Рӯзи шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 2000-ум таҷлил мешавад. Баъди аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани фармон “Дар бораи рушди минбаъдаи жанри шашмақом дар Тоҷикистон”, 12-уми май ҳамчун рӯзи ин жанри мусиқии суннатии тоҷикӣ эълон шуд.
Имрӯз мо дар бораи бонуи шамақомсаро Луҳира Муъминова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки дар ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, нақл мекунем.
Пинҳонӣ аз падар. Оғози роҳ ба дунёи шашмақом
Луҳира дар муҳити хонавода ба дунёи мусиқии суннатӣ ворид шуд. Падараш аз дӯстдорони санъати мусиқии ниёгон буд. Ӯ бо сози тор ҳангоми тамринаш дар хона сурудҳои классикиро замзама мекард. Ҳамин буд, ки муҳаббат ва завқи сарояндагӣ дар дили қаҳрамони мо маъво гирифт.
Падар дар симои Луҳира идомадиҳандаи ҳунарашро медид ва мехост духтараш ин роҳро пеша кунад. Вале бо маслиҳати яке аз дӯстонаш хост Луҳира баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишкадаи киноматографияи шаҳри Маскав идома дода, ҳунарпешаи театр ва синамо гардад.
“Ман бошам, дар дил меҳри сарояндагӣ, хоса шашмақомсароӣ соли 1988 роҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро пеш гирифтам. Пинҳонӣ аз падар шуъбаи мусиқии суннатии шарқро интихоб намудам.
Чун имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло супоридам, падарам аз ин муваффақиятам огоҳ шуда, бароям дуои нек дод. Имрӯз дар дунёи овозхонӣ ба ҳар дараҷае расидам, ин хидмату ормонҳои падарам мебошад”,- нақл кард Луҳира Муъминова.
“Шуҳрат бартарӣ надорад”
Оилае, ки дар он қаҳрамони мо ба воя расидааст, ҳама аз аҳли ҳунаранд. Бародари қаҳрамони мо аз зумраи навозандагони бомаҳорати созҳои зарбӣ дар зодгоҳашон шаҳри Конибодом мебошад. Худи Луҳира ба ғайр аз овозхонӣ, инчунин дар навохтани созҳои миллӣ аз қабили рубобу доира ва аз созҳои аврупоӣ фортепиано маҳорати хуб дорад.
Ӯ дар нахустин баромади худ ҳамчун овозхон дар озмуни ҷумҳуриявии “Ғунчаҳои санъат” дар шаҳри Хуҷанд таронаи “Ватан” (шеъри Б.Собир)-ро иҷро карда, ба даври финалӣ роҳхат мегирад.
Луҳира мегӯяд, ки он вақт тарсу ҳароси саҳна аз вуҷудаш дур буд ва ҳунари овозхониашро ҳакамон пазироӣ карданд.
“Ҳар як эроди шунавандагон ё бинандагонро, ки созанда аст қабул мекунам. Шуҳрат ҳеч бартарие надорад, танҳо ҳунари асил метавонад касро ба дуриҳои дур бибарад”,- зикр дошт мусоҳибамон.
Аз таҷрибаи устодони мақомсаро то эҷоди сурудҳои дилчасп
Луҳира танҳо баъди хатми мактаби миёна ба пойтахт барои идомаи таҳсил меояд. Барои як духтари деҳотӣ он вақтҳо дар шаҳри бегона зиндагӣ кардан душвор буд, мегӯяд ӯ. Лекин орзуву мақсадҳои дар дил буда, қаҳрамони моро ҷасуртар мекарданд то ба мушкилиҳо истодагарӣ карда тавонад.
“Дилам барои зодгоҳам гум мезад ва волидону хонаводаамро пазмон мешудам. Аммо пайдо намудани дӯстони нав дар ин шаҳри орзуҳо ва нанги рустоӣ маро водор мекард, ки роҳамро идома диҳам ва ба орзуҳои дилам бирасам”,- афзуд бонуи шашмақомсаро.
Замоне ки Луҳира ба ансамбли “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов ба кор меояд, дар он устодони варзидаи шашмақомсаро монанди Мастона Эргашева, Абдуҷалил Ҳошимов, Шамсиддин Муҳиддинов фаъолият мекарданд. Аз ҳар кадоми ин навопардозон нозукиҳои ҳунари мақомсароиро омӯхта дар ҳавои сурудаҳояшон ҳамнаво мегардад. Инак, 30 сол аст, ки дар ин даргоҳ кор мекунад.
Ӯ дар давоми фаъолияти овозхонӣ зиёда аз 100 суруду тарона аз эҷоди оҳангсозону бастакорон дар хазинаи радиои тоҷик сабт намудааст. Сурудҳои “Парешонӣ” (шеъри М.Ҳисорӣ), “Боз омадам” (шеъри устод Гулназар), “Пушаймонӣ” (шеъри О.Исматӣ), “Садо” (шери Ф.Фаррухзод), “Марди нек” (шеъри С.Соҳибова)-ро зиёд пазмон мешаваду ҳар куҷо замзама мекунад.
“Аз ишқи самимӣ месароям”
Бештари оҳанги сурудҳояш аз офаридаҳои Фурқати Саид, Муборакшо Ҷумъаев, Алмос Абдуллоев, Хайриддин Саидов мебошанд.
”Ҳар сурудеро, ки фарогири дарду роз, ишқи самимӣ, муҳаббати беолоиш ва созанда аст, месароям. Гоҳ-гоҳе дар хона ва ё хиёбону роҳравҳо зери лаб замзама мекунам. Таронаҳои Барно Исҳоқова, Гугуш, Муқаддас Набиеваро меписандам ва фикр мекунам садояшон дармонбахши дарданд”,- шарҳ дод Луҳира.
Луҳира Муъминова ҳамчун мақомхон таваҷҷуҳи ҷавононро ба санъат, хоса ба шашмақомсароӣ истиқбол мекунад. Тавре иброз дошт, ҷавононе, ки дар ин ришта таҳсил мекунанд, аксаран барои азхудкунии нозукиҳои мақомсароӣ шавқи зиёд доранд.
Баъди он ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд, пешравиҳои зиёде дар ҳаёти маданӣ ва фарҳангии кишвар, хоса дар равнақи Шашмақом ба амал омаданд, қайд намуд ҳамсуҳбати мо.
“Аксари кормандони имрӯзаи гурӯҳ ҷавонони ин ва ё он боргоҳҳои олии ҳунарии ҷумҳурӣ мебошанд, ки ба ҳайси мутрибу сароянда бо устодони мақомдону мақомсаро бори шашмақомро бар дӯш доранд. Шашмақом ифтихори мардуми тоҷик аст ва боиси сарфарозии мост, ки чунин шоҳасари мусиқиро ниёгонамон ба мо мерос гузоштаанд”,- илова намуд Луҳира Муъминова.
Қурбоной Муқим, Your.tj