fbpx

Мушкилии никоҳи бармаҳал дар Исфара. Намоиши саҳнае, ки зӯровариро маҳкум мекунад

Никоҳи бармаҳал сабаб мешавад, ки оилаҳо зуд-зуд пош мехӯранд, занони ҷавон бо 2-4 фарзанд дар ҳаёт танҳо мемонанд ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наметавонанд.


0

Чанде пеш лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд”, ки ба мушкили никоҳи бармаҳал ва роҳҳои пешгирии зӯроварии гендерӣ нигаронида шудааст, амалӣ гардид.

Тибқи ин лоиҳа дар Ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара чораҳои мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва оқибати нохуши никоҳи бармаҳл тариқи саҳнаи театрикунонидашуда ба намоиш гузошта шуд.

Муаллифи Your.tj дар он иштирок кард ва бо дастандаркорони лоиҳа ҳамсуҳбат шуда, маълумоти бештар оид ба ин масъала пайдо кард.

Никоҳи бармаҳал боиси поймолшавии ҳуқуқҳои духтарон

Лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд” дар доираи барномаи грантии Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳравандӣ”, ки лоҳаи лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон баҳри ҷомеаи устувор” – ро бо маблағгузории Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид роҳандозӣ кард, татбиқ гардид.

Зиёратхон Алиназарова яке аз занони фаъоли шаҳри Исфара аст. Ӯ сарҳамшираи Маркази саломатии деҳаи Чордеҳи Ҷамоати деҳоти Зумрад ва ҳамзамон, вакили маҳаллӣ ва муовини раиси занҳои деҳа мебошад.

Ба масъалаҳои таҳсил кардан ва соҳибкасб шудани духтарони деҳаашон таваҷҷуҳи махсус дорад.

Зиёратхон Алиназарова дар пайдо кардани роҳҳали баҳсҳои хонаводагӣ саҳм мегузорад. Вай ба масъалаи никоҳи бармаҳал, ки дар деҳоти Исфара, хоса деҳаи Чордеҳ мавҷуд аст, назари манфӣ дорад.

Ба бовари бонуи фаъол, фотиҳаи бармаҳал ва никоҳи барвақтӣ сабаб мешавад, то маърифати духтарон рушд наёбад, аз таҳсил дур монанд, соҳиби касбу ҳунар нашаванд.

“Дар деҳаи Чордеҳ духтарони соҳибистеъдод бисёранд. Аммо на барои ҳамаи онҳо имкон даст медиҳад, ки таҳсилро идома диҳанд ва ё касбу ҳунареро биомӯзанд. Масалан, чанде пеш духтаракеро, ки лаёқати хуби овозхонӣ дорад, мо натавонистем, ки ба як ҷамъомади мактабӣ даъват кунем, то суруде замзама кунад.

Фаҳмидем, ки падараш дар саҳна суруд хондани духтарашро иҷозат намедиҳад. Бо падараш ҳамсуҳбат шуда, хоҳиш кардем, ки монеи рушди истеъдоди духтараш нашавад. Аммо, ӯ моро шунидан намехост”,- гуфт бо таассуф Алиназарова.

Зиёратхон Алиназарова

Ба гуфтаи ӯ, чунин муносибати волидон боис мешавад, то истеъдодҳои нодир кашфношуда монанд. Дар вақти суҳбат бо волидони духтараки соҳибистеъдод маълум шудааст, ки ӯ бо ҷавоне бармаҳал фотиҳа шуда будааст.

Вақте никоҳи бармаҳал сурат мегирад, ба болои сари духтарон аз ҷониби оилаи худ ва домодшаванда фишорҳо меафзояд. Духтарон маҷбуранд, ки бо ҳамсабақон (писарон) гап назананд, аз мактаб зуд ба хонаашон раванд, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии мактаб иштирок накунанд.

Лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд” чӣ гуна пайдо шуд?

Зиёратхон Алиназарова изҳори нигаронӣ кард, ки дар Ҷамоати деҳоти Зумрад дар миёни сокинон то имрӯз хурофотпарастӣ ҷой дорад.

Мутаассифона, духтаронеро, ки ҳанӯз дар синфҳои 5 ва 6 мехонанд, фотиҳаи бармаҳал мекунанд. Ҳатто писаронро низ аз ҳамин синну сол ба фотиҳаи бармаҳал маҷбур мекунанд.

Ҳамчунин, писарони наврасро маҷбур месозанд, то ба номзадии бармаҳал ризоят диҳад. Зӯроварии гендерӣ нисбат ба духтарон аз оғоз шудани фотиҳаи бармаҳал сар мешавад. Аз ин рӯ, Зиёратхон мушкилии муҳими маҳалли худро барои баррасӣ дар аввалин лоиҳааш интихоб кард.

“Дар чорабиниҳои омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ”, ки лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон баҳри ҷомеаи устувор” дар соли 2024 – ро дар шаҳри Исфара татбиқ мекунад, ширкат варзидем. Ташкилоти мазкур пас аз гузаронидани силсила омӯзишҳо бо занҳои фаъоли шаҳри Исфара барномаи грантҳои худро пешниҳод кард”,- гуфт ӯ.

Дар доираи лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд масъалаи фотиҳаи барвақтӣ ва паёмадҳои нохуши он дар ҳаёти ҷавонон, махсусан духтарон бо гузаронидани суҳбатҳо дар сари мизи мудаввар, вохӯриҳо, ки дар он намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Исфара, фаъолон, калонсолон ва ҷавонон иштирок карданд, муҳокима шудаанд.

Намоиши оқибатҳои нохуши зӯроварии гендерӣ дар саҳнаи театрӣ

Зиёратхон Алиназарова чанд рӯз дар доираи лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд” дар толори Муасссаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Чордеҳ саҳнаеро, ки ба фотиҳаву никоҳи барвақтӣ ва оқибати ногувори он рабт дошт, ба намоиш гузошт.

Онро беш аз 50  зани деҳа, духтарон, раиси маҳалла ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифатӣ шаҳрвандӣ” – Маърифат Шокирова тамошо карданд.

Муаллифи сенарияи намоши хурди театрӣ ҳамсуҳбати мо мебошад. Ӯ барои навиштани сенария азоб накашид, зеро онро дар асоси мушоҳидаи оқибатҳои нохуш дар оилаҳое, ки бо никоҳи бармаҳал бунёд шуда буданд, ба қалам дод.

Мӯҳтавои намоиш чӣ гуна буд?

Қаҳрамонҳои намоиш духтарак, волидонаш ва хушдоманаш мебошанд. Ин нақшҳоро сокинони деҳа тавре бозиданд, ки гӯё порае аз зиндагии воқеии худро ба намоиш гузошта истодаанд. Яъне, мавзӯъ ба онҳо наздик асту моҳияти онро хуб дарк кардаанд.

Акс аз намоиши саҳна

Муҳтавои он ин гуна аст, падару модар ба духтарашон иҷозат намедиҳанд, ки таҳсилро давом диҳад. Ҳол он ки вай шавқи зиёди таҳсил кардан дар мактаби олиро дорад. Хоҳишу орзуи ӯ ба назар гирифта намешавад. Ба пофишорӣ ва туҳфаву тилловории хостгорон тан дода, духтарашонро бо ҷавоне бармаҳал фотиҳа мекунанд. Бо вуҷуди он, ки муаллими мактаб волидони духтаракро аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ҳушдор медиҳад.

Хостгорон дар оғози хостгорӣ қасам хӯрда, ваъда медиҳанд, ки пас аз тӯй арӯсашонро мехононанд. Аммо баъдан ваъдаву қасамашонро фаромӯш мекунанд. Ҳамин тариқ, духтарак таҳсилро то синфи 11 давом надода, касбу ҳунареро наомӯхта оиладор мешавад.

Арӯси навҷавонро хушдоманаш доимо сарзаниш мекунанд, ки гӯё дасташ ба корҳои рӯзмарра намечаспад. Саҳна бо он меанҷомад, ки хушдоман аз интихоби арӯси таҳсилнадида ва ҳунарнаомӯхта пушаймон мешавад. Бо баҳонаҳои ночиз арӯси навро маҷбур месозад, то ба хонаи падару модараш баргардад.

Ин саҳнаро дар вохӯрӣ ва суҳбат бо бонувони деҳа чанд бор намоиш доданд. Перомуни он фикру мулоҳизаҳои ҳамдигарро шуниданд. Муҳтавои саҳна бори дигар ба тамошобинон ҳушдор дод, ки дар оиладоркунии ҷавонон саросема шудани калонсолон ва қадр накардани интихоби фарзанд чӣ нохушиҳоеро метавонад дошта бошад.

“Замоне расид, ки таҳсили духтаронро бояд дар мадди аввал монем!”

Зиёратхон пас аз тамошои саҳнаи пуртаъсир таассуфомез гуфт, ки маҳз никоҳи барвақтӣ боиси таназули рушди духтарон мегардад. Онҳо рисолати худашонро дар ҳамсари касе будан ва бенизом таваллуд кардан мебинанд.

Ҳамин аст, ки оилаҳо зуд-зуд пош мехӯранд, занони ҷавон бо 2-4 фарзанд дар ҳаёт танҳо мемонанд ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наметавонанд. Таҳти фишори хонаводаашон ва ҷамъият мемонанд.

Зимнан, Абдураҳим Раҳмонов раиси маҳаллаи Чордеҳи Ҷамоати деҳоти Зумрад низ баъди тамошои саҳна иқрор шуд, ки дар маҳалли онҳо фотиҳаи бармаҳал ва никоҳи барвақтӣ як дарди кӯҳнаеро мемонад. Ба ин амал роҳ додан баробар ба он аст, ки ду ниҳоли навро сарбурида кунанд.

Абдураҳим Раҳмонов, раиси маҳаллаи Чордеҳ

“Ман низ иқдоми Зиёратхон барин зани фаъоли деҳаро дастгирӣ мекунам. Онҳо кори хуберо ба сомон расонида истодаанд. Мо, мӯйсафедони маҳал ҳам дар суҳбатҳо ва дар маъракаҳои мардум дар ин масъалаи ташвишовар фикру назари худро баён мекунем. Масалан, фарзандони ман пеш аз оиладор шудан таҳсил карданд, касб омӯхтанд. Дертар оиладор шуда бошанд ҳам, ба хушбахтӣ расиданд”,- гуфт раиси маҳалла.

Ӯ афзуд, ки таҳсили духтаронро дар мадди аввал донистан зарур аст, зеро тақдири онҳо кафолат дода намешавад. Аз рӯи мушоҳидаҳояш гуфт, ки мардуми мо низ оҳиста-оҳиста дарк мекунанд, ки фотиҳаи бармаҳал ва никоҳи барвақтӣ ҳосили хуб намедиҳад.

Зиёратхон Алиназарова ба гуфтаи худаш, то андозае ба ҳадафҳои лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд” ноил шуд. Ба қавли вай, сокинони минтақаи фарогири лоиҳа то ҷое дарк кардаанд, ки никоҳи бармаҳал оқибатҳои манфӣ дорад.

Ӯ итминон дорад, сокинон барои аз байн бурдани номзадкунӣ ва никоҳи барвақтӣ минбаъд низ мекӯшанд, то дар оянда ҳуқуқҳои фарзандонашон поймол нагардад ва пеши роҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend