Starlink расман дар Тоҷикистон дастрас шуд: арзиш ва тарзи пайвастшавӣ чӣ гуна аст?

Интернети баландсуръати моҳвораии Starlink-и ширкати SpaceX ҳоло расман дар Тоҷикистон фаъол аст. Дар бораи дастрас шудани ин хизматрасонӣ дар Тоҷикистон Илон Маск ва саҳифаи расмии Starlink дар шабакаи иҷтимоии X хабар доданд.

Ин маънои онро дорад, ки сокинони ҷумҳурӣ бори аввал метавонанд мустақиман, бидуни вобастагӣ ба провайдерҳои заминӣ ва инфрасохтори кабелӣ, аз интернети моҳвораӣ истифода баранд.

Starlink чист?

Starlink низоми глобалии моҳвораӣ мебошад, ки онро ширкати SpaceX таҳия кардааст. Ин шабака аз ҳазорон моҳвораҳои мадорашон паст иборат аст, ки дастрасӣ ба интернетро қариб дар ҳама нуқтаи ҷаҳон таъмин мекунанд. Бар хилофи провайдерҳои анъанавӣ, Starlink аз хатҳои нахи оптикӣ ва манораҳои алоқа вобаста нест. Барои пайвастшавӣ танҳо терминали махсус ва дастрасӣ ба осмони кушод лозим аст.

Ба гуфтаи ширкат, Starlink интернети баландсуръатро бо таъхири кам ва пайвасти устувор таъмин мекунад. Вақти миёнаи кор бидуни қатъи хизматрасонӣ зиёда аз 99,9 фоизро ташкил медиҳад. Таҷҳизот метавонад дар шароити душвори обу ҳаво борони сахт, шамол ва ҳатто барф кор кунад.

Starlink чӣ гуна ба Тоҷикистон омад?

Музокирот оид ба роҳандозии Starlink дар Тоҷикистон дар давоми соли 2025 идома дошт. Моҳи октябри соли гузашта дар форуми байналмилалии сармоягузории Dushanbe Invest–2025 байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати SpaceX созишномаи иҷозатномавӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат имкон дод, ки шабакаи Starlink дар қаламрави ҷумҳурӣ расман роҳандозӣ шавад.

Интизор меравад, ки интернети моҳвораӣ ба таъмини алоқа дар минтақаҳои кӯҳистонии дурдаст, ки дар онҳо телекоммуникатсияи анъанавӣ дастрас нест ё ноустувор кор мекунад, мусоидат кунад.

Дар Тоҷикистон ба Starlink чӣ гуна пайваст шудан мумкин аст?

Раванди пайвастшавӣ нисбатан сода аст. Лозим аст маҷмуи таҷҳизоти Starlink — терминали моҳвораӣ бо антенна ва модем харидорӣ карда шавад. Таҷҳизотро метавон тавассути сомонаи расмии ширкат, бо ворид кардани суроға фармоиш дод.

Дастгоҳро бояд дар ҷойе насб кард, ки осмон хуб намоён бошад. Хизматрасониро тавассути сомонаи расмии Starlink фаъол намуда, обунаро расмӣ кардан лозим аст.

Дар платформаҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Somon.tj, аллакай эълонҳо оид ба фурӯш ва насби пурраи таҷҳизоти Starlink пайдо шудаанд. Арзиши таҷҳизоте, ки аллакай дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад, аз 6000 то 14 000 сомонӣ аст. Нархи баландтарин барои таҷҳизоте мебошад, ки гӯё аз ИМА оварда шудааст. Ба гуфтаи фурӯшандагон, маҷмуи истеҳсоли Дубай 6 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

Арзиши пайвастшавӣ ба Starlink дар Тоҷикистон

Тибқи пешниҳодҳои кунунии бозор, арзиши тахминии пайвастшавӣ чунин аст:

  • маҷмӯи таҷҳизот бо таҳвил (доставка) — тақрибан 2 700 сомонӣ;
  • шакли mini — 2 200 сомонӣ;
  • таҳвил — тақрибан 250 сомонӣ;
  • ҳаққи моҳонаи обуна — 1 100 сомонӣ.

Пардохти аввал барои як моҳ ҳангоми фаъолсозии хизматрасонӣ ё баъд аз 30 рӯз пас аз таҳвили таҷҳизот (вобаста ба он ки кадомаш зудтар мерасад) гирифта мешавад.

Арзиши интернети моҳвораӣ дар кишварҳои дигар

Ин хизматрасонӣ дар Қазоқистон аз соли 2025 фаъол аст. Ҳаққи моҳонаи обуна дар он ҷо тақрибан 23–31 ҳазор танга (тақрибан 40–60 доллар) мебошад. Арзиши маҷмуи стандартии таҷҳизот тақрибан 200 ҳазор танга (каме бештар аз 400 доллар) аст.

Дар Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон роҳандозии Starlink дар давоми соли 2026 дар назар аст. Ҳоло хизматрасонӣ расман фаъол нест, аммо ширкатҳо аллакай нақшаҳои густаришро эълон кардаанд.

Дар миқёси ҷаҳон, нархи стандартии Starlink ба ҳисоби миёна тақрибан 99 доллар дар як моҳ ва маҷмуи таҷҳизот тақрибан 499 долларро ташкил медиҳад.

Starlink барои кӣ махсусан муфид аст

Интернети моҳвораӣ метавонад барои гурӯҳҳои зерин роҳи ҳалли муфид бошад:

  • сокинони минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон, ки интернети устувор надоранд;
  • тиҷорати хурд дар минтақаҳо;
  • мактабҳо, беморхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар ҷойҳои дурдаст;
  • онҳое, ки ба шабакаи эҳтиётии алоқа дар ҳолати қатъ шудани провайдерҳои маъмул ниёз доранд.

Бо шарофати Starlink, корбарон имкони гирифтани интернети устуворро, новобаста аз инфрасохтори заминӣ пайдо мекунанд.

Skip to toolbar