fbpx

Гулчеҳра Содиқова: “Ба ҳама кишварҳо накҳати тоҷиконаро бо худ мебарам”

Ӯ доимо мегӯяд: “Аз сад гулам як гулам нашукуфтааст”


1
1 point

Гулчеҳра Содиқова – ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва фалаксарои номӣ, ҳамеша базму маъракаҳои мардумро бо садояш гарм карда, касбашро идома медиҳад. Муаллифи Your.tj аз рӯзгори модари фалаки тоҷик қисса кард.

“Гулчеҳраи фалакхон”

Бештари даврони кӯдакиии Гулчеҳраи хурдсол дар устохонаи падарандараш гузаштааст. Барои ӯ асбобҳои мусиқӣ аҷибу ғариб менамуданду ҳисси кунҷкобиашро боло мебурданд. Маҳз ҳамон кунҷкобиҳои кӯдакӣ буд, ки имрӯз ангуштони Гулчеҳра рӯи дутор чунон озодона бозӣ мекунанд, ки кас аз садои навозиши он ҳаловат мебарад.

“Падарам ба ман тамоми нозукиҳои дутору дуторнавозиро меомӯзонданд. Ман оҳиста-оҳиста навохтани онро аз худ кардам. Баъдан ҳам менавохтаму ҳам месароидам.

Падарам ба корам монеа нашуданд, баръакс яке аз мухлисони ашадиам он кас буданд. Ман имрӯз аз ӯ ҳазорон маротиба миннатдорам. Маҳз ӯ буд, ки ман ба ин мартабаҳо расидам”,- мегӯяд, қаҳрамони мо.

Ҳамин тавр қаҳрамони мо аллакай дар синфи дуюм миёни мардум бо унвони “Гулчеҳраи фалакхон” ном бароварда буд ва дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиреб месуруд.

“Наметавонистам сухани касеро рад намоям, зеро мардум ба ин чиз одат карда буданд. Баъд аз чанд маъракае, мардуми деҳа дигар ба суроғи ҳунармандони бегона намерафтанд”, – мегӯяд, Гулчеҳра.

Чашмамро кушода падарандарамро дидам

Гулчеҳра Содиқова ҳанӯз дар батни модар буд, ки волидонаш аз ҳам ҷудо мешаванду модараш бо марди дигаре хонадор мешавад. Гулчеҳра падарандарашро низ падар мегуфт.  Тавре ӯ нақл мекунад падарандар низ дар сароянда шудани ӯ саҳм дорад.

“Ман чашмамро кушода падарандарамро дидам, вале ҳам ӯро ва ҳам падари худамро падар мегуфтам. Падарандарам Муҳаммадрасул устои чӯбтарош буданд. Бештар асбобҳои мусиқӣ омода мекарданд. Дар сароянда шудани ман маҳз он кас саҳми бузург доранд”,- нақл мекунад, Гулчеҳра.

Ҳамсари ҳунарманд

Гулчеҳра дар синфи нуҳум ба хонаводаи хешу ақрабояш келин мешавад. Ба гуфти худи ҳунарманд, ӯ синфи 9-10-ро дар хонаи ҳамсараш ба итмом расонидааст.

“Ҳамсарам ҳатто дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ ба ман кӯмак мекард. Чун худаш низ санъаткор буд ба пешаи интихобкардаам зид набаромад. Ман хушбахттарин зан будам, ки чунин ҳамсар доштам”, – ба ёд меорад, Гулчеҳра Содиқова.

Ҳамсари Гулчеҳра Орзу Достиев ғижжакнавоз буд. Ӯ як муддат дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард. Баъдан Гулчеҳраву Орзуро барои кор ба шаҳри Кӯлоб даъват мекунанд. Базму маъракаҳои одамонро Гулчеҳра акнун бо шавҳараш зеб медод.

Сукути садои Гулчеҳра

Пас аз 25 соли зиндагии якҷояву осуда, шавҳари Гулчеҳра вафот мекунад. Пас аз марги нобанҳангоми шавҳар Гулчеҳра саҳнаро тарк мекунад. Ӯ дигар намехост бидуни ҳамсари меҳрубонаш базми мардумро обод кунад. Назди худ мақсад гузошт, ки дигар ба саҳна намебарояд.

“Пас аз марги шавҳарам дигар намехостам ба саҳна бароям. Дар тӯли ду сол вазъи саломатиам то рафт бад мешуд. Духтурон тавсия доданд, ки ба саҳна баргардам, зеро давои дарди маро дар ин диданд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Ансамбли хонаводагӣ

Гулчеҳра 5 писару як духтар дорад ва ҳама писарон касби волидонашонро пеша кардаанд. Фарзандони Гулчеҳра зери навои мусиқӣ ва суруд бузург шудаанд ва албатта ин барояшон бетаъсир намонд. Ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт будани шавҳараш онҳо ансамбли хонаводагиашонро ташкил карда буданд. Ҳама фарзандон ба мисли худи Гулчеҳра аз хурдсолӣ ба навохтану сароидан оғоз кардаанд.

“Вақте соли 1974 ансамбли мо дар Маскав ҳунарнамоӣ кард, писари хурдиям ҳамагӣ шаш сол дошт. Мардум аз таблзании ӯ дар ҳайрат монда буданд ва аз ҷой бархоста ба мо кафкӯбӣ карданд”, – мегӯяд бо ифтихор Гулчеҳра.

Гулчеҳра модари сахтгир аст. Ӯ мегӯяд, дар хурдӣ писаронаш ҳатто ба “сархорӣ” вақт намеёфтанд. Дар вақтҳои холигӣ ба онҳо сурудану навохтанро меомӯзонид ва онҳоро бо худ ба тӯйҳо мебурд.

“Саҳар ба мактаб мерафтанд, шом дар мактаби ман буданд – дар маъракаҳо. Ҳамин буд, ки ҳар яки онҳо имрӯз роҳи худро дар зиндагӣ ёфтаанд”, – мегӯяд, Гулчеҳра Содиқова.

Фалак ва куртаи миллӣ накҳати тоҷикона доранд

Гулчеҳра мегӯяд аз омезиши фалак бо жанрҳои муосир истиқбол мекунад, вале ба худаш бештар ҳамовозии наю дутор писанд аст.

“Ман мехоҳам, ки фалаки ман бӯйи тоҷикона дошта бошад. Барои ман ҳамон дутору наю овоз, фалаки тоҷиконаро пурра меcозад ва ҳамон докаю куртаи чакани ман накҳати тоҷикона медиҳанд. Ман ба кадом кишваре, ки меравам бӯйи тоҷиконро бо худ мебарам”, – бо ифтихор мегӯяд, Гулчеҳра Содиқова.

Гулчеҳра Содиқова соли 2008 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мегардад. Ӯ ба синни 80 расидааст, вале ҳангоме, ки бо ӯ сӯҳбат мекунӣ, як пиризани рӯзгордида буданашро эҳсос намекунӣ. Ӯ ҳамоно дили ҷавон дорад.

“Аз сад гул як гулам нашукуфтааст. Гӯё, ки ман нав аз модар тавлид шуда бошам. То вақте ки ҳастам барои Ватан ва халқи азиза хизмат мекунам”, – гуфт дар охир, Гулчеҳра Содиқова.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend