аз наздиктарин дӯстонам Ёқубҷон Шоҳимардонов, ки дар ин самт таҷрибаи зиёд дорам ҳамкорӣ мекунам. Ӯ ба ман дар бисёр корҳо кӯмак кардааст ва ҳамеша чизҳои нофаҳморо аз ӯ мепурсам”, – мегӯяд ӯ.

Осори бузургон дар шакли барномаҳои мобилӣ

Муҳаммад то имрӯз зиёда аз 25 барномаи гуногун бо фарогирии  бахшҳои садоиву матнӣ таҳия кардааст, ки ҳамааш дар пойгоҳи “Play Market”  дар “Donish Apps” дастраси истифодабарандагон аст.

““Бӯстон” – и Саъдии Шерозӣ, “Чаҳор китоб”, “Масъулияти падару модар”, “Ашъори Сафармуҳаммад Аюбӣ” аз қабили китобҳое ҳастанд, ки дар шакли барномаи мобилии сохтаам ва ҳар яки онҳоро то 10 ҳазор нафар боргирӣ кардаанд.

Ин шумора рӯз аз рӯз меафзояд ва ба  ман илҳоми тоза мебахшад. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ва барномасозӣ дар YouTube канал (Vasiyat TV) ҳам дорам, ки видеоиҳои тарбиявӣ ва панду андарзи бузургони илму адаби тоҷикро он ҷо нашр мекунам”, – илова кард ҳамсуҳбати мо.

Муҳаммад омода аст, китобҳоро мувофиқ ба фармоиш ба шакли барнома дароварда, дар сомонаи худаш “Donish Apps” дар пойгоҳи “Play Market” (пойгоҳи интернетии барномаҳои телефонӣ) ҷой диҳад. Дар ин ҳолат дастрасӣ ба китобҳо осон гардида ҳаводорони илму дониш онро аз тамоми дунё метавонанд дастрас намоянд.

Муҳаммад аксари китобҳоеро, ки барномарезӣ мекунад, худаш аз мағоза мехарад.

“Дар хазинаи китобҳо ба воя расидам ва бинобар ин харидани китоб бароям рӯҳияи дигар мебахшад. Бар замми ин кӯшиш мекунам, ки барои ба барнома ворид кардани китоб ҳарчи бештар онро калима ба калима дар компютер рӯбардор кунам”, – қайд кард ӯ.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ба “Play Market” ворид кардани барнома ройгон аст, танҳо дар аввал барои сохтани сомона маблағ мепурсад. Дигар сарфу хароҷот ҳангоми барномасозӣ барои тарофаҳои интернетӣ аст.

“Ҳоло дар болои осори бузургонамон ба мисли “Гулистон” – и Саъдӣ, “Шоҳнома” – и Фирдавӣ ва “Маснавӣ” – и Румӣ кор карда истодаам. Дар фурсати наздиктарин барномаҳои онҳоро низ ба ҳамагон пешкаш мекунам”, – гуфт аз нақшаҳои ояндааш Муҳаммад.

Дониши ҳамаҷониба бурди барномасоз аст

Барномасози ҷавон асосан аз забонҳои барномарезии “Java” ва “Kotlin” истифода мебарад. Зеро барояш қулай ҳастанд.

“Барномасоз бояд дар баробари технологияҳои компютерӣ огоҳ будан аз забону адабиёт, таъриху фарҳанг ва дигар илмҳои  замон низ шарт ва зарур аст. Мутаассифона, имрӯз мо чунин мутахассис кам дорем ва аз ҳамин сабаб барномаҳои тоҷикӣ бо сифати хуб дар пойгоҳҳои интернетӣ хеле камёбанд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Машқи қалам

Муҳаммад дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст ва барояш ҳангоми таҳияи барномаҳо таҳлили имлоиву грамматикӣ мушкил нест. Ҳатто худаш ҳам табъи шоирӣ дорад ва шеър эҷод мекунад.

“Китобҳоро барои барнома сохтан мустақилона таҳрир мекунам. То ҳол мушкилие нашуд. Шеърҳои маро бошад, устод Рустам Ваҳҳобзода таҳрир мекунанд ва маслиҳатҳо медиҳанд. Ният дорам, ки дар рӯзҳои наздик ҷамъи шеърҳоямро ба шакли як китобча нашр кунам”, – қайд кард ӯ. Мавзӯъ ва мӯҳтавои ашъори шоири навқалам ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, сулҳу оромӣ, қадри волидон ва худогоҳию худошиносиро дар бар мегирад.

Китобҳои чопӣ беҳтаранд, вале…

Бо вуҷуди он ки Муҳаммад мехоҳад ҳарчи бештар осори бузургонро ба шакли барномаҳои мобилӣ дарорад, вале хондани китобҳои чопиро афзал медонад.

“Ман шахсан тарафдори онам, ки бештар аз китобҳои чопӣ истифода барем. Зеро онҳо ба саломатӣ безараранд ва ҳангоми хондан диққати мо дар як ҷо ҷамъ мешавад.

Вале имрӯз чун технологияҳои нав босуръат тараққӣ карда итодаанд, мо маҷбурем, ки аз барномаҳои телефонӣ ва китобҳои электронӣ истифода барем. Дуруст аст, ки ин тарз хеле қулай аст, вале китобҳои анъанавиро набояд фаромӯш кард. Имрӯз як сабаби асосии аз китобҳои чопӣ дур шудани мо нархҳои қимати онҳо дар мағозаву бозорҳо аст”, – изҳори таассуф кард ӯ.

Муҳаммад дар баробари ҳамаи ин донандаи хати форсӣ аст. Ин  барояш имкон медиҳад, ки намунаҳои беҳтарини адабиёти классикиро дар шакли аслияш ба барномаҳои мобилӣ табдил диҳад. Ӯ оянда ҳамаи истеъдодашро дар самти рушди адабиёту фарҳанги тоҷикӣ сарф кардан мехоҳад.

Шодмон КЕНҶАЕВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend