logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Чӣ тавр дар ҷануби Тоҷикистон лимӯи машҳури тоҷикиро парвариш мекунанд

Ин меваи ситрусии фоиданокро асосан дар ҷануби Тоҷикистон парвариш мекунанд. Навъи ширини лимӯ бо ранги зарди равшан бо номи "Мейер" дар вилояти Хатлон хуб нашъунамо ёфтааст.

Your tj

12:1602.11.2023

Чӣ тавр дар ҷануби Тоҷикистон лимӯи машҳури тоҷикиро парвариш мекунанд

Дар ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии лимӯ оғоз шуд. Дар вилояти Хатлон навъи «Мейер», ки солҳои 30-юми асри гузашта ба Тоҷикистон оварда шуда буд, хуб мутобиқ гардид. Меваҳои ин навъи лимӯ ранги зарди равшан ва тамъи ширин доранд. Солҳои охир лимӯи тоҷикӣ хеле машҳур шуд.

Маҳмадтолиб Ҷобиров аз ноҳияи Кӯшониён беш аз 10 сол боз ба парвариши лимӯ машғул аст. Соли 2012 ҳамроҳи хонаводааш кооперативи "Сомон"-ро таъсис додааст. Холо онхо 13 гармхонаи калон доранд, ки дар ҳар яки он 100 – 180 бех ниҳоли лимӯ парвариш мешавад. Дар баробари онҳо боз 400 бех ниҳоли нав нашъунамо ёфта истодааст. Ба наздикӣ барои онҳо низ гармхонаҳои нав сохта мешаванд.

Ба гуфтаи лимӯпарвар, сохтмони як гармхонаи дарозиаш 180 метр 100 – 150 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

Лимӯ манбаи асосии даромади оилаи Ҷобировҳост, аммо онҳо худашон лимӯро ба бозор намебароранд. Харидороне, ки аз Душанбеву Ҳисор меоянд, бо нархи яклухт аз онҳо маҳсулоташонро харидорӣ менамоянд.

Маҳмадтолиб имсол то 50 тонна лимӯ ҷамъоварӣ карданист, аммо шикоят дорад, ки харидоронаш ҳоло шитоб намекунанд. Ҳол он ки пештар ҳосилаш ҳамеша сари вақт фурӯхта мешуд.

Махмадтолиб барои дар сари вақт ҷамъоварӣ намудани тамоми ҳосил аз байни ҳамдеҳагонаш коргар мегирад. Вай дар мавсим ба хисоби миёна то 40 касро бо кор таъмин мекунад.

"Ба танҳоӣ ҷамъоварӣ кардан душвор аст, меваҳо аксар вақт дар қисми поёнии дарахт мерӯянд. Аз ин рӯ, мо ҳамсояҳоро киро мекунем",- мегӯяд лимӯпарвар.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

12 часов назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

18 часов назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

3 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

3 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ