fbpx

Маърифати экологӣ тавассути бозӣ. Духтараки мактабхон аз Душанбе барои кӯдакон бозии экологӣ таҳия мекунад

Бозии омӯзишӣ барои кӯдакони аз 7 то 12-сола пешбинӣ шудааст ва ҳадафи он сохтани шаҳри тозаи экологӣ мебошад.


2
2 points
Давлатноз Шаншоева

Мутахассиси ҷавон дар соҳаи IT Давлатноз Шаншоева барои ҳалли масъалаҳои муҳити зист бетараф нест. Ӯ бо истифода аз донишу маҳорати худ дар соҳаи IT, барои кӯдакон бозии таълимӣ сохтааст, то онҳоро бо одатҳои экологии дуруст ошно созад ва эҳтиёту эҳтироми табиатро омӯзонад.

Ҳоло бозии ECOCITY дар марҳалаи таҳрир қарор дорад: барои боргирӣ дар платформаҳои онлайн, Давлатноз бояд онро ба забони барномасозии мувофиқ тарҷума кунад ва айни ҳол барои ҳалли ин масъала кор мекунад.

Мо бо Давлатноз дар бораи чи тавр сохта шудани бозӣ ва рисолати он суҳбат кардем.

“Мебинам, ки чи тавр кӯдакон аз хурдӣ партовҳоро ба ҳар куҷое хоҳанд, мепартоянд”

Бозии ECO CITY як навъ лоиҳаи дипломии Давлатноз аст, ки бояд онро пас аз хатми барномаи экологии ташкилоти “Пешрафт” ҳимоя мекард.

Дар соли 2022 Давлатноз аллакай дониши хуби IT дошт. Тасмим гирифт, онро бо маърифати экологӣ якҷо карда, ҳамин тавр як малакаи муфид ба вуҷуд орад.

“Ман тасмим гирифтам, ки бозӣ созам, зеро мебинам, ки кӯдакон аз хурдӣ партовро дар ҷойҳои нодуруст мепартоянд.

Агар кӯдакон аз хурдӣ намефаҳманд, ки ин дуруст нест, пас ба онҳо фаҳмонидани ин масъала хеле душвор хоҳад шуд”, – афзуд ӯ.

Вақте 7-8 сола будам, ба ман бисёр таъкид мекарданд, ки партовро ба куҷо рост ояд партофтан дуруст нест ва ин дар ман ба як одат табдил ёфт.

Вале, мутаассифона,  на ҳамаи кӯдакон дарк мекунанд, ки муносибати нодуруст бо муҳити зист ба кадом натиҷаҳои ҷиддӣ оварда мерасонад”,- гуфт Давлатноз.

Духтарак ба экология бо эҳтиром муносибат мекунад, инро барои худ масъалаи муҳим медонад ва чунин мешуморад, ки нисбати мушкилиҳои муҳити зист бетараф будан номумкин аст.

“Мо дар назди табиат аз ҷумла, муҳити зист, ҳайвонот ва одамон масъулият дорем.

Ин қарзи инсонии мост, то таъсири худро ба сайёра дарк намуда, интихоби дуруст намоем ва тавозуни экологиро нигаҳ дорем”, – мегӯяд Давлатноз.

Таълими стратегӣ

ECO CITY – бозии таълимӣ дар жанри стратегӣ мебошад. Он барои кӯдакони аз 7 то 12-сола таҳия шудааст ва мақсадаш сохтан ва рушди як шаҳри аз ҷиҳати экологӣ тоза бо биноҳо ва объектҳои инфрасохторӣ мебошад.

Дар бозӣ кортҳо мавҷуданд, ки ба бозигар имкон медиҳанд бинои муайянеро харидорӣ кунад. Баъзе кортҳо танҳо пас аз иҷрои вазифаҳои муайян дастрас мешаванд.

Бозигар бояд ба сохтани шаҳри худ масъулиятнок шавад ва ба ҳолати экологии он таваҷҷуҳ намояд.

Дар бозӣ се макон дастрас мешаванд: зимистонӣ, биёбон ва ҷангал. Бозигар метавонад ҳар кадоме аз ин маконҳоро мувофиқи хоҳиши худ интихоб кунад.

“Агар нишондиҳандаҳои ҳолати экологии шаҳр коҳиш ёбанд, бозигар мағлуб мешавад. Агар онҳо баланд шаванд, пас ӯ ғолиб мешавад. Ин аст мақсади асосии бозӣ – сохтани шаҳр бо беҳтарин нишондиҳандаҳои экологӣ”, – мегӯяд Давлатноз.

ECO CITY ба забони русӣ таҳия шудааст, аммо Давлатноз умед дорад, дар оянда онро ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ низ тарҷума кунад, то боз гурӯҳи бештари одамон тавонанд бозӣ кунанд.

Давлатноз бозиро сентябри 2022, пас аз ба анҷом расидани барномаи таълимии “Пешрафт” муаррифӣ кард.

Қисми техникиро худи духтарак ба ӯҳда гирифтааст ва барои ҷамъоварии маълумоти экологӣ дар бораи Тоҷикистон, масалан, оид ба сифати ҳаво, ки дар бозӣ истифода мешавад, ҳамкори ӯ кӯмак кардааст.

Барои татбиқи ин идея “Пешрафт” грант ҷудо кард. Дар маҷмуъ, барои таҳияи бозӣ се моҳ вақт рафтааст.

“Умедворам, бозиро дар тамоми платформаҳои дастрас ба роҳ монам”

Дар аввал ташкилоти “Пешрафт” мехост, иштирокчиёни барнома тавонанд лоиҳаҳои худро монетизатсия карда, аз онҳо даромад ба даст оранд.

Аммо, мегӯяд Давлатноз, ба сабаби он, ки бозӣ бо забони барномасозии Scratch таҳия шудааст, барои боргирии он ба Google Play ва AppStore муваффақ нагардидаанд.

Ҳоло духтарак барномасозеро меҷӯяд, ки тавонад дар тарҷумаи бозӣ ба забони барномасозии дигар, ки барои боргирӣ дар мағозаи интернетӣ мувофиқ бошад, ба ӯ кумак кунад.

Гарчанде ки дар ҳоли ҳозир ECO CITY барои нафарони зиёд дастрас нест, Давлатноз онро дар чорабиниҳо ва платформаҳои гуногун фаъолона таблиғ мекунад.

Ҳамин тавр, дар моҳи феврал, Давлатноз ҳамчун маърузачӣ дар фестивали “Экоритм”, ки аз ҷониби фонди ҷамъиятии “Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон” бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баромад кард.

Дар он ҷо, Давлатноз дар бораи ҳадафи бозӣ ва чӣ тавр бо истифода аз он омӯзонидани одатҳои экологӣ барои кӯдакон нақл кард.

Давлатноз – аз чап сеюм

Дар озмуни ICT Week духтарак бо бозии компютерӣ ҷойи сеюмро касб кард.

Чун Давлатноз мактабро хатм мекунад ва барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мебинад, на ҳамеша метавонад барои лоиҳааш вақти кофӣ ҷудо кунад, аммо ӯ бозиро фаромӯш карданӣ нест ва умедвор аст, ки як рӯз он барои боргирии ҳама дастрас хоҳад шуд.

“Дар давоми дувуним сол аз замони сохтани бозӣ донишҳоямро дар соҳаи IT хеле сайқал додам, аммо ба сабаби он ки имтиҳонҳои дохилшавӣ наздиканд ва барои онҳо омодагии ҷиддӣ мебинам, мутаассифона, имкони тарҷумаи бозӣ ба забони барномасозии дигарро надорам.

Ҳоло барои гирифтани грант дархост фиристодам, то бозӣ дастгирӣ ёфта, такмил дода шавад”, – гуфт Давлатноз Шаншоева.

Фаъол ва мураббии соҳаи IT

Давлатноз соли 2020, вақте ки ҳамагӣ 12-сола буд, ба соҳаи IT шавқ пайдо кард. Дар давраи карантини пандемияи COVID-19, вақте ки дар хона нишаста буд, дар бораи курсҳои онлайнии IT маълумот пайдо кард ва тасмим гирифт, ки дар ин самт донишашро такмил диҳад.

“Мехостам чизи наве омӯзам ва ба ин курсҳо номнавис шудам. Ҳамин тавр, зуд ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ пайдо кардам”, – мегӯяд ӯ.

Имрӯз Давлатноз мураббии соҳиби сертификат дар самти амнияти киберӣ аст. Ӯ худ тренингҳо мегузаронад ва ба ҳамсолонаш гигиенаи рақамиро омӯзиш медиҳад.

Вай ду гурӯҳи Telegram-ро роҳбарӣ мекунад. Дар яке аз онҳо бо духтарони минтақаҳои дурдаст дар доираи барномаи TechNovation Girls кор карда, ба онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои IT кӯмак мерасонад. Дар гурӯҳи дигар, ки бо ташаббуси шахсии худаш таъсис додааст, ба муҳоҷирони афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, асосҳои IT-ро таълим медиҳад.

Давлатноз комилан ройгон дарс медиҳад, то ба онҳое, ки имкони таҳсил надоранд, кӯмак расонад.

“TechNovation Girls” аввалин барномае буд, ки дар оғози роҳи худ дар IT иштирок кардам. Баъди ба даст овардани дониш ва маҳорати зарурӣ, тасмим гирифтам, ба дигар духтароне, ки мехоҳанд дар соҳаи IT рушд кунанд, кӯмак намоям”, – мегӯяд Давлатноз.

Ҳоло ӯ нақша дорад, боз як гурӯҳи нави Telegram таъсис дода, ҳамаи онҳоеро, ки мехоҳанд аввалин қадамҳои худро дар соҳаи IT гузоранд, омӯзонад.

Илова бар ин, Давлатноз ва дӯстонаш барои ҳамсолони худ дар бораи Ҳадафҳои рушди устувори СММ, ки бояд то соли 2030 амалӣ шаванд, семинарҳо баргузор мекунанд.

Дар ин семинарҳо ҷавонон ҳар як ҳадафро муфассал таҳлил намуда, шарҳ медиҳанд, ки Тоҷикистон ва ҷаҳон чӣ гуна бо мушкилоти глобалӣ мубориза мебаранд.

Давлатноз дар синфи 10-уми Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Маҳорати омӯзгории худро вай ҳанӯз дар мактаб кашф карда буд: дар синфи 8-ум ба хонандагони хурдсоли мактаб мавзуҳои фанни физикаро шарҳ медод.

Давлатноз бо боварии комил тасмим гирифтааст, ки фаъолияти ояндаи худро бо IT пайванд диҳад ва айни замон барои дохил шудан дар самти Computer Science омодагӣ мебинад.

Вай ба омӯзгорони худ – Илҳом Аъзамов, Муродҷон Абдуллоев, Суҳроби Бахтиёр ва Нозим Сафаров миннатдорӣ изҳор мекунад, ки ӯро дар роҳи сохтани карераи муваффақ дар соҳаи IT дастгирӣ мекунанд.

Сомон Комилов

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend