fbpx

ММТ даври сеюми бақайдгирии довталабонро эълон кард

Нақшаи қабул тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) дар даври асосӣ ва ду даври такрорӣ иҷро нашудааст.


0
Маркази миллии тестии Тоҷикистон
Акси хазинавӣ

Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз намуд. Ин тасмим дар пайи иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён дар давраи асосӣ ва ду давраи такрории қабули донишҷӯён гирифта шудааст.

Имсол, ғайр аз давраи асосӣ ду даври такрории қабули донишҷӯён мутаносибан 12 – 15 ва 24 – 26-уми август баргузор гардид.

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ин марҳила комилан нав буда, дар он ҳама метавонанд иштирок кунанд, аммо ҷой ва ихтисосҳо маҳдуд аст.

ММТ солҳои қаблӣ як даври асосӣ ва як даври такрориро барои довталабон ҷиҳати дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мекард.

Нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда шудааст, ташкил гардидааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис намуда метавонанд:

  • шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
  • довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
  • довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд;
  • довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
  • довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13 сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12 сентябр муқаррар гардидааст.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.

Тибқи иттилои ММТ соли ҷорӣ, нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар наздики 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ҳоле ки нақшаи қабул беш аз 110 ҳазор муқаррар шуда буд, дар даври аввали тақсимоти ММТ қариб 52 ҳазор довталаб ҳаққи донишҷӯ шуданро пайдо кардаанд.

Роҳбари ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Вале коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад.

Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Your.tj раванди кам шудани шумораи довталабонро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин мақола таҳлил карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend