fbpx

Дар як моҳ 75 фоизи нақшаи даъват иҷро шудааст

Шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд.


0
Иҷрои 75 фоизи нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон дар як моҳ
Акс аз архиви сомонаи Вазорати мудофиа

Дар як моҳи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 75 фоиз баробар  шуда, комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи он гузориш додаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, иҷроиши нақшаи даъват то охири моҳи октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон чунин аст:

  • дар шаҳри Душанбе 72 фоиз;
  • дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80 фоиз;
  • дар вилояти Хатлон 79 фоиз
  • дар вилояти Суғд 65 фоиз.

ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват аз иҷрои нақша хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад.

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни хизмат ба артиши кишвар оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳамасола ин маърака дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба миён меорад.

Сабаби сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳатмии ҳарбиро коршиносон ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Шеваҳои гуногуни ҷалби маҷбурӣ ё “облава” сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend