fbpx

Муовини аввали вазир: “Дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мезанад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Авесто

Ширкати “Сибир” аз Хуҷанд ба Владивосток парвоз анҷом медиҳад

Интизор меравад, ки нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайри Хуҷанд- Владивосток рӯзи 30-юми апрел сурат бигирад. Ин аввалин парвоз аз Тоҷикистон ба ин шаҳри Русия мебошад ва онро ширкати ҳавонавардии “Сибир” анҷом хоҳад кард.

Дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” гуфта шудааст, ки парвоз дар масири Хуҷанд-Владивосток ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ба нақша гирифта шудааст. Нархи билет 9, 5 ҳазор сомонӣ аст. Ин хатсайри нав мусофиронро мустақиман ба Владивосток мерасонад.

Дар ҳоли ҳозир ин ширкати ҳавонавардӣ бо тартиб додани нақшаи парвозҳо дар ин масир, барои гирифтани иҷозатнома ба Агентии авиатсияи гражданӣ ва Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд пас аз муноқишаҳо

Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бар пайи афзоиши танишҳои ахири марзӣ мулоқот кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 28 апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ҷонибҳо муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳар ду тарафи омодагии худро изҳор кардаанд ва интизор меравад, ки равуо ва доду гирифти молу коло чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бар пайи ҳодисаҳои рабудан шудани шаҳрвандони ду тараф аз сӯйи мақомоти марзбонӣ сафирони якдигарро дар кишварҳои худ эҳзор кардаву ба дасташон нотаи эътирозӣ супурдаанд. Дар ин дидор масъалаи обёрии заминҳо баррасӣ шудааст.

Дар зиндонҳои Афғонистон 13 узви ДОИШ аз Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд

Сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки дар зиндонҳои ин кишвар 408 узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз 14 кишвари ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Аҳмадзиё Сароҷ дар як изҳороташ 27-уми апрел гуфт, дар ин замина бо 14 кишвар музокира ҷараён дорад, вале нагуфт, ки мушаххасан манзур аз ин гуфтугӯҳо чӣ аст.

Ин мақомдор гуфтааст, ки аз миёни 408 узви хориҷии ДОИШ дар зиндонҳои Афғонистон 299 нафарашон шаҳрванди Покистон мебошанд ва ба ҳамин сабаб ҳам шумори шаҳрвандони Покистон дар ҳайати ДОИШ зиёд аст.

Дар навбати баъдӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истодаанд: 37 шаҳрванди Узбекистон, 13 шаҳрванди Тоҷикистон ва 12 нафар аз Қирғизистон мебошанд. Шаҳрвандони Русия дар ҳайати зиндониҳои ДОИШӣ 5 нафар буда, шаҳрвандони Чин 16 нафар мебошанд. Дигар аъзои хориҷии ДОИШ дар зиндонҳои Афғонистон шаҳрвандони Урдун, Туркия, Эрон, Индонезӣ ва дигарҳо мебошанд.

Муовини аввали вазир: “Дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мезанад

Ҳаҷми ҷаримаи касоне, ки ба онҳо даъватнома фиристода мешавад ва аз ҳозир шудан ба комиссарияти ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, то 10 нишондод барои ҳисобҳо (муодили 600 сомонӣ) боло бурда шуд. Вакилони порлумони Тоҷикистон ин тағйиротро рӯзи 28-уми апрел ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карданд.

Қаблан барои саркашӣ аз ҳозир шудан ба коммисариятҳои ҳарбӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 4 нишондод пешбинӣ шуда буд. Бар асоси тағйироти нав ба Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамакнун салоҳиятҳои ҷаримаситонӣ ба ӯҳдаи комиссариятҳои ҳарбӣ гузошта шудааст.

Дар пайи суханронии муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, миёни ӯ ва бархе вакилон дар бораи “дедовшина” дар артиш баҳс ба миён омад. Аз ҷумла, вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода бо ишора ба ҳолатҳои “дедовшина” аз муовини аввали вазир хост, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Собирзода дар посух ба суоли Усмонзода гуфт, ки “дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад”.

Дар идомаи ин баҳс, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба Сайдҷаъфар Усмонзода ҳушдор дод, ки аз берун аз мавзуъ суол надиҳад. Ӯ афзуд, ба вакилоне, ки берун аз мавзуъ суол медиҳанд, имкони баромад кардан дода намешавад.

Нархи нави билетҳо ба Русия: аз 3 то 8,5 ҳазор сомонӣ

Мақомоти масъули соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз 4 ширкати ҳавопаймоии Русия дар мавриди танзими нархи билетҳо ба парвозҳои чартерӣ ва пешниҳоди нархномаи он посухи расмӣ гирифтанд, хабар додааст ба “Азия-Плюс” сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи Субҳонзода, нархи ҳадди ақал аз 3 ҳазор сомонӣ сар шуда, вобаста ба минтақа ва самти хатсайрҳо то 8 ҳазору 500 сомонӣ то ҳадди ниҳоӣ мерасад. Нархи миёнаи билетҳо бошад 6-6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб шудааст, ки назоратро пурзӯр намуда, ба болоравии нархҳо дар муқоиса бо нархи пешниҳодшуда роҳ надиҳанд.

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон низ поинравии нархи билетҳо ба парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро тасдиқ карданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend