fbpx

Аз кори бонк то ҳунари дастӣ. Чӣ тавр бонуи тоҷик дар декрет ҳунар омӯхт

Қиссаи Мӯниса намунаест, ки чӣ гуна занон дар декрет метавонанд на танҳо вазифаҳои модариашонро хуб иҷро кунанд. Ӯ шуғли худро ба тиҷорати хурд табдил дод.


1
1 point

Мӯниса Рустамова бонуи иқтисоддонест, ки дар ду рухсатии ҳомиладориаш (декрет), фориғ аз кор дар бонк ҳунари дастӣ омӯхт ва онро ба як тиҷорати хурд табдил дод.

Ҳунари дастиро аз муҳрабофӣ оғоз кард ва баъдан технологияи икатро бо гили полимерӣ азхуд намуд. Ӯ ҳоло ҳар гуна ороишот бо нақшу нигори миллӣ меофарад.

Дар аввал танҳо барои фориғшавӣ аз ташвишҳо ва оромиши асаб машғул мешуд, ҳоло бошад, ҳунар ба як қисми ҳаёташ табдил ёфтааст. Мӯниса ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки барои омӯхтани ин ҳунар чӣ мушкилиҳоро паси сар кард, барои оянда чӣ нақшаҳо дорад ва дастгирии наздикон то чӣ андоза муҳим аст.

Кор дар бонк ва муҳрабофӣ

Мӯниса Рустамова, зодаи деҳаи Хистеварз аст. Баъди хатми мактаби деҳа соли 2005 ба Филиали Донишкадаи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ихтисоси иқтисоддон-барномасоз дохил шуд. Баъди хатми мактаби олӣ соли 2010 дар “Имон интернейшнал” корро оғоз намуд.

Давоми 14 соли фаъолият аз мутахассиси кор бо муштариён то ба дараҷаи мутахассиси пешбар расид.

“Тақрибан соли 2013 буд, ман ба як ҳолати дипрессионӣ афтидам. Ҳамон вақт яке аз ҳамкоронам, ки нав ҳамчун хазинадор ба кор қабул шуда буд ва шуғли бо муҳра эҷод кардани ҳар гуна чизҳоро дошт, диққати маро ҷалб кард. Ба ин шуғл аз кӯдакӣ шавқ доштам, вале бароям як таконе лозим буд. Аз ҳамкорам хоҳиш кардам, ки ба ман низ ёд диҳад”,- нақл мекунад Мӯниса.

Ҳамин тавр, вақти фориғ аз кор ё ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ Мӯниса бо ҳамкораш муҳрабофӣ мекард. Ба гуфтаи худаш, бо кӯшиши зиёд ин шуғлро зуд азхуд кард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Handy craft💫 (@handycraftbymunisa)

Қаҳрамони мо аз паси шуғли нави омӯхтааш шуда, муҳраву мис ва шабаву марворид дастрас кард. Ӯ акнун аз онҳо ҳар гуна шаклҳо ва тасвирҳо меофарид.

“Чизҳои эҷодкардаамро дар аввал ба наздикону пайвандон ва дугонаву ҳамкоронам туҳфа мекардам. Вале маҳсули дастонам хеле зиёд буданд. Он вақт дар бораи рекламаву фурӯши онҳо тамоман фикр накарда будам”,- ба хотир овард ӯ.

Ҳунари дастӣ – василаи оромиши рӯҳӣ дар вақти рухсатӣ

Мӯниса соли 2015 оиладор шуд. Ӯ мегӯяд, аз замони мактабхонӣ масъулияти бештареро эҳсос мекард ва наметавонист дар хона бекор нишинад. Вале вақте ҳомила шуду ба рухсатӣ баромад ва фарзанд ба дунё овард, дар хона дилтанг мешуд.

“Фикр кардам ва ба хулосае омадам, ки бо шуғли дӯстдоштаам машғул шавам. Дар оғоз намедонистам, ки маҳсулоти лозимаро дар Тоҷикистон низ ёфтан мумкин аст. Тариқи AliExpress марворидҳои ҳақиқӣ ва боз чизҳои дигар фармоиш додам. Фармоишам баъди ду моҳ расида омад”,- мегӯяд ӯ.

Ҳамин тавр, Мӯниса дар вақти хоби кӯдакаш машғули кор мешуд. Маҳсули дастонаш зиёд шуданд. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳе бо номи “Жемчужинка” (Марворид) таъсис дод, зеро ин навъи ороишотро хеле дӯст медорад.

“Вақте дар гурӯҳ аввалин эълони худро гузоштам, мудири гурӯҳи фейсбукии “Ман Хуҷандро дӯст медорам” онро дар ин гурӯҳ бознашр карданд. Ҳамин тавр, аъзоёни ин гурӯҳ ба ороишоти офаридаам ҳавасманд шуда, фармоиш карданро оғоз намуданд. Рӯзона бо фарзандам ва баъзе корҳои хона банд шуда, фармоишҳоро шабона тайёр мекардам”,- нақл кард ҳунарманд.

Ба гуфтаи Мӯниса, ин шуғл барояш василаи оромӣ ва дамгирии рӯҳӣ буд. Вале соли 2018 ӯ аз декрет баромада, ба кор баргашт ва муддате натавонист бо ҳунарҳои дастӣ машғул шавад.

Декрети дуюм ва омӯзиши кор бо гили полимерӣ

Соли 2020 қаҳрамони мо дубора ба рухсатии ҳомиладорӣ баромад ва дар дилаш завқу хоҳиши офаридани зебоӣ дубора ҷӯш зад.

Ин дафъа ӯро кор бо гили пухтаи полимерӣ ба худ ҷалб кард. Дар давоми ду моҳ вай нозукиҳои ин ҳунарро бодиққат омӯхт.

“Мо дар Русия будем. Шавҳарам кор мекард ва ман бо ду кӯдаки хурдсол дар хона менишастам. Дар интернет намунаҳои кор бо гили полимериро дидам ва фикр кардам, ки аз он чӣ гуна ороишоти миллӣ омода кардан мумкин аст”,- ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Мӯниса баъди ҷустуҷӯҳо коркарди икатро пайдо кард, ки нақшу нигори он ба ороишоти шарқӣ монанд аст.

То ҳол баҳсҳо дар бораи пайдоиши коркарди икат идома доранд. Баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки он дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст, баъзеи дигар пайдоиши онро ба Ҳинд рабт медиҳанд.

“Аммо, модаркалонҳоямон аз матоъҳо бо ороишии икат барои худ либос медӯхтанд. Матоъ бо чунин намуна имрӯз на танҳо дар байни сокинони кишвар ва минтақаи мо, балки дар тамоми ҷаҳон маъмул боқӣ мондааст. Имрӯз икат ба гили полимерӣ низ дастрас аст”,- қайд мекунад Мӯниса.

Гили полимерӣ чизи аҷиб аст, мегӯяд ҳунарманд. Мисли пластилин мулоим аст ва аз он шаклу нақшҳои гуногун сохтан мумкин. Бо технологияи икат бошад, ҳунармандон нақшу нигори атласу адрасро эҷод мекунанд.

Мӯниса бо кунҷковӣ ва ҳавасмандӣ нозукиҳои ин корро давоми 5-6 моҳ дар фазои интернет омӯхт. Каме маблағ пайдо карду навъи хуби гили полимериро фармоиш дод. Инчунин, асбоби корӣ низ пайдо кард. Вале аз оғоз кардан ба кор метарсид.

“Гили полимериро дар тафдон пухтан лозим. Мо дар хонаи иҷора менишастем ва метарсидам, ки тафдони онро вайрон мекунам. Баъди чанде бояд ба Тоҷикистон бармегаштем ва қарор додам, ки корро беҳтараш дар Ватан сар мекунам”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Аввалин таҷрибаи ноком бо технологияи икат

Тобистони 2022 ба Тоҷикистон баргашт ва корашро дар бонк идома дод. Ҳунари дастиро бо технологияи икат аз аввали соли 2023 сар кард.

Мӯниса мегӯяд, кор бо гили полимерӣ ва технологияи икат нозукиҳои худро дорад ва то як андоза мушкил низ аст. Пеш аз ҳама, ҳангоми кор бояд тозагӣ қатъан риоя шавад.

Пеш аз гузоштани маҳсулот ба тафдон бояд эҳтиёт кард, то ба он ягон чангу чирк начаспад. Ҳангоми пухтан ҳароратро мувофиқ кардан низ муҳим аст, вагарна тамоми маҳсулотро вайрон кардан мумкин аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Handy craft💫 (@handycraftbymunisa)

“Дар оғози кор каме ба хато роҳ додам. Гӯшворҳои офаридаамро ба тафдон мондам, вале 10 дақиқа нагузашта, ҳамааш сӯхту бӯйи ғализ хонаро фаро гирифт. Тафдонро бояд дар 110 дараҷа гармӣ ба муддати 30 дақиқа мемондам, вале ҳароратро каме баланд гузошта будам”,-  аз таҷрибаи худ бо табассум ба ёд овард Мӯниса.

Таҷрибаи дуввум ва муваффақият

Ӯ каме рӯҳафтода шуд ва ба худ хулоса кард, ки ин корро карда наметавонад.  Вале фарзанди калониаш бо лаҳни кӯдакона гуфт, ки шояд барои санҷиш аввал як дона гӯшворро дар тафдон мемонд беҳтар буд ва хоҳиш кард, ки ҳамин тавр кунад.

Барои гапи тифлашро дар замин намондан тафдони дигар гирифт, аз гили полимерӣ бо технологияи икат гӯшвори нав сохт ва барои пухтан ба тафдон гузошт. Ин бор ӯ тавонист.

“То иди Наврӯз маҳсули дастонам хеле зиёд ҷамъ шуданд. Дар гурӯҳҳои фейсбукӣ эълон гузоштам ва ҳамаи онҳоро фурӯхтам. Харидорони кори дастиям асосан аз Душанбе ҳастанд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Handy craft💫 (@handycraftbymunisa)

Дар давоми якуним соли кор Мӯниса аз гили полимерӣ зиёда аз якуним ҳазор ороишот офарид. Ҳар яки онҳо гуногунанд ва ба ҳамдигар монанд нестанд.

“Моҳи марти соли 2023 бо чанде аз ҳунармандоне, ки ман мешинохтам, ҳамсуҳбат шудам ва аз онҳо пурсидам, ки чӣ тавр дар намоишгоҳҳои ҳунармандон иштирок карда метавонам. Як ҷамъияти ҳунармандон ба ҳунари ман баҳои хуб дод ва маро ба намоишгоҳи худашон, ки моҳи май дар Душанбе баргузор гардид, даъват кард”,- нақл мекунад бонуи ҳунарманд.

“Мехоҳам дигар ҳунарҳои дастиро низ азхуд кунам ва ба дигарон омӯзонам”

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти дастиро асосан одамони эҷодкор харидорӣ мекунанд. Зеро онҳо ин гуна ашёро нисбат ба истеҳсоли саноатӣ афзал медонанд. То имрӯз Мӯниса дар чандин намоишгоҳу фестивалҳои дигар низ иштирок карда, офаридаҳояш таваҷҷуҳи муштариёну дӯстдорони ҳунари дастиро ҷалб кардааст.

Ӯ дигар фурсати муносиб намеҷӯяд. Рӯзона дар бонк кор мекунад ва пас аз кор, то нисфи шаб машғули зебоиофарӣ мешавад. Мегӯяд, ин ӯро хаста намекунад, баръакс як василаи оромсозии асаб ва дуршавӣ аз ташвишҳои ҳаррӯза аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Handy craft💫 (@handycraftbymunisa)

Дар оянда бо пайдо шудани имкон мехоҳад як устохонаи хурде таъсис дода, ақаллан ду ё се нафарро ҳамроҳ гирад ва ба онҳо ҳунари дастиро омӯзонад. Дар баробари онҳо худаш низ мехоҳад дигар намуди ҳунарҳои дастиро низ азхуд кунад.

“Ҳар як эҷоди ман дар худ навгоние дорад. Дар намоишгоҳҳо муштариёни ҳамешагиям низ инро пай бурдаанд”,- қайд намуд бонуи ҳунарманд.

“Дастгирии беҳтарин аз ҷониби шавҳар ва хушдоманам аст”

Мӯниса мегӯяд, ҳоло чизе, ки барояш андаке мушкил эҷод мекунад, ин надоштани реклама аст. Барои пешбурди саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақти кофӣ намеёбад. Бо вуҷуди ин, шавҳараш ба ӯ кӯмак мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Муниса Рустамова (@munisa4016)

“Барои рекламаи маҳсулот ва пешбурди он дар шабакаҳои иҷтимоӣ як нафар лозим аст. Ҳоло бо шавҳарам шабҳо вақт ёфта, ороишотро акс гирифта, то андозае таблиғ мекунем. Вале ин ба назарам кофӣ нест”,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Мӯниса, ҳоло дастгирии беҳтаринро фақат аз шавҳару хушдоманаш дидааст.

“Вақте ба муддати якчанд рӯз ба сафарҳо меравам, онҳо кӯдаконро нигоҳубин мекунанд. Ба боғчаву мактаб мебаранд. Ин барои ман кӯмаки беҳтарин аст”,- изҳори қаноатмандӣ кард ҳамсуҳбати мо.

Мӯниса Рустамова бо оилааш

Бонуи ҳунарманд бисёр идеяҳои тозаро аз бародараш мегирад. Ӯ низ шахси эҷодкор аст.

Қиссаи Мӯниса Рустамова намунаест, ки чӣ гуна занон дар декрет метавонанд на танҳо вазифаҳои модариашонро хуб иҷро кунанд. Модари ду фарзанд тавонист шуғли худро аз як василаи вақтгузаронӣ ба тиҷорати рушдёбанда табдил диҳад.

Қиссаи ҳаёти ин ҳунарманд аз он дарак медиҳад, ки барои рушду такмили ташаббусҳои бонувон фароҳам овардани муҳити мусоид ва дастгирӣ то чӣ андоза муҳим аст.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend