fbpx

Сурхакони маймун – “хатари нав”. Ин чӣ гуна беморӣ аст ва шахс чӣ тавр гирифтори он мешавад?

Дар Тоҷикистон айни ҳол ягон маври гирифторӣ ба сурхакони маймун ба қайд гирифта наушдааст.


3
3 points
Фото aussiedlerbote.de

Пас аз пандемияи коронавирус ва нооромиҳо дар ҷаҳон боз як хатари нав пайдо шуд. Ин вируси сурхакони маймун аст, ки алакай дар 16 кишвар ҷаҳон паҳн шудааст. Ин бемори аз одам ба одам тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Дар Аврупо бештари ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирусро дар ҳамҷинсароён муаян кардаан. Оё сурхакони маймун  низ ба пандемия мубадал мешавад, аломатҳои он кадомҳоянд ва одам чӣ гуна ба ин вирус сироят меёбад дар маводи мо бихонед.

То кунун зиёда аз 100 мавриди гирифторӣ ба вирус дар Белгия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Португалия, Испания, Шветсия, Шотландия, Дания, Ҳолланд ва Бритониё тасдиқ шудаанд ё дар ҳоли баррасӣ ҳастанд. Чанд мавриди гирифторӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Австралия низ сабт шудаанд.

Сурхакони маймун то имрӯз дар ягонто аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба қайд гирифта нашудааст аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Сурхакони маймун чӣ гуна бемори аст?

Сурхакони маймун як бемории сироятист, ки аз одам ба одам мегузарад. Он, дар байни дигар аломатҳо, дар шакли доғ – блистерҳои ранги сиёҳ, ки бо моеъ пур шудаанд, зоҳир мешавад. Дар гузашта ва то ҳол ягон маводе барои тавлиди масуният бар зидди ин бемории пайдо нашудааст, он дар саросари ҷаҳон паҳн шуда буд. Сурхакони маймун як бемории мавсимӣ ҳисобида мешуд, зеро дар зимистон ва аввали баҳор шумораи беморон зиёд мешуд.

Ин вирус бори аввал дар соли 1958 дар маймунҳо пайдо шудааст. Номаш ҳам аз ҳамин ҷост, гарчанде ки хояндаҳо ҳоло манбаи асосии интиқоли вирус ҳисобида мешаванд.

Ин бемориро асосан дар Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ вохӯрдан мумкин. Вале он баъзан дар кишварҳои дигар низ паҳн мешавад.

Вируси сурхакони маймун

Аломатҳои сурхакони маймун?

Табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, васеъшавии гиреҳҳои лимфа ва хастагӣ аз аломатҳои бемории сурхакони маймун мебошанд.

Ҳангоми ин беморӣ дар бештари маврид обилаҳо пайдо мешаванд, ки дар рӯй оғоз шуда, баъд ба дигар узвҳои бадан, аз ҷумла узвҳои таносул паҳн мешавад.

Обилаҳо марҳилаҳои гуногунро аз сар мегузаронад ва пеш аз он ки дар ниҳоят пӯси нав ба вуҷуд ояд, метавонад ба бемории мурғ ё сифилис монанд бошад. Бо мурури замон он тадриҷан нест мешавад ва аз ҳамон лаҳза бемор дигар сирояткунанда ҳисобида намешавад.

Давраи инкубатсионӣ одатан аз 6 то 16 рӯз ва баъзан то 21 рӯз аст.

Шахси солим чӣ гуна ба ин беморӣ сироят меёбад?

Сироят одатан тавассути тамоси зич бо ҳайвоноти интиқолдиҳанда ё тамоси хеле наздик бо шахси сироятшуда рух медиҳад. Хатари интиқол ҳангоми алоқаи ҷинсӣ хеле баланд ва дар ҳама ҳолатҳои дигар кам ҳисобида мешавад.

Интиқоли бемории сурхакони маймун дар байни одамон асосан тавассути қатраҳои ҳаво ё тавассути моеъҳо (нутфа (сперма), оби даҳон) ба амал меояд. Азбаски қатраҳо ба масофаҳои дур паҳн шуда наметавонанд, қисми асосии сироятҳо ҳангоми тамоси наздики шахс бо шахси аллакай бемор рух медиҳанд.

Тавре расонаҳо менависанд дар пойтахти Испания шаҳри Мадрид ҳамчун макони асосии сироятёбии сурхакони маймун, як ҳамоми ҳамҷинсгароёнро муаян карданд. Тибқи маълумотҳо аз 30 ҳолати гирифторӣ ба сурхакони маймун дар ин кишвар 24-тоаш дар муассисае рух додааст, ки дар миёни мардуми маҳаллӣ ҳамчун саунаи ҳамҷинсгароён маъруф аст.

Агар ин беморӣ куҳна бошад, чаро яку якбора сироятёбӣ ба он авҷ гирифт?

Тавре Созмони  тандурустии ҷаҳонӣ шарҳ медиҳад, як сабаби эҳтимолии афзоиши сурхакони маймун, зиёд шудани сафарҳо бо сабаби лағви маҳдудиятҳои COVID-19 мебошад.

Олимон интизор надоранд, ки “сурхакони маймун” ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо “зуду осон паҳн намешавад”.

Вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, мавридҳои ахир ғайриоддӣ буданд, зеро шахсони бемор ба минтақаҳое, ки “сурхакони маймун” дар онҷо эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) аст, сафар надоштанд.

Акс: Рейтерс

Оё сурхакони маймун табобатшаванда аст?

Бемории сурхакони маймун аз одам ба одам ба осонӣ интиқол намеёбад. Тибқи иттилои Хадамоти тандурустии Бритониё, беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари одамон дар тӯли чанд ҳафта шифо меёбанд.

Гарчанде, ки ваксинаи махсус аз бемории сурхакони маймун вуҷуд надорад, дар як қатор кишварҳо ваксина барои пешгирии сироят аз сурхакони одиро захира мекунанд, ки тақрибан 85% дар пешгирии сироятбӣ ба сурхакони маймун кӯмак мекунад, зеро ин ду вирус ба ҳам монанданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
4
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend