Чанде пеш шаҳри Панҷакент унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ”-ро гирифт. Он аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) эътироф гардида, ҷиҳати ҳифз ва рушди мероси фарҳангии Тоҷикистон равона шудааст.
Созмони мазкур яке аз ниҳодҳои ЮНЕСКО буда, барои ноилшавӣ ба рушди иқтисодӣ ҳунарҳои дастӣ ва ҳунармандонро дастгирӣ карда, ба ташвиқи ҳамкорӣ даъват месозад.
Муаллифи Your.tj бо Нигина Икромӣ, узви Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ, таърихшинос ва чанд тан сӯзанидӯзони шаҳри Панҷакент ҳамсуҳбат шуда фаҳмид, ки чаро маҳз бо ҳунари сӯзанидӯзӣ ин шаҳр унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ”- ро соҳиб шуд.
Унвони “Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ” барои чӣ лозим аст?
Айни ҳол ба феҳристи ҳунарҳои мардумии шаҳри Панҷакент 76 навъи ҳунармандӣ шомил гардида, беш аз 1140 нафар ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо имрӯз ҳунарҳои зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, кандакорӣ, кундалнигорӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва ғайраро ривоҷ дода истодаанд.

Нигина Икромӣ роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди эҷодии Тоҷикистон” ва ҳамзамон муассиси корхонаи “Деҳаи Гулзар” аст. Ӯ чанд моҳ пеш дар саҳифаи фейсбукаш аз ташаббуси муҳимаш, ки марбут ба муаррифи ҳунарҳои мардумӣ аст, иттилоъ дод, ки пас аз як соли кӯшишу омодагиҳо, сафарҳо, густариши равобит бо созмонҳои дахлдор ва баргузории мулоқотҳо президенти кишвар иқдоми ба даст овардани унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” барои шаҳри Панҷакентро пуштибонӣ кард.
“Сазовори чунин унвон шудани шаҳри бостонии Панҷакент заминаеро фароҳам меорад, ки ҳунарҳои миллӣ дар сатҳи нав рушд ёфта, ба таври васеъ муаррифӣ гардад. Ин шаҳр бо ба даст овардани эътирофи байналмилалӣ ба як қисми шабакаи ҷаҳонии шаҳрҳои ҳунармандӣ табдил хоҳад ёфт. Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳр афзуда, сармоягузорӣ барои пешрафти ҳунармандон бештар мешавад”, – ба ин назар аст ӯ.
Унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” аз ҷониби Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ба шаҳрҳое нисбат дода мешавад, ки аз лиҳози фарҳанг ва ҳунармандӣ таърихи кӯҳан дорад ва то имрӯз дар он ҳунарҳои нодир ривоҷ меёбад.
Шӯрои макзкур мақоми машваратии назди ЮНЕСКО-ро дошта, ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратист. Фаъолияти он ҷиҳати ҳифз, маъмулгардонӣ ва рушди санъати амалӣ ва ҳунарҳои анъанавӣ равона шудааст. Барномаи “Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ” соли 2014 оғоз ёфта, дар тӯли 10 сол беш аз 60 шаҳр аз кишварҳои гуногун ба он ҳамроҳ шуданд. Имрӯз ин барнома аз саросари ҷаҳон ҳазорон ҳунармандонро ба ҳам овардааст.

Нигина Икромӣ зиёда аз 15 сол таҷрибаи кор дар самти рушди ҳунарҳои мардумиро дорост. Бо саҳми ӯ ва гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод кардани шаҳри Панҷакент ба унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар бахши сӯзанидӯзӣ омода гардида, ба талаботи Шӯро мутобиқ гардонида шуд.
“Албатта, дар ин самт ҳамкорӣ бо намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор сурат гирифт. Тибқи талаботи Шӯро бояд ба ҳунармандони шаҳр грантҳо ҷудо шавад, озмунҳо барпо гардад”, – хушбоварона илова кард мавсуф.
Зимнан, мо бо се бонуи сӯзанидӯзи шаҳри Панҷакент ҳамсуҳбат шудем, ки онҳо аз унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” гирифтани шаҳрашон руҳбаланд шудаанд.
Қиссаи сӯзанидӯзи 70 сола
Матлуба Аминова сӯзанидӯзи солмандест, ки дар маркази шаҳр кору зиндагӣ дорад. Ӯ ба синни 70 расидаву аз сӯзанидӯзӣ дур нашудааст. Ҳамзамон, вай устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, ба донишҷӯён ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ ва қуроқдӯзиро меомӯзонад. Онҳо пас аз хатми донишкада соҳиби диплом ва шаҳодатнома мешаванд.

“Хонандаи синфҳои болоӣ будам, баъд аз дарсҳо вақтро беҳуда намегузаронидам. Ба кори сӯзанидӯзии модарам ёрӣ медодам. Дар рӯйи матоъ нақши “оба”, ки дар гирди нақши гул медӯзанд, медӯхтам”, – ба ёд меорад ӯ.
Сӯзанидӯзи забардаст имрӯз ҳам вақти қиммати умрро барабас намегузаронад. Барои таҳия кардани ҷиҳози хонаи арӯсӣ, ки аз рӯйҷо, болинпӯшу кӯрпа, рӯймол, камарбанд, куртаи чакан иборат аст, фармоиш мегирад.
“Вақте ба хона арӯс мебиёранд, ба сари навхонадорон матои гулдӯзие мепартоянд. Боз дар болинпӯши онҳо, ки аз матои сафед аст, нақши гули сиёҳ низ дӯхта мешавад. Ба он маъно, ки инсон дар зиндагӣ ба баландию пастӣ дучор мешавад.

Гӯё ин рамзҳо ба навхонадорон мефаҳмонад, ки дар зиндагӣ мубориз будан лозим аст. Дар мобайни сӯзанӣ нақши гули сурх низ дӯхта мешавад, ки аз барпо шудани зиндагии оилаи нав дарак медиҳад. Ҳамаи ин нақшҳо дар рӯйи матои сафед дӯхта мешавад, ки ин ранг рамзи бахти сафедро дорад”, – илова кард Матлуба Аминова.
Сӯзанӣ ва пайвандии он бо ҳаёти инсон
Агар як нақш бо риштаи сиёҳ кашидадӯзӣ шуда бошад, нақши дигар бо риштаи сафед дӯхта мешавад. Интихоби чунин ранг гӯё ивазшавии субҳу шомро ифода мекунад. Ё ранги зард нури офтобу ранги сабз ободиву хуррамиро бозгӯ месозад.
“Сӯзанӣ аз лаҳзаи таваллуд то охири умри инсонро дар худ ғунҷонида метавонад. Масалан, гаҳворапӯши кӯдакро низ сӯзанидӯзӣ мекунанд. Онро болои гаҳвораи тифл мепартоянд, то ӯ ҳис кунад, ки дар миёни нерӯҳои бадиву некӣ истодааст.
Дар девори навхонадорон низ сӯзаниҳои гуногунро меовезанд. Онҳо ҳам гӯё рамзан таъкид медоранд, ки зиндагии навхонадорон ба монанди нақшҳои сӯзанӣ аз роҳҳои пурпечутоб иборат аст.
Дар болои тобути шахси фавтида низ сӯзанӣ мепартоянд. Он гувоҳӣ аз он медиҳад, ки марҳум то лаҳзаи охирони умр бо пастиву баландиҳои зиндагӣ мубориза бурд”, – шарҳ дод сӯзанидӯзи пуртаҷриба.

Ҳунари меросӣ идома меёбад?
Сӯзанидузӣ барои Матлуба Аминова ҳунари меросист. Бибиву бибакалонаш низ бо ин ҳунар машғул буданд.
“Бибикалони модарам Мустадирой (соли таваллуд 1897), модаркалонам Муфарриха (соли таваллуд 1915) сӯзанидӯз буданд. Модарам Султоной Исмоилова (соли тавваллуд 1933) низ сӯзанидӯзӣ мекарданд. Акнун худам низ ба духтару набераам Мавзунаву Парвина сӯзанидӯзиро ёд додаам. Онҳо давомдиҳандаи ҳунари моянд”, – бо боварӣ афзуд Матлуба Аминова.
Қиссаи ҳунарманде, ки сӯзании 4 метрӣ офарид
Бибинисо Раҳмоноваи 63-сола бонуи ҳунарманди дигарест аз шаҳри Панҷакент. Ӯ ҳам ин ҳунарро аз модараш ба мерос гирифтааст. Вай хеле барвақт аз модар ятим монда буд. Имрӯз дар ҳар нақши сӯзаниҳои медӯхтааш симои модарашро мебинад.

“Дар ҳамсоягии мо занҳои сӯзанидӯзу қаламкаш зиёд буданд. Онҳо аксар вақт ба хонаи мо омада, дар гирди сандалӣ нишаста, бо гулдӯзиву ҷомадӯзӣ машғул мешуданд. Ман яккадухтари модар будаму саволҳои зиёде дар бораи сӯзанидӯзияш мепурсидам.
Модарам мегуфт, ки сӯзанӣ аслан ду навъ мешавад, қадимаи майдагулу калонгул. Аваллин бор бо раҳнамоии модарам дар рӯйи сачоқи сафед, ки хоначаҳои чоркунҷа дошт, гулдӯзӣ карда будам. Дар рӯйи сачоқу матоъҳои нолозим ибораи “хушбахт бошед”-ро гулдлӯзӣ мекардам. Оҳиста-оҳиста дастам дар сӯзанидӯзӣ рост шуд”, – қисса кард ӯ.

Агар қаблан дастранҷи Бибинисои наврас модарашро ба ваҷд меовард, пас имрӯз сӯзаниҳои Бибинисои чирадаст хориҷиёнро ба ҳайрат меорад. Ӯ барои сайёҳони итолиёӣ, швейсарӣ ва амрикоӣ, ки мафтуни сӯзаниҳояш шуда буданд, мастер-классҳо гузаронида буд. Боз маҳсули ҳунараш ба меҳмонони ҷопонӣ низ хеле писанд омада буд.
Эҷоди сӯзании дарозтарин
Ба наздикӣ Бибинисо Раҳмонова сӯзание дӯхт, ки дарозиаш 4 ва бараш 2,5 метр аст. Ӯ онро бо омӯзиши нақшҳое, ки дар намунаҳои сӯзании асри XVI вомехӯрад, офарид. Гӯё нақшҳои таърихии сӯзаниро дубора зинда кард. Онро барои оро додани хонаи домоду арӯс метавон истифода бурд. Дар сӯзанӣ нақшҳое бо ранги сиёҳу сафед дӯхта шудаанд, ки рамзи шабу рӯзро мефаҳмонад.

“Дар мобайни сӯзанӣ нақши анор ҷой дорад. Анор рамзи меҳру муҳаббату мустаҳкамии оиларо дорад. Донаҳои зиёди ин мева ишора ба серфарзандӣ ва ба ҳам наздик будан аст”, – шарҳ дод сӯзанидӯз.
Чаро дар Тоҷикистон ҳунарҳои дастӣ камтаваҷҷуҳ шуда буд?
Бонуи ҳунарманд ба ин назар аст, ҳунарҳои дастӣ дар ҳамсоякишвари Узбекистон солҳои пеш низ аз байн нарафта буд. Аммо дар Тоҷикистон чанд сол пеш ин ҳунарҳо бетаваҷҷуҳ монд. Албатта, як сабаби он таъсири муҳоҷират буд.
“Маблағе, ки муҳоҷирон ба хона мефиристанд, аксари бонувонро каме танбал кард. Ҳамин сабаб шуд, ки бисёр ҳунарҳо қариб фаромӯш шаванд. Дар гузашта аксари духтарон дар хона бо ҳунаре машғул мешуданд. Онҳо болинпӯш, рӯйҷо, гаҳворапӯш, тахмонпӯш ва сандалипӯш медӯхтанд. Ҳатто рӯйи деги ошдонро бо гулҳои дӯхташуда зеб медоданд”.
Костюми гулдӯзишуда дар матои адрасу атлас
Алҳол мавсуф бознишаста асту вақти зиёдро барои нигоҳубини набераҳо бахшидааст. Аммо барои сӯзанидӯзӣ ва
шогирд тарбия кардан ҳам вақт меёбад.
“Шогирдонам имрӯз бо шавқ дар рӯйи болин, костюм, камзӯл гулдӯзӣ карданро ёд гирифта истодаанд. Тақрибан ба 50 шогирд сӯзандӯзиро омӯзонидам. Имрӯз дар вақти холӣ болинпӯши гулдӯз тайёр мекунам.
Ният дорам, ки дар матои адрасу атлас гулдӯзӣ карда, аз он костюми гулдӯзӣ барои бонувон пешкаш кунам. Мо мехоҳем, ки ҷавонон низ ин ҳунарҳоро ёд гиранд ва ба наслҳои оянда мерос гузоранд”, – хулоса кард Бибинисо Раҳмонова.
Нигоҳи нав ба сӯзанӣдӯзӣ
Хайриниссо Ғаниева боз як сӯзанидӯзи хушкори шаҳри Панҷакент аст. Ӯ 52-сола буда, ин ҳунарро замоне аз худ кард, ки ҳамагӣ 15 сол дошт. Сӯзанидӯзиро аз як ҳамсоязан омӯхт.

Вай имрӯз дар рӯйи болин, дастархон, ҷузвдон, ҳамён, халта, сарпӯшҳои майда барои телефону айнак сӯзанидӯзӣ мекунад. Нақшҳои гули анору лоларо дар сӯзанӣ бештар меофарад, чунки инҳо нақшҳои классикии тоҷикӣ мебошанд.
“Гулдӯзии нахустинамро дар ёд дорам, он ҷойинамоз буд. Вақте кор бо сӯзану риштаҳоро хуб ёд гирифтам, рӯйҷо, болин ва дигар чизҳои ороиширо гулдӯзӣ мекардам. Он замон ва имрӯз низ гулдӯзиҳоро бештар дар тӯйҳо истифода мебаранд”, – шарҳ дод бонуи ҳунарманд.
Ӯ дар кори сӯзанидӯзӣ, асосан, риштаҳои «Ирис»-ро истифода мебарад. Онро аз шаҳри Маскав дастрас мекунад. Масалан, барои гулдӯзии як болинпӯш аз 3 то 4 хел ришта, ки рангҳои гуногун дорад, кор мефармояд.
“Як калобачаи майдаи ин ришта, ки ҳамагӣ 25 грамм вазн дорад, 15 сомонӣ нарх дорад. Ман бештар риштаи рангҳои сурх, сурхи баланд, сиёҳ, кабуд, сабз ва зардро истифода мебарам. Ҳар ранг маънои хосеро дорад”, – фаҳмонид Хайринисо.
Чаро ҷавонон ба омӯзиши сӯзанидӯзӣ аҳамияти кам медиҳанд?
Ҳоло бо вай ду шогирд кор мекунад. Яке ҷиянаш аст ва дигаре духтари ҳамсоя. Ҳунарманд борҳо аз дигарон шунида, ки гӯё омӯхтани сӯзанидӯзӣ осон нест, сабру таваҷҷуҳи зиёд мехоҳад.

“Бале, дуруст, аммо ин ҳунар сабру таваҷҷуҳ ва шавқу рағбатро мехоҳад. То имрӯз ба ҳашт нафар ҳунарамро ёд додаам. Лекин бисёре аз ҷавондухтарон вақте барои шогирдӣ наздам меоянд, мегӯянд, ки сӯзанидӯзӣ кори дилтангкунанда аст”, – бо нигаронӣ нақл кард Хайринисо.
Маҳсули дасти ин бону низ ба хориҷиён писанд омадааст. Аксари онҳо корҳои ӯро аз тариқи марказҳои сайёҳӣ мехаранд. Масалан, як ҷувздонеро, ки гулдӯзӣ карда буд, сайёҳе ба нархи 70 сомонӣ харид.
Назаре ба таърих
Муаррихон дар заминаи корҳои тадқиқотӣ маълум кардаанд, ки дар Саразми бостон навъҳои зиёди ҳунарҳо рушд ёфта буд.
Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих гуфт, ки шаҳри қадимаи Панҷакент яке аз марказҳои маъруфи тамаддуни тоҷикон дар тӯли таърих буда, таваҷҷуҳи зиёди муҳаққиқон ва олимонро ба худ ҷалб кардааст. Таърихи шаҳри қадимаи ин шаҳр дар осори муаррихони Юнон, Рими қадим, инчунин, дар навиштори сайёҳони чиниву сарчашмаҳои арабӣ ва дигар манобеи таърихӣ инъикос ёфтааст.

“Солҳои 70-уми асри гузашта бостоншиноси тоҷик Абдулло Исҳоқиро ҳамчун нахусткашшофи шаҳркадаи Саразм шинохта шуд. Бозёфти шаҳркадаи Саразм исбот сохт, ки беш аз 5500 сол қабл дар ин мавзеъ шаҳре бо фарҳанги баланди меъморӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат вуҷуд дошт”, – иброз дошт муаррих.
Бино ба зикри Шавкат Шарипов, бозёфтҳои беназири таърихии Саразм, аз ҷумла, иморатҳои бошукуҳ, дӯконҳои тиҷоратӣ, мақбараи маликаи Саразм ва ғайра ба сатҳи баланди ҳаёти моддиву маънавӣ расидани он аҳдро далолат медиҳад. Дар он аҳд ҳунарҳои фулузгудозӣ, кулолгарӣ, сафолпазӣ, заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд.
“Сокинони Панҷакент имрӯз низ бо маҳорати баланд ба ҳунарҳои наққошӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, ороишгарӣ ва кордсозиро ривоҷу равнақ медиҳанд. Аз ин рӯ, аз лиҳози таърихи асоси заминавӣ дорад, ки шаҳри Панҷакент бо унвони “Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ” шарафёб гардад”, – гуфт Шавкат Шарипов.
Ёдовар мешавем, ки соли сипарӣ шаҳри Истаравшан бо ҳунари мушаххаси кордсозӣ мақоми “Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ”-ро соҳиб гардида буд.
Зимнан, интизорӣ меравад, ки шаҳрҳои дигари вилояти Суғд, аз ҷумла, Хуҷанд ва Исфара ҳам ба узвияти “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” шомил карда шаванд. Чанде аз шаҳрҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ низ чунин унвонро гирифтаанд.
Файзуллохон Обидов









