fbpx

Шӯълаи умед. Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум қаҳрамони Тоҷикистон ва Осиё шуд

Ҷамшед 7 карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба тенниси рӯйи мизӣ, 3 карат қаҳрамони Осиё оид ба дастхобонӣ ва се карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бадминтон мебошад.


-1
-1 points

11 сол пеш Ҷамшед Абдуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад ва ҳарду пояш фалаҷ мешавад. Ӯ нахост, ки як умр рӯи бистар мунтазири кӯмаки касе шавад, аз ин рӯ пеши худ мақсад гузошт, ки бояд ба по хезад ва ба зиндагӣ идома диҳад.

Муаллифи Your.tj бо Ҷамшед оиди садамаи мудҳиш, рӯзгор, ва тамринҳояш суҳбат намуда маълум кард, ки чӣ ё кӣ ӯро барои ба по хестан таҳрик дод.

Ҷамшед Абдуллоеви 35 сола зодаи деҳаи Кӯлқанди шаҳри Исфара мебошад. Кӯдакиаш ба солҳои 90 рост омадааст, ки зиндагӣ он замон мушкил буд. Волидонаш танҳо бо кишоварзӣ машғул буданд ва бо машаққати зиёде 4 фарзандро ба воя расониданд. Ҷамшед аз хурдӣ ба варзиш шавқ дошт, орзу дошт, ки дар оянда мураббии тенниси рӯйи мизӣ шавад. Вале бо амри тақдир пас аз хатми мактаб Ҷамшед на ба донишгоҳ, балки мисли ҳазорҳо ҳамсолонаш сӯи муҳоҷират роҳ пеш мегирад.

Садамаи мудҳиш

Дар аввал Ҷамшед дар Москва мардикорӣ мекард, баъдан дар як фирмаи пазандагӣ ҳамчун ронанда – экспедитор ба кор даромад. Ӯ ба якчанд мағоза фармоишотро бурда мерасонид. 9 ноябри соли 2011 Ҷамшед чун ҳарвақта дархости мағозаеро бурда мерасонд. Ҳангоми ворид шудан ба лифт ҷавон тугмачаро зер мекунад, то ки ба поён фарояд. Вале ногоҳ лифт яку якбора бо суръати тез аз баландии 15 метр ба замин мезанад.

“Ман танҳо садои ба рӯи бетон бархӯрдани лифтро дар хотир дораму халос. Вақте ба худ омадам аз сина поёни баданамро эҳсос накардам. Танҳо вақте маро ба мошини ёрии таъҷилӣ мебурданд, дарди ҷонкоҳеро эҳсос кардам”, – нақл кард Ҷамшед.

Ҷавони ҷароҳатбардоштаро дарҳол ба шӯъбаи бемориҳои сутунмӯҳраи бемористони №67 шаҳри Москва мебаранд. Ҷарроҳӣ бо мувафақият анҷом меёбад, аммо пойҳои Ҷамшед фалаҷ мешаванд. Пас аз як моҳ ӯро ҷавоб медиҳанд ва бародараш Ҳусейн, ки дар Москва кор мекард, Ҷамшедро ба хона гусел мекунад. Ҷамшед ба ягонҷо шикоят намекунад.

“Тамоми хароҷоти ҷарроҳиро шахсе, ки барои бехатарии лифт ҷавобгӯ буд, супорид ва ман нахостам ба суд шикоят кунам. Сипас тӯли чандин сол боз раиси собиқам ҳар моҳ барои ман маблағ равон мекард, ки аз ин ҳисоб ду аробачаи маъюбӣ харидам”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

“Танҳо ба пеш”

Рӯзҳо мегузаштанду пойҳои Ҷамшед сиҳат намешуданд. Ӯ тӯли ҳашт моҳ дар ҳолати стресс қарор дошт. Яку якбора маҳрум шудан аз ду пой барои як ҷавони 25 сола, ки дар дил умедҳои зиёд мепарварид, аламовар, ногаҳонӣ ва хело душвор буд. Вай намехост, ки ба тақдир тан диҳаду тамоми умрашро рӯи бистар гузаронад, вале баргаштан ба зиндагии қаблӣ низ барояш осон набуд.

“Ман қарор додам, ки бояд мубориза барам ва пойҳоямро аз нав ба кор дарорам. Дар интернет оид ба зиндагии одамони дорои маъюбият ҷустуҷӯ карда мехондам, ки чӣ тавр онҳо аз ин ҳолат баромаданду зиндагиро идома дода истодаанд. Акнун ин гуна шахсон барои ман қаҳрамони ҳақиқӣ шуда буданд. Таваҷҷӯҳи маро бештар марди австралиягӣ Ник Вуйчич ҷалб кард, – аз лаҳзаҳои ноумедиҳояш қисса кард Ҷамшед.

– Ники Вуйчич бе дасту пой ба дунё омадааст, вале ба ин нигоҳ накарда, ба ояндаи нек умед дошт айни ҳол ӯ соҳиби ду дипломи олӣ асту кор мекунад, ба ҳар гуна мамлакатҳо сафар мекунад ва барои одамон намунаи ибрат аст.

“Сипас ман бо худ гуфтам:” Ник Вуйчичи бе дасту пой тавонист ба қуллаи мақсад бирасад. Охир ту ҳади ақал ду дасти солим дорӣ. Акнун бояд нолидану ноумедиро як тараф гузориву, танҳо ба пеш ҳаракат кунӣ”, – мегӯяд ӯ.

Ҷамшед – қаҳрамон

Акнун Ҷамшед зиндагиро бо чашми дигар медид дар дилаш шӯълачаи умед фурӯзон шуда буд. Ӯ аз волидонаш хоҳиш кард, ки барояш мизи теннисӣ бихаранд. Дигар ҳар субҳи Ҷамшед аз тамрин оғоз мешуд. Оҳиста – оҳиста ҳамсоягон хешу таборон ба наздаш барои бозӣ меомаданд. Баъдан ӯ тасмим гирифт, ки ба омӯзиши тенниси рӯи мизӣ бештар машғул шавад. Ин буд ки ӯ дар мактаб интернати барои нобиноёни шаҳри Исфара ба тамрин мешғул мешавад.

“Ман ки аз хӯрдӣ ба ин намуди варзиш рағбат доштам, дидам ки рӯи аробача низ нишаста бозӣ кардан мумкин. Боварӣ доштам, ки бозиро хуб аз худ мекунам, чун аз хурдсолӣ ба ҳама намуди варзиш шавқ доштам. Қарор додам, ки ба омӯзиш ҷиддӣ машғул шаваму дар мусобиқаҳо иштирок кунам”, – шарҳ дод Ҷамшед.

Пас аз як соли тамрин қаҳрамони мо алакай дар чемпионати вилоятӣ ғолиб шуд. Соли 2015 аллакай қаҳрамони Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи мизӣ дар байни шахсони дорои маъюбият шуд. Ба ғайр аз теннис вай инчунин ба дастхобониву (армрестлинг) бадминтон низ машғул буд.

То имрӯз Ҷамшед 7 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон оид ба теннис, се маротиба қаҳрамони Осиё оид ба дастхобонӣ ва се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бадминтон шудааст. Ғайр аз ин дар чандин мусобиқаҳо дар хориҷи кишвар иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Ба гуфти Ҷамшед ягона мушкилиаш барои пешравӣ дар варзиш ин маблағ аст.

“Чанд маротибае, ки барои иштирок дар мусобиқаҳо ба хориҷа сафар кардаам, шахсони хайрхоҳ хароҷоти роҳамро пардохт карданд. Ду маротибаи дигарашро аз маблағи пасандоз намудаи худам пардохт кардам. Даъватномаҳо аз хориҷа барои иштирок зиёд меоянд, аммо аз сабаби надоштани маблағ ба баъзеяшон рафта наметавонам”, – мегӯяд Ҷамшед.

Ронандагӣ барои пешбурди зиндагӣ

То имрӯз дӯстону наздикон ба Ҷамшед кӯмакҳои зиёд карданд, ки вай аз онҳо хеле миннатдор аст. Волидонаш тамоми шароитҳои хонаашонро барои Ҷамшед мувофиқ кардаанд. Чунки ӯ мехоҳад ҳама корашро худаш анҷом диҳаду сарбори касе набошад.

Бародари Ҷамшед барои сабук кардани корҳои хоҷагидории волидонаш мошин мехарад. Онҳо бо кӯмаки усто мошинро барои Ҷамшед мувофиқ, яъне тамоми идораи онро ба тарзи дастӣ мекунанд. Аввалҳо Ҷамшед падару модарашро ба саҳро мебурд ва меовард. Сипас соли 2018 ӯро хонадор мекунанд. Баъдан вай ба қароре меояд, ки мусофиркашонӣ кунад, то каме ҳам бошад хароҷотҳои зиндагиашро рӯйпуш кунад.

“Аввалан дар худи деҳаи Қӯлканд мусофиркашонӣ мекардам, аммо муштари онҷо хеле кам буд. Сипас қарор додам, ки дар масири Кӯлканд – Исфара мусофиркашонӣ кунам. Чандин сол аст, ки бо ин кор зиндагиамро таъмин мекунам, чунки бо пули нафақа, ки 280 сомонӣ аст, зиндагӣ кардан имконнопазир аст”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Ҷамшед дар наздикии бозори шаҳри Исфара ҷои худро дорад, ки алакай ҳама ронандагони дигар медонанд. Ҳар рӯз пас аз якчанд соати тамрин ӯ ба он ҷо рафта мунтазири муштариёнаш мешавад.

“Тамоми шакли идораи мошини ман дастӣ аст. Ба ман танҳо барои ба қафои мошин гузоштани аробачаам ва кушодани дарвозаи хона кӯмак мекунанду халос. Ман худам бо аробача ба назди мошин меравам дарро кушода мешинам. Муштариёнро бошад хоҳиш мекунам, ки худашон борҳояшонро ба қафои мошин гузоранд”, мегӯяд қаҳрамони мо.

Намунаи ибрат

Ҷамшед то ҳол боварии комил дорад, ки бо хости Худо ва тамринҳои пай дар пай пойҳояш сиҳат меёбанд. Зеро духтурони хориҷа гуфтаанд, ки онҳо кори аз дасташон меомадаро анҷом додаанд ва дигараш аз худи ӯ вобаста аст. Имрӯз Ҷамшед барои мардуми Исфара намунаи ибрат аст ва ҳама ӯро мешиносанд. Ҳатто шахсоне, ки ба чунин ҳолат дучор мешаванд барои маслиҳат наздаш меоянд.

Ҳуҷҷати номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон

“Бисёр шахсон ба наздам меоянд, ки фарзандам ё хешам ба чунин ҳол гирифтор шудааст, аз зиндагӣ ноумед аст, чӣ кор кунем? Ман ки пайваста барои инкишофи рӯҳияи худам дар интернет китобу маводҳои зиёд мехонам ва пайваста шахсони муваффақе, ки дорои маъюбиятанд пайгирӣ мекунам. Онҳо ба ман рӯҳияи тоза мебахшанд ва аз таҷрибаҳои худам ба онҳо нақл мекунам. Ман онҳоро хеле хуб дарк мекунам, охир ман ҳам як вақтҳо ноумед будам”, – мегӯяд Ҷамшед.

Ҷамшед орзу дорад, ки як толори варзишие таъсис диҳад, ки он барои ҳама табақаи одамон дастрас бошад. Чун худаш аз ин доим танқисӣ мекашад ва маҷбур аст, ки дар хона машқи бадан кунад. Инчунин мехоҳад барои шахсони дорои маъюбият мактаби варзишӣ ташкил кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend