fbpx

ВКД Русия: Ду гумонбари куштори бонкдори тоҷик боздошт шуданд

Дар бораи ҷузъиёти боздошти ҷинояткорон ва шахсияти онҳо маълумот дода нашудааст.


0
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия

Ду гумонбар дар қатли бонкдори тоҷик дар чаҳорчӯбаи амалиёти байнидавлатии оперативӣ-пешгирикунандаи “Ҷустуҷӯ” (“Розыск”) боздошт шудаанд. Амалиёти мазкур дар ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ВКД Русия гузаронида шудааст.

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев 29-уми август зимни мулоқот бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.

Дар бораи ҷузъиёти боздошти ҷинояткорон ва шахсияти онҳо маълумот дода нашудааст. Инчунин номи бонкдори тоҷик низ қайд нашудааст.

Вале Колоколтсев аз ҳамтоёни тоҷикаш даъват кардааст, ки барои дастгир ва интиқоли ҷинояткороне, ки ҳоло дар қаламрави Русия қарор доранд, чора андешанд.

Зимни мулоқот вазири корҳои дохилии Русия ҳамчунин аз ҷилавгирии фаъолияти як гурӯҳи ҷиноиятии қавмӣ, ки дар вилояти Москва бо тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба доми худ афтондаанд, хабар доданд.

Қаблан ВКД Тоҷикистон эълон карда буд, ки яке аз мавзӯъҳое, ки зимни сафари Раҳимзода ба Москва баррасӣ мешавад, масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродов (Дилшод Красавчик ё СБ), гумонбари асосӣ дар одамрабоӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аст.

Изҳороти охирини вазири корҳои дохилии Русияро то ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шарҳ надодааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend