fbpx

Сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи умра то моҳи март ба таъхир гузошта шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Islam.ru

Ҷалби $155 млн сармояи хориҷӣ аз ҷониби корхонаҳои Душанбе

Корхонаҳои Душанбе дар зарфи 9 моҳи соли 2020 ба маблағи умумии 155 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб намуданд, хабар медихад шахрдории Душанбе. Гуфта мешавад, айни замон дар пойтахт 45 корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.

Соли гузашта 475 корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 6,2% зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки соли гузашта барои “эҳёи корҳо дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” тадбирҳои муайян андешида шуданд.

Хешони Дона Набиев аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ҳукми зиндони ӯро тағйир диҳад

Хешовандони пирамарди 80-солаи тоҷик, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба 7 соли зиндон зиндон маҳкум шуд, аз Додгоҳи олӣ хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Зоир Давлатеров, вакили мудофеъи Набиев гуфтааст, ки ба гуфтаи наздикон, бобои онҳо аз бемории сил азият мекашад ва ин беморӣ дар моҳҳои охир авҷ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи адвокат, зерҳимояи ӯ аз шароити боздошт ва муносибати посбонон шикоят надорад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакиро барои “дастгирии моддӣ” ба наздикони аъзои маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Сафари Ҳаҷҷи умра боз ба таъхир гузошта шуд: то моҳи март

Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё “бритонӣ” сафар ба таъхир монда шудааст.

Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии “Расулсохтмон”, рӯзи 14 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвари Арабистони Саудӣ дар бораи чунин таъхиргузорӣ дар қабули зиёраткунандагон, рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳои ахбори умум эълон кардааст.

“Хуруҷи “вируси бритонӣ” масъулини кишвари Арабистони Саудиро андаке ба ташвиш гузоштааст, онҳо аз нав дарҳоро бастаанд. Ҷониби Арабистон тавассути расонаҳои ахбори умум иттилоъ нашр кардаанд, ки аз охирҳои моҳи март ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ хоҳанд кард”,-гуфт намояндаи “Расулсохтмон”.

Сафарбаршавии сокинони кишвар барои Ҳаҷҷи умра аз суи ширкатҳои сайёҳии “Расулсохтмон” ва “Ормон” роҳандозӣ мешавад. Вазорати Ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда эълон намуд, ки танҳо, барои аз 18 то 50 – солаҳо барои сафар ба ин кишвар иҷозат дода мешавад.

Дар Суғд қарзи барқ аз аҳолӣ бо ёрии милитсия ҷамъоварӣ мешавад

Ситоди ҷумҳуриявии истифодаи сарфакоронаи барқ дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳудуди 9 млн сомони қарзи истифодаи барқро бо ёрии кормандони милитсия ҷамъоварӣ намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар Шуъбаи 1-и ВКД-и дар шаҳри Исфара 4 гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз 10-уми декабр то 8-уми январ маблағи рӯёнидашуда аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Дар ноҳияи Мастчоҳ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда зиёда аз 2 млн 770 ҳазор сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Гулистон 7 гурӯҳи корӣ амал карда, наздики 2 млн 500 ҳазор сомонӣ қарз аз истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардидааст, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад.

Филми тоҷикиро дар София намоиш медиҳанд

Филми мустанади «Сафарнома: катибаҳо дар пайроҳаи мерос»-и коргардон Шарофат Арабова дар XII Синамоҷашнвораи кишварҳои Шарқи наздик, Осиёи Миёна ва Африқои шимолӣ, таҳти унвони «Манораи София», ки аз 14-ум то 30-юми январи соли 2021 дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мегардад, намоиш дода мешавад. «Сафарнома»  ёддоштҳои сарироҳист, ки баҳори соли 2019 дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Дӯстӣ, Носири Хисрав, Бохтар ва Ҳисор рӯйи навор омадааст.  Дар филм мусиқии классикии тоҷикон – шашмаком истифода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend