Бонки миллӣ тангаҳои намунаи навро ба муомилот баровард
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2022-ро бо “сомонӣ” – бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва бо “дирам” – бо арзиши номиналии 50 дирам ба муомилот баровард.
Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, тангаҳои намунаи нав аз 1 июл дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Ҳадаф аз ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав “таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ бар асоси қарори Раёсати БМТ аз 30 июни соли 2022” унвон мешавад.
Гуфта мешавад, Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.
Ёдрас мекунем, ки пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Ин воҳиди пулӣ рубли тоҷикии қаблан мавриди истифода қарордоштаро иваз намуд.
Айни замон дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ (500, 200, 100, 50, 20, 10, 5, 3 ва 1 сомонӣ) ва тангаҳои фулузии (50, 20, 10, 5, 2 ва 1 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ) дар муомилот қарор доранд.
Русияро маҳдудиятҳо коронавирусиро бекор мекунад. Тоҷиконро чӣ интизор аст?
Ситоди фаврии пешгирии вуруд ва паҳншавии сирояти коронавируси Русия дар бораи ифтитоҳи сарҳадҳои заминии Русия аз 15 июл қарор қабул кард.
“Баъди баррасӣ ситод тасмим гирифт, ки аз 15 июли соли 2022 маҳдудиятҳои муваққатӣ дар гузаштани сарҳади давлатии Русия бар асари эпидемияи коронавирус бекор карда мешаванд”, – менависад Известия бо истинод ба ситод.
Рӯзи 1 июл маълум шуд, ки роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳои бар асари COVID-19 ҷоришуда қарор ба имзо расонидааст.
Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар бекор карда мешаванд. Саҳеҳ мешавад, ки қарор бо сабаби коҳиши ҷараёни сироят аз вирус қабул шудааст.
Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо роҳи ҳавоӣ аз марзҳои Русия гузашта метавонанд. Аз Қазоқистон ба Русия бо роҳи заминӣ тоҷикистониён танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона бо доштани асосҳои иловагии бо ҳуҷҷат тасдиқшуда ворид шуда метавонанд.
Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки Манора ба худ 26 зарбаи корд зада, худкушӣ кардааст
Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки тафтиши пешакии далели марги зани 25-солаи сокини Файзобод Манораи Абдуфаттоҳ нишон додааст, ки ӯ худкушӣ кардааст.
Гуфта мешавад, бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз далелҳои пешакии мазкур, тафтиши парванда идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, 22 июни соли 2021 ӯ ҳангоми дар ноҳияи Файзобод қарор доштанаш, бинобар муомилаи бераҳмонаи наздикон бо истифода аз корди ошхонагӣ ба мавзеи гардан ва шиками худ зарбаҳои халанда ва буранда зада, он сабаби хунравии шадид гаштааст.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Манора – Абдуфаттоҳ Мисоқов бовар надоранд, ки духтар ба худ 26 зарбаи корд зада бошад.
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон муайян шуд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ қарор кард, ки рӯзи Иди саиди Қурбон 9-уми июл таҷлил карда шавад.
“Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи шанбе 9-уми июл рост меояд”, – омадааст дар хабари маркази Исломии кишвар.
Шӯро ҳамчунин баргузории намози Иди Қурбонро соати 06:00 дақиқа муайян кардаааст.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июл дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатанд.