fbpx

“Пас аз 6 сол наздиконамро мебинам”. Назари сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони ду тарафи марз азон изҳори хушнудӣ намуданд, ки пас аз чанд соли дурӣ акнун метавонанд бемалол бо наздиконашон рафтуомад кунанд.


0

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Жапаров президенти Қирғизистон имрӯз 13-уми март дар маросими бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ иштирок карданд.

Роҳбарияти вилоятҳо ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар баъди расман кушода шудани марз ҳамдгарро оғӯш гирифтанд.

Муаллифи Your.tj низ дар маросими кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии “Маданият-Қайрағоч”, ки дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов (Тоҷикистон) ва ноҳияи Лайлак (Қирғизистон) воқеъ аст иштирок карда, шоҳиди ин воқеаи таърихӣ шуд.

“Ба дидани модари беморам меравам”

Ин рӯйдоди таърихӣ ба сокинони деҳаҳои наздимарзӣ рӯҳияи хушу болида ато кард. Кушодашавии марзҳо ба дили онҳо умеду боварӣ бахшид, то ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои навин омода бошанд.

Дар фазои дустӣ гузаргоҳи сарҳадии “Маданият-Қайрағоч” расман кори худро дубора оғоз кард. Дар ҳузури намояндагони расмии Тоҷикистону Қирғизистон ва сокинон дарҳои гузаргоҳҳоро кушода шуда, иштирокдорон бо хешу таборон, дӯстон, ки чанд сол боз аз дидори ҳам маҳрум буданд, якдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Дилбар Раҳимова сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов аст. Инак, пас аз 6 сол бо писартағо ва ҳамсари вай вохӯрд. Аз дидори деринтизор хеле хушбахтанд. Ҳамсари писартағои вай имрӯз ба дидори модари бемори худ мерасад.

“Мо пайвандон аз кушодашавии сарҳад шодем. Ба сарони ҳарду кишвар ташаккур мегӯем. Хешони мо бо омада, аз ҳоли азизони худ бохабар шуда метавонанд. Чанд сол боз ин рӯзро интизор будем”,- гуфт Дилбар Раҳимова.

“Ҷонибдори дӯстии ҷовидонаем”

Бибизайнаб Уметова сокини кӯҳансоли деҳаи Қайрағочи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғистон аст. Ӯ низ аз боз шудани марзҳо изҳори хушнудӣ дорад.

“Барои халқ тинҷиву оромӣ зарур аст. Мо хурсандем ,ки роҳҳо кушода шуданд. Боз рафтуомад зиёд мешавад. Мардумони мо ташнаи ин рӯз буданд. Агар осоиштагӣ ҳукмфаро бошад, зиндагӣ бо хушӣ ва пуриву серӣ мегузарад”,- гуфт ӯ.

Ин зани қирғиз изҳори умед дорад, ки хуб шудани риштаҳои дӯстии ду кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон солҳои тӯлонӣ идома мекунад.

Дар тақвияти фикри Бибизайнаб, Ш. Атабаева, ки ҳамдеҳааш аст, гуфт, тоҷику қирғиз аз қадим риштаҳои хешовандӣ доштанд. Имрӯз низ оийнҳои неки ҳамсоядорӣ густариш меёбад.

“Ҷонибдори онем, ки дӯстӣ, бахту саодат ба халқҳои қирғизу тоҷик ҷовидона насиб гардад”,- афзуд Ш. Атабаева.

Густариши робитаҳои хешовандӣ ва иқтисодӣ

А. Азимов сокини кӯҳансоли ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мебошад. Духтари ӯ дар мактаби деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси муаллим кор мекунад. Яъне, дар Тоҷикистон наздикони зиёде дорад.

“Имрӯз хеле хурсанд шудам, ки марзҳо кушода шуданд. Акнун метавонам, духтарамро ҳар вақте хоҳам, рафта бинам. Оилаи онҳо низ бе мушкилӣ меҳмони мо шуда метавонанд. Хуллас, аз кушода шудани сарҳад интизориҳои зиёд дорам. Аз табодули молу маҳсулот дар бозорҳо арзонӣ мешавад. Аз ин халқ хушбахт мешавад”,- илова кард А. Азимов.

Тулаган Айбашев, ки сокини қирғизтабори Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, имрӯз ба маросими кушодашавии марзҳо омад. Ҳадафаш дидори дӯстони дерин аст, ки чанд сол боз аз он тарафи марз ба хонааш наомада буданд, мебошад.

Ӯ мегӯяд, бо тоҷикону узбекон якҷоя зиндагӣ доранд. Дар тӯй ва маъракаҳои ҳамдигар иштирок мекунанд.

“Дар минтақаи Исҳоқ Раззақов, шаҳрҳои Ош дӯстону хешовандон дорам. Додарам дар Бишкек зиндагӣ мекунад. Сарҳад боз шуд, бе мушкилӣ барои дидани онҳо меравам. Муҳим ин аст, ки минбаъд оромӣ бошаду саломатӣ. Дигар корҳо ҳалшавандаанд”,- иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарони вилоятҳои ҳаммарзи Суғду Бодканд, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак пас аз бозкушоии гузаргоҳҳо ба хаймаҳои идонаи ду тараф ҳозир шуда, бо мардум суҳбат ороста, дар барномаи муштараки фарҳангӣ ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар Бишкек 16 ҳуҷҷат, аз ҷумла оид ба таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетика ва сохтмони роҳҳо ба имзо расид.

Ҷонибҳо дар бораи баланд бардоштани ҳаҷми тиҷорати мутақобила то 500 миллион доллар созиш карданд.

Инчунин, 14 март ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нахустин парвози чартерии худро дар 4 соли охир аз тариқи хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе анҷом медиҳад.

Файзуллохон Обидов, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend