fbpx

Соли барориши мошинҳои воридотӣ тариқи ташхиси техникӣ муайян карда мешавад

Барои пешгирии кочоқи воридоти автомашинаҳои кӯҳна сардори Хадамоти гумрук бо вазири корҳои дохилӣ фармоиши махсус содир намудаанд.


0
Мошинбозори Душанбе

Дар нимсолаи аввали соли равон 10 ҳолати қочоқи воситаҳои нақлиёти кӯҳна бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба мақомоти прокуратура ирсол карда шудааст.

Дар ин бора Хуршед Каримзода сардори Хадамоти гумрук зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“То ин давра воридоти нақлиёти бароришашон то соли 2005 манъ буд, вале шаҳрвандони алоҳида бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо кӯшиш мекарданд, ки мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон ворид кунанд”,- қайд кард ӯ.

Каримзода ҳамчунин гуфт, ки қарори манъи воридоти худравҳои сохташон то соли 2013 аз 2-юми октябри соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Ба таъкиди ӯ дар зарфи 6 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 36 ҳазор автомашинаҳои сохти то соли 2013 ворид карда шуд. Дар ҳамин давраи соли 2022 ин шумора беш аз 45 ҳазор  ва соли 2021 зиёда аз 27 ҳазорро ташкил додааст.

Сардори Хадамоти гумрук гуфт, барои пешгирии кочоқи воридоти автомашинаҳои кӯҳна ҳамроҳ бо вазири корҳои дохилӣ фармоиши махсус содир намудаанд.

“Мо дар якҷоягӣ бо вазири корҳои дохилӣ оид ба ташхиси техникии ҳатмии мошинҳои воридшаванда фармоиши якҷоя ба имзо расонидем. Тибқи фармоиш, пеш аз бақайдгирӣ мошинҳои воридотӣ аз ҷониби мутахассисони БДА ҳатман аз ташхиси техникӣ гузаронида шуда, соли барориши онҳо муайян карда мешавад”,- шарҳ дод Каримзода.

Қарори манъи воридоти худравҳои сохташон то соли 2013 ба ҳудуди Тоҷикистон  2-юми август ба тасвиб расид. Сабаби аслии ин қарорро барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ва коҳиши ҳаҷми партовҳои зарарнок ба атмосфера унвон доданд.

Хуршед Каримзода гуфт, қарори қабулкардаи ҳукумат дуруст ва саривақтӣ аст.

Ба ивази автомашинаҳое, ки муҳлати хидматашон ба охир расидааст, Тоҷикистон воридоти навъҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза – электромобилҳоро тарғибу ташвиқ  мекунад. Дар давраи аз моҳи январ то июни соли 2023 ба Тоҷикистон 709 электромобил ворид шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, шумори умумии онҳо дар ҷумҳурӣ аллакай ба зиёда аз 1,4 ҳазор адад расидааст. Тоҷикистон барои воридкунандагони электромобилҳо имтиёзҳо, аз ҷумла озод будан аз пардохти боҷи гумуркиро пешнҳод намудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ният доранд, ки солҳои наздик ҳиссаи онҳоро дар кишвар то 20-30% аз шумори умумии нақлиёти сабукрав расонанд. Ин ҳадафҳо дар Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ зикр шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend