fbpx

Шикояти Далеру Абдуллоҳ дар Суди шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад

Мухтасари хабарҳои рӯз


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Нархи газу бензин дар Тоҷикистон поён меравад

Поинравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон пас аз босуръат болоравии он дар аввали моҳи равон идома дорад. Имрӯз нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе 6,20-6,40 сомониро ташкил дод. Як ҳафта пеш он 6,8 сомонӣ нарх дошт. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо нархи 6,10 сомони барои 1 литр гази моеъ низ вохӯрдан мумкин аст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5,90-6,00 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нимаи моҳи ноябр арзиши он дар шимоли кишвар 6,60-6,70 сомониро ташкил медод.

Тавре ки sugdnews.com хабар медиҳад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин шаҳр нархи бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 ҳам поин рафтааст.

Бензини навъи АИ-92 бо нархи 8,40 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи моҳ нархи он ба 8,90 сомонӣ баробар буд. Арзиши бензини навъи АИ-95 – 8,80 сомонӣ зикр шуда, чанд рӯз пеш он бо арзиши 9,60 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳ нархи гази моеъ боло рафта, дар вилояти Суғд бо арзиши 6,60-6,70 сомонӣ ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ – аз 7 то 7,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон арзиши ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 15,8% поин рафтааст. Дар моҳи декабри соли 2021 нархи 1 литри он ба ҳисоби миёна 7,40 сомониро ташкил дода буд.

Ҳудуди 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ҳаҷмҳои начандон зиёд аз Ӯзбекистон ва Русия ҳам ворид мегардад. Соли равон ҳаҷми моҳонаи истифодаи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомбилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Шикояти Далеру Абдуллоҳ дар Суди шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад

Суди шаҳри Душанбе шикояти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори зиндонии тоҷикро баррасӣ мекунад. Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳи октябр Далери Имомалиро ба 10 ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол зиндон маҳкум карда буд. Рӯзноманигорон бо ҳукм розӣ нестанд ва бозбинияшро хостаанд.

Мурофиа ва ҳукми Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ мавҷи танқиди кишварҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро ба миён овард. Онҳо ин ҳукмҳоро ҳамла ба озодии баён дар Тоҷикистон номиданд.

Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз маводи парвандаро аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристанд. Ҳафтаи оянда мурофиаро таъин мекунанд.”

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳам гуфт, “додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристад.”

Акнун Додгоҳи пойтахт тасмим мегирад, ки ҳукми зиндони ду рӯзноманигорро дигар кунад ва ё бидуни тағйир монад. Дар сурати бетағйир мондан, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба иҷро медарояд ва ду рӯзноманигорро аз боздоштгоҳ ба зиндон хоҳанд бурд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ва Далери Имомалӣ 17-уми октябри имсол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳардуи онҳо моҳҳои охир якҷоя дар бораи мушкили мардум ва бархурди мақомот барои Ютуб гузориш омода мекарданд. Моҳи июн дастгир шуданд.

Додгоҳ Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ айбдор карданд. Ҳарду рӯзноманигор айбномаро рад кардаанд.

Қазоқистону Узбекистон дар мавсими обёрӣ аз Тоҷикистон об мегиранд

Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли об тариқи обанбори “Баҳри тоҷик” (собиқ Қайроққум), ки аз Тӯхтагул партоб мешавад, созиш ҳосил кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев.

Ин ҷо сари интиқоли об аз ҷониби Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ, ки Қазоқистон аз ҳисоби ҳиссаи Қирғизистон дар дарёи фаромарзии Сирдарё мегирад, сухан меравад.

“Ҳамчунин шартҳои истифодаи обанбори “Баҳри тоҷик” низ мувофиқа шуданд. Шартҳои мазкур дар шаҳри Душанбе дар протоколи сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) зикр шудааст”, – гуфтааст Брекешев.

Дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки ба ивази захираҳои обӣ аз ҳисоби лимити Тоҷикистон ин кишварҳо чӣ медиҳанд.

Тобистони соли равон зикр шуда буд, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик”-ро дар давраи авҷи мавсими обёрӣ бо Тоҷикистон мувофиқа мекунанд, то ки кишоварзони вилоятҳои Қизилорда ва Туркистон бо об таъмин карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир дар минтақаҳои ҷануби Қазоқистон камбуди об ба мушоҳида мерасад.
Ёдрас мекунем, ки дар мавсими обёрии соли гузашта Қазоқистон ба ивази об ба Тоҷикистон техника ва бо нархҳои дастрас сӯзишворӣ дод.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад. Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020

Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend