fbpx

“Нотавон нестам”. Зане, ки дар аробачаи маъюбӣ шеърҳои равон эҷод мекунад

Қаҳрамони мо то синни 6 солагиаш солиму мисли ҳама кӯдакони дигар серҳаракат будааст. То он рӯзе, ки ба бемории зуком дучор шуд.


0
Сайёрабону ба маъюбияташ нигоҳ накарда эҷоди хуб дорад

Сайёрабону занест, ки зиёда аз 40 сол боз қобилияти роҳ гаштанро бо баъзе омилҳо аз даст додааст. Вале аз ин ҳаргиз руҳафтода нест. Пайваста дар ҷустуҷӯи илм мебошад. Бо серҳаракатӣ ва кӯшишу ғайраташ дар роҳи илмомӯзӣ ӯ тавонистааст мавқеи худро дар ҷамъият пайдо намояд. Сайёраро ҳамчун шоираи ширинкалом мешиносанд ва ашъори ӯро меписанданд.

Муаллифи Your.tj бо ин бонуи зиндадил ва эҷодкор ҳамсуҳбат шуда, нақл кард, ки чӣ тавр ӯ бе руҳафтодагӣ мушкилиҳоро бартараф мекунад ва машғули эҷод мешавад.

Зани маъюб, ки шеър менависад

Кӯдаки солим чӣ тавр аз пойҳои равон маҳрум шуд?

Сайёрабону Баҳодурзода 50 сол дорад. Ӯ зодаи шаҳри Истаравшан буда, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди таҳсил дар мактаби № 10-и ба номи Ҷалил Ҷабборӣ, соли 1999 ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2004 хатм намудааст.

Қаҳрамони мо то синни 6 солагиаш солиму мисли ҳама кӯдакони дигар серҳаракат будааст. То он рӯзе, ки ба бемории зуком дучор шуд.

“Ҳарорати баданам то  40 дараҷа боло рафт. Табобати духтурон натиҷа намедод ё баръакс онҳо намедонистанд чӣ гуна табобат кунанд. Ҳамин тавр ман баъди он беморӣ дигар роҳ гашта натавонистам”,- нақл кард Сайёра.

Ҳамин тавр, ӯ пас аз якуним соли табобат ба мактаб меравад. Ба гуфтаи ӯ бемориаш он қадар ҷиддӣ набуд ва агар ташхиси дурусту табобати оқилона мебуд, ба ин ҳолат намеафтод. Як омили дигари ба маъюбият гирифтор шуданашро Сайёра аз тарс медонад. Ба гуфтаи ӯ дар наздикии ҳавлиашон қабристон будааст. Замони кӯдакӣ аз назди он гузар карда, тарсидааст.

Қаҳрамони мо ба мактаб ба пойи худ рафта меомад. Ин барояш хеле душвор буд, вале намехост ба аробачаи маъюбӣ нишинад.

“Духтурон таъкид мекарданд, ки аз аробача истифода кунам. Роҳгардиам ҳам рӯз аз рӯз вазнинтару мушкилтар шуд. Ҳамин тавр, маҷбур шудам аробачаи маъюби гирам”,- ёд аз рӯзҳои талх кард Сайёра.

“Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳеҷ гоҳ таҳсилро тарк накардам,- афзуд ӯ. Эҷод мекардам ва модарам ҳамеша ҳамроҳу ҳамрози ман буд. Аввалин шеърамро низ бо номи “Модар – ту бахти ман” ба ӯ бахшидаам”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.

замони донишҷӯӣ

Нақши қалам дар ҳаёти Сайёра

Ӯ дӯстдори зиндагист ва аз тақдири худ ҳаргиз  наменолад. Ҳамеша шукри нафасҳо мекунад. Сайёра ба Ватан, ба инсонҳо ва тақдиру қисмати инсонӣ бо назари нек менигаррад. Ин бонуи эҷодкор дар дил орзуву ниятҳои нек дорад. Ин ҳамаро қаҳрамони мо дар ашъори худ таҷассум намуда, пешкаши хонандагонаш мегардонад.

Шеърҳои нахустини Сайёра ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-ум дар маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, ба монанди “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҷумҳурият”,  “Ҳақиқати Ленинобод”, “Нилуфар”, “Тирози ҷаҳон”, “Паёми Исторавшан”, “Заҳматкаш”, “Корвони умед” интишор ёфтаанд.

Соли 1997 аввалин маҷмӯаи ашъораш дар матбааи шаҳри Истаравшан бо номи “Шукуфаҳо”, баъдан “Рози дил” (с.1999), “Дурахши ахтарон”, “Оинаи меҳр”, “Қудрати ишқ”, “Султони қалбам” ва “Умеди висол” ба нашр расидааст.

Ғайр аз ин, як зумра шеърҳои Сайёра дар китобҳои “Дастагул” – бахшида ба 70-солагии рӯзномаи  “Паёми Истаравшан”, “Ҳусни зиндагӣ” – ба муносибати 2500-солагии шаҳри Истаравшан, “Дар ин дунё”-и профессор Карим Абдулов, “Армуғони адибони Истаравшан”- бахшида ба 2700 -солагии Кӯлоб ва “Баёзи Истаравшан” дарҷ гардидаанд.

дар донишгоҳ

Дунёи ботинии зани эҷодкор

Сайёра борҳо дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, барои эҷоди шеърҳои “Хати сиёҳ” (соли 2000-ум) бахшида 55-солагии Иди Ғалаба, соли  1996 ба муносибати 675-солагии ҷашни Шайх Камоли Хуҷандӣ соҳиби ҷойҳои намоён шудааст. Аз соли 2008 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2018 аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо санъаткорону ҳофизони вилояти Суғд ба монанди Олимҷон Воҳидов, Ҳусейн Юсупов, Озода Аҳадова, Дилороми Меҳр, ансамбли “Фалак” – Давлатманд Қутбиддинов ва шодравон Қодирҷон Баротбоев гуруҳи “Чеҳра” ҳамкорӣ намуда, лаёқати оҳанг эҷод намуданро низ дорад.

Сайёра бо наздиконаш

Сайёра суханро зоҳиркунандаи рози инсон медонад. Ба андешаи ӯ, эҳдои ҳарфи хушу самимиро барои ҳамдигар беҳтарин василаи тақвияти меҳру муҳаббат медонад.

“Ҳар касе хулқу атвори ҳамида ва лафзи пок дорад, мисли шабнам тозаву шаффоф аст. Касеро, ки дилу забонаш як аст, озодии ду олам насибаш мегардад”,- афзуд ӯ.

Вақте бо эҷодиёти шоир аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, эҳсос мегардад,  ки ӯ аз осори ниёгон, бузургони сухан хеле хуб бархурдор аст. Доир ба мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёт, аз қабили ахлоқу тарбия, худшиносиву меҳанпарастӣ, таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ, бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат тавассути корбурди таркибу ифодаҳои бадеъ тавонистааст сухани тозаву ҷолиб гӯяд.

Тасвирҳои шоирона, ҳамнишинии вожаҳои дилнишин хоси сабки Сайёра буда, дар ҳар шеъре, ки хоҳ ба мавзӯи забон, Ватан, модар, падар,  масъалаҳои иҷтимоӣ навишта шуда бошад, дар мисраҳои ниҳоӣ албатта ба муҳаббат, ишқ ишора мекунад. Ин аз қалби ишқпарвар ва муҳаббатнавозии шоира дарак медиҳад.

Ба наздикӣ китоби нави шеърҳои Сайёра Баҳодурзода бо номи “Умеди висол” ба нашр расид. Барои ин ӯ аз роҳбарияти ҳукумати вилоят ҷиҳати дастгириашон миннатдор аст.

Раиси вилояти Суғд дар дидорбинии шоира

Умедворӣ аз рӯзҳои нек

Сайёра ҳоло таҳти ғамхории бародари ягонааш қарор дорад. Пас аз вафоти волидайн маҳз бародар дасти ӯро гирифтааст. Қаҳрамони мо бародарзодае ҳам дошт, ки ҳамеш дастёру мададгораш буд. Вале ӯ ҳам оиладор шуду Сайёра бе болу пар монд. Зеро ҷиянаш барои ӯ ҳамчун фарзанд буд. Айни замон Сайёра ба нафаре ниёз дорад ки ҳамеша бо ӯ ҳамроҳу ҳамроз бошад.

“Ман  боварӣ дорам, ки рӯзе саломатиам барқарор мешавад ва мисли дигарон бемалол роҳ мегардам. Ман инро ҳамеша аз Худованд талаб менамоям. Ба ҳамаи он шахсоне, ки мисли ман ҳастанд, гуфтаниям, ки ягон вақт  ноумед нашавед. Ин тақдири мову шумост, ки дар зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавем. Онро бояд бо сари баланд паси кард”,- таъкид кард Сайёра.

Назокат Юсуфова


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend