Фаришта Чутова яке аз бонувони вазнбардори боистеъдод мебошад, ки чанде пеш унвони устоди варзишро соҳиб гашт. Ба варзишгар шудани Фаришта ба ғайр аз модараш, ҳеҷ кас аз хешовандонаш розӣ набуданд ва ҳатто ӯро барои ба варзишгоҳ рафтанаш мезаданд. Аммо ин амалҳо пеши роҳи Фариштаро нагирифтанд ва ӯ варзишгар шуд.
Фаришта то замони ба даст овардани унвони устоди варзиш, ба мусобиқаҳо пинҳонӣ мерафт. Аз варзишгар будани ӯ танҳо модараш бохабар буд. Аммо пас аз пахши барномае дар телевизиони “Варзиш”, ки дар бораи Фаришта қисса мекард, назари хешовандон тағйир ёфт ва онҳо дигар барои тамрини ӯ монеа нашуданд.
“Ба мусобиқаҳои пинҳонӣ мерафтам”
“Тӯли панҷ сол ба мусобиқаҳо пинҳонӣ мерафтам. Модарам ҳамеша ба аҳли оила дурӯғ мегуфтанд, ки “Фаришта ба хонаи бибиаш рафтааст ё дар мактаб аст”. Соли 2018 дар мусобиқаи “Бозиҳои варзишӣ -2018” ҷойи аввалро ишғол кардам ва номзадии устоди варзишро соҳиб гаштам.
Баъд аз ин мусобиқа дар барои ман телевизиони “Варзиш” барномае омода кард, ки фикри аҳли оилаамро дигар карду онҳо дигар барои ба тамрин машғул шуданам, монеа эҷод намекарданд”,- гуфт Фаришта.
Фаришта Чутова соли 2021 бо бардоштани вазни 140 кг дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол кард. Баъди ин мусобиқа устоди варзиш дар риштаи вазнбардорӣ шуд.
“Маро дар хона мезаданд”
Фаришта соли 2001 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Дар оилаи онҳо духтарҳо ба варзиш машғул намешуданд, аммо соли 2012 дар мактабе, ки ӯ таҳсил мекард, варзишгоҳ кушоданд, ки он ҷо духтарҳо низ метавонистанд тамрин кунанд. Фаришта низ хост ба тамрин машғул шавад ва аз модар иҷоза мегираду ба тамрингоҳ меравад.
“Вақте ки ба тамрингоҳ мерафтам, аҳли оила розӣ набуданд. Маро дар хона амма ва амакхоям мезаданд, танбеҳ медонанд. Аммо ба онҳо аҳамият намедодам, чун модарам пуштибонам буданд. Ҳангоми ба хона баргаштан низ метарсидам, чун медонистам, ки фарзандони бибиям ҳатман маро меранҷонанд”,- бо алам нақл кард қаҳрамони мо.
Аммо ин амалҳо Фариштаро аз роҳи интихоб намудааш боз надоштанд. Ӯ мегӯяд, ки меҳри варзишро дар дилаш духтари амааш ҷо кардааст. Ӯ ки бо розигии волидайнаш ба варзиш машғул буд ва ҳам дар дигар деҳа зиндагӣ мекарданд, касе аз хешовандон пеши роҳашро намегирифтанд.
“Ҳар гоҳе ӯро бо либосҳои варзишӣ медидам ҳавасам то чанд боло мешуд ва ниҳоят ман низ аз пайи ӯ қадам ба сӯи варзиш ниҳодам”, – мегӯяд, Фаришта.
Ҷойи аввал дар мусобиқаи Осиёӣ
Сар аз синни 13 солагӣ Фаришта алакай дар мусобиқаҳо иштирок мекард. Ӯ дар синни 19 солагӣ дар мусобиқаи Осиёӣ бо бардоштани вазни 120 кг ҷойи аввалро соҳиб мегардад.
“Ин мусобиқа дар кишвари Қирғизистон гузашта буд, ки он вақт 59 кг вазн доштам. Метарсидам, зеро бори аввал берун аз кишвар баромад мекардам. Ба худ боварӣ надоштам, ки ҷой мегирам, вале ҳамааш зидди фикрҳои ман баромад, хушбахтона ҷойи аввалро соҳиб гаштам”,- мегӯяд Фаришта Чутова.
Фаришта духтари калони хонадон буд. Вақте ки ӯ 8 сола мешавад, падараш аз дунё мегузарад ва бори зиндагӣ бар дӯши модараш вогузор мешавад. Ҳоло бошад модараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Қаҳрамони мо бо маблағи мураббигияш хоҳару додарашро нигоҳубин мекунад. Ӯ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, дар курси сеюм таҳсил мекунад. Ҳамчунин, дар МТМУ №52 ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаллимаи тарбияи ҷисмонӣ шуда кор мекунад. Дар баробари ин, ӯ ба тамрингоҳи “Нерӯ” рафта, ҳам худ машқ мекунад ва ҳам ба шогирдонаш мақш меомӯзонад. Фаришта кӯшиш мекунад, ки дастёри модараш бошад.
Фаришта соли 2014 дар ду мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон, соли 2015 дар Мусобиқаи кушоди шаҳр баромад кардам, соли 2017 дар мусобиқаи Осиё, соли 2019 дар Чемпионат дар шаҳри Хуҷанд, соли 2021 дар мусобикаи Бозиҳои варзиши иштирок карда соҳиби мақоми аввал шудааст ва унвони устоди варзишро гирифтааст.
Пайравӣ аз варзишгари рус
Фаришта мехоҳад мисли варзишгарзани рус Татяна Каширина шавад. Аз ин рӯ, наворҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар пайгирӣ мекунад.
Қаҳрамони мо мехоҳад дар оянда боз ҳам дар берун аз кишвар баромад карда, устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ шавад.
“Моҳи августи соли 2022 дар кишвари Туркия мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба вазнбардорӣ доир мегардад, ки барои ширкат дар он тайёрии ҷиддӣ дида истодаам. Кӯшиш мекунам, ки ин дафъа низ ҷойи аввалро соҳиб гашта, парчами кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорам”- гуфт Фаришта Чутова.
Аминҷон Раҳматзода