Марги яке аз гумонбарон дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев

Марги шубҳаангези яке аз гумонбарон дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев

Яке аз гумонбарон дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев муовини раиси “Ориёнбонк” дар яке аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе фавтидааст. Гуфта мешавад, марги Акбар Аҳмадов шубҳаангез будааст ва ҳам ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Тавре Радиои Озодӣ бо такя ба монебеи худ менависад, “мақомоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе рӯзи 30-уми август ҷасади Акбар Аҳмадовро (дар санадҳо Ахмедов) ба волидонаш додаанд ва гуфтаанд дар бораи фавти ӯ дар боздоштгоҳ ба ҳеч ваҷҳ хабар надиҳанд”.

Ба қавли монеби Радиои Озодӣ, ҷасади Акбар Аҳмадовро ба наздиконаш нишон надодаанд ва дар дохили тобути чӯбӣ ба қабристони Хуҷанд бурда, ба хок супурдаанд.

Акбар Аҳмадов ба қавли мақомоти Тоҷикистон, яке аз аъзоёни гуруҳи гуруҳи муташаккили ҷиноие аст, ки дар рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” даст доранд. Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, ӯ пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД-и Русия хабар дода буд, ки ду гумонбари куштори бонкир дар ин кишвар боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Москва барои мулоқот бо ҳамтои русаш рафтааст ва “масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт”.

Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ”-ро мақомоти кишвар роҳбари гуруҳи ҷиноятие медонанд, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабудаву куштааст.

Моҳи гузашта Прокуратураи генералӣ аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола хабар дод, ки дар Туркия дастгир шудааст.

Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Бо гузашти қариб 2 моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, прокурори генералии кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.

Skip to toolbar