fbpx

Моделҳои дорои аутизм ва дигар нуқсонҳои инкишофи асаб дар Fashion Week Tajikistan тамошобинонро ба гиря оварданд. Коллексияи “Қиссаи махсус” – и Мино Комронӣ

Мино Комронӣ набераи Лоиқ Шералӣ ва нависанда Сорбон аст. Ӯ дар 18 солагӣ бренди худро бо номи "Komroni" таъсис додааст.


1
1 point

Дар мавсими тирамоҳии Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan Fashion Week) коллексияи либосҳои тарроҳ Мино Комронӣ тавассути духтарони дорои аутизм ва дигар нуқсонҳои инкишофи асаб, ҳамчунин модарони кӯдакони дорои маъюбият  ба намоиш гузошта шуд. Мино Комронӣ тарроҳ ва рассоми либос аст.  Ӯ дар 18 солагӣ бренди истеҳсолии худро таъсис дод. Мино дар чандин ҷашнвораҳои мӯд ширкат намӯда, ҳунари худро ба намоиш гузоштааст. Ӯ ҳамчунин  дар ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” ба духтарони маълул ва аутизмдошта дӯзандагӣ ёд медиҳад.

Мино ба муаллифи Your.tj дар бораи ҳаёту фаъолият ва муваффақиятҳояш  қисса намуд.

Иштирок дар ҳафтаи  мӯд

Қаҳрамони мо имсол дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan Fashion Week), ки рӯзҳои  15 – 17 – уми ноябр баргузор гардид, иштирок намуд. Ӯ ин маротиба коллексияи худро ба таври фарқкунанда ба намоиш гузошт. Моделҳои ӯ духтарони дорои аутизм ва дигар нуқсонҳои инкишофи асаб, ҳамчунин модарони кӯдакони дорои маъюбият буданд. Қаҳрамони мо бо ин роҳ мехост  ба ҷомеа нишон диҳад, ки  онҳо низ метавонанд аз моделҳои муваффақ бошанд.

“Коллексияи “Қиссаи махсус” ном дошт ва дар ҳафтаи мӯд як қисми маъракаи ҷамъоварии маблағҳои “Доираи меҳрубонӣ”, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” барои таъсиси маркази нав барои кӯдакон ва наврасони гирифтори аутизм роҳандазӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд. Мақсади омӯзиш  натанҳо имкони ёдоварӣ дар бораи гуногунҷанбагии ҷаҳони ботинии мо балки эълон кардани ҳамбастагиву якҷоя будан ва дасти ёрӣ доштан нисбати шахсони дорои маъюбият мебошад. Фармоиш додани либосҳо аз коллексияи мазкур ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани ин духтарон кӯмак мекунад. Иштирок дар фестивали мӯд 31 – уми октябр тасдиқ шуда буд ва мо дар муддати ду ҳафта коллексияро, ки аз 15 намуди либос иборат аст, омода кардем”,‑ гуфт ӯ.

Муваффақияти моделҳои дорои аутизм

Мино дар идома қайд намуд, ки либосҳо аз рӯйи завқу хоҳиши ҳар як модел омода карда шудаанд.

“Ман духтаронро мешинохтам ва аз шавқу завқи онҳо огоҳ будам. Бовар доштам, ки ҳар яки онҳо бо қобилиятҳои худ дигаронро ба ҳайрат меоранд. Пеш аз омода кардани коллексия  онҳо ба алоҳидагӣ пурсон шудам, ки кадом рангро дӯст медоранд, кадом кор ба онҳо писанд аст ва чӣ қобилият доранд. Онҳо муваффақ шуда метавонанд. Масалан, аз байни ин духтарон Маҳлиёву Лайло аллакай кор мекунанд. Ман барои онҳо тарҳи либосеро омода кардам,ки занони коргар ба бар мекунанд. Муаззама бошад, рақсиданро дӯст медорад. Дар намоиш инчунин чор  нафар модарони кӯдакони дорои мъюбият низ баромад карданд. Ман тасмим гирифтам аз онҳо образи қавитаре созам, зеро саҳми ин модарон барои инкишофу ҳалли мушкилиҳои фарзандонашон аз ҳама бештар аст”,- бо шавқ нақл кард Мино аз фаъолияти босамари моделҳояш.

Коллексияи “Қиссаи махсус” ва гиряи тамошобинон

Дар воқеъ коллексияи “Қиссаи махсус” ҳамаи иштирокчиёни ҷашнвораи мӯдро ба ҳайрат гузошт ва ҳатто ба гиристан водор намуд. Духтарон бовиқорона баромад карданд ва аз ҷониби ҷомеа хуш пазируфта шуд.

“Аз ҳама ҳодисаи хотирмон бароям он буд, ки мардум як-як аз ҷо бархоста, кафкӯбӣ мекарданд. Духтарон аз чунин вокуниши илҳомбахш хеле болидарӯҳ буданд  ва тамошобинон ба эҳсосот дода шуданд. Ҳатто балетмейстер, ки дар паси баромадгоҳ меистод, боварӣ ҳосил кард, ки духтарон сари вақт ба минбар баромаданд. Ӯ дар ҳолати эҳсосотӣ бо ашк ба назди тамошобинон баромад, то духтаронро дастгирӣ кунад. Ман ҳам беист ашки шодӣ мерехтам.

Ин коллексияи муҳимтарин дар ҳаётам буд. Барои муваффақ шудан  бо духтарон ҷиддӣ кор кардам. Дар онхо самимият хеле зиёд аст, хамеша он чиро, ки дар дил доранд баён мекунанд. Дар ҳолатҳои эҳсосотӣ пайваста азизонашонро оғуш мекарданд. Вақте ман эҳсосоти духтаронро дар навор дидам, бениҳоят шод шудам”,‑ бо лабханд баён намуд ӯ.

Мино дар маркази ҷамъиятии  «Ирода»  ба сифати мураббии студияи «Марям Крафт» кор мекунад.  Ӯ ба духтарони дорои маъюбият дӯзандагиро ёд медиҳад ва мехоҳад, ки сафи шогирдони худро зиёд намояд.

Аз шавқу ҳавас то оғози роҳ

Мино Комронӣ дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Ӯ набераи  шоир Лоиқ Шералӣ ва нависанда Сорбон мебошад. Мино 23 сол дорад  ва аз хурдсолӣ дӯзандагиро дӯст медошт. Қаҳрамони мо ин ҳунарро аз бибияш омӯхтааст ва ҳанӯз дар  синни 16 солагиаш  муштариёни худро дошт.

“Бибиям зани ҳунарманд буданд ва мошинаи дарздӯзӣ ҳамеша дар хона буд. Аз хурдӣ ба дӯзандагӣ  шавқу ҳавас доштам ва дар хотирам ҳаст, ки ҳамеша бибиям боқимондаи матоъҳои худро ба ман медод. Аз боқимондаи матоъҳо барои лӯхтакҳоям либос медӯхтам. Баъзан вақт чун матоъ надоштам ҷорубҳои падарамро медуздидам то барои бозичаҳоям курта омода кунам”,- нақл кард Мино.

Ӯ дар 13 солагӣ ба Академияи рассомӣ дохил шуд ва баъди як сол аз ҷониби холааш мошинаи дарздӯзӣ ҳадя гирифта, мустақилона ба дӯзандагӣ шуруъ намӯд. Баъдан ба курси дӯзандагии тарроҳ Мавлуда Ҳамроева рафта,  тамоми нозукиҳои ин ҳунарро аз худ мекунад.  Мино аллакай дар 16 солагӣ ба барои дӯхтани либосҳо фармоиш мегирифт ва ҳамин тавр муштариёни доимиаш низ пайдо шуданд.

Аз таҳсил то муваффақият

Ҳамсуҳбати мо то синфи 9 дар мактаби миёна таҳсил карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов супоридааст. Вале баъди ду сол таҳсилро дар коллеҷ тарк карда, ҳамроҳи хоҳараш Ануша бренди “Komroni”‑ро боз намӯданд. Хоҳарон  дар аввал коргоҳи шахсӣ надоштанд ва ба тарроҳӣ дар хона машғул буданд. Баъдан дар  меҳмонхонаи “Шумон” коргоҳи худро боз намӯданд.

Мино дар чандин ҷашнвораҳои фарҳангӣ ширкат намуда, ҳунари худро муаррифӣ намӯдааст. Соли 2018 аввалин коллексияи худро  дар  мавсими тирамоҳу зимистони  Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба намоиш гузошт, ки аз ҷониби мардум хуш қабул гардид.

Аз ҳар боб

Қаҳрамони мо натанҳо дар самти тарроҳӣ худро санҷидааст, ҳамчунин ба шеърнависӣ, мусиқӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ бо забони англисӣ эҷод мекунад. Пианино навохтан ва суруд хонданро дӯст медорад. Аз намудҳои варзиш ба бокс ва свинг алоқаи зиёд дорад ва ҳамчунин барои оромиши рӯҳу равон ба йога низ машғул мешавад.

Ҳунарманди ҷавон донистани забонро барои ҳар як инсон муҳим мешуморад ва дар айни ҳол ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул аст. Ӯ се забон – тоҷикӣ, англисӣ ва русиро медонад ва тасмим дорад се забони дигарро ба пуррагӣ биомӯзад.

“Мехоҳам оянда дар хориҷа таҳсилро идома диҳам. Дар хонаҳои мӯд таҷрибаомӯзӣ гузаронам ва дар он ҷое, ки бароям писанд аст бренди худро боз кунам. Мехоҳам ҳунари худро ба дигарон низ биомӯзонам, чунки доштани ҳунар дар ҳама ҳолат ба инсон кӯмак мерасонад”‑ мегӯяд ӯ.

Шаҳноз АЛИЗОДА


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend