Масҷиди калони Тоҷикистон

Расман рӯзи таҷлили Иди Қурбон эълон шуд

Шӯрои уламои Тоҷикистон расман рӯзи Иди Қурбонро 28-уми июн, чоршанбеи ҳафтаи оянда эълон кард.  Ин тасмим имрӯз, 21-уми июн дар ҷаласаи Шӯрои уламо гирифта шудааст.

“Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба чоршанбеи 28-уми июн рост меояд”,- менависад маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”.

Ба иттилои манбаъ, намози идро соати шаши субҳ мехонанд.

Ҳамзамон Шӯрои уламо имомхатибонро масъул кардааст, ки дар мавъизаҳои худ дар бораи пуштибонӣ аз ятимону бепарасторон, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва назорати кӯдакону наврасон ҳангоми “идгардак” суҳбат кунанд.

Иди Қурбон солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ аст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону дидани хешутабор мераванд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯйи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар дохил карда буд.

Ба ин тартиб, аввали ҳафтаи оянда тоҷикистониён ба ҳисоби рӯзи якшанбе чор рӯз пай дар пай истироҳат хоҳанд кард.

Бо мақсади таъмини давомнокии рӯзҳои ид бидуни танаффус тибқи қарори “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари корӣ дар соли 2023” рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Skip to toolbar