Динмуҳаммад Ҷумаев – соҳибкори ҷавон, маркетолог ва муассиси аввалин клуби аспсаворӣ дар Тоҷикистон. Ӯ 22 сол дорад ва ҳоло дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад. Клуби аспсавории “Wizeer” (Визир) соли 2020 таъсис ёфта, давоми ду соли фаъолияташ маъруфият пайдо кардааст. Вале то ин зинаҳо қаҳрамони мо бо ҳамроҳонаш заҳмати зиёде ба харҷ додаанд
Муаллифи Your.tj бо Динмуҳаммад ҳамсуҳбат шуда, аз муваффақиятҳои клуби аспсаворӣ нақл кард.
Аз орзуи футбол то идеяи таъсиси клуби аспсаворӣ
Динмуҳаммад дар кӯдакӣ орзу дошт, ки футболбоз шавад. Аз ҳамин хотир пас аз дарсҳои мактаб бештари вақташро бо тӯб мегузаронид. Дар дастаи кӯдаконаи “Равшан”-и Кӯлоб ҳам тамрин мекард. Ӯ ба ҳама муваффақиятҳояш волидонашро сабаб медонад ва бо онҳо мефахрад.
“Дар хурдсолӣ зиёд мехостам футболбоз шавам. Падару модарам ҳам орзуҳои маро дастгирӣ мекарданд. Аз онҳо як умр қарздорам, чунки дар ҳама ҳолат такягоҳам ҳастанд. Ҳатто барои таҳсили хуб гирифтанам, маро ба литсей монданд, то дар оянда азоб накашам”,- мегӯяд Динмуҳаммад.
Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе меояд ва дар пойтахт бори аввал ба асп савор мешаваду ба он унс мегирад. Дар саҳифаҳои иҷтимоияш бештар аксҳо бо асп пайдо мешуд, чунки ӯ ин ҷонвари нодирро дӯст дошт.
“Вақте ки донишҷӯ шудам, бо ҳамкурсам – Саҳобиддин Расулов, ки дӯстдори асп буд, вақти зиёдамонро бо аспсаворӣ дар Боғи Ғалаба сарф мекардем. Ҳангоме ки дар саҳифаи шахсиам дар сомонаҳои иҷтимоӣ аспсавориамро мегузоштам, дӯстону рафиқонам ва нафароне, ки ба саҳифаи ман обуначӣ ҳастанд бо шавқи зиёд оиди аспсаворӣ ва нархи чунин хизматрасонӣ пурсон мешуданд.
Аз ҳамин хотир фикре ба сарам омад, ки чӣ мешавад, агар ман бо ин ҳамкурсам шарик шуда, хизматрасонии аспсавориро ба ҳамагон пешниҳод кунем, чун хоҳишмандон зиёд ҳастанд.
Дар аввал ҳамкурсам оиди ҳамкории якҷоя ва амалӣ шудани ин идея бо шубҳа назар мекард, вале баъдтар ба хулосае омад, ки амал кардан ба фоидаи мост”,- гуфт Динмуҳаммад
“Wizeer” – клуби дӯстдорони асп ва аспсаворӣ
Онҳо баъди чанд ҳафтаи тайёрӣ клуби худро бо номи “Wizeer” таъсис доданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби он оғоз карданд, чунки муштарӣ пайдо кардан дар аввал мушкил буд. Динмуҳаммад гуфт, ки чаро номи клубро “Wizeer” гузоштанд.
““Wizeer” – яъне вазир! Аз замонҳои қадим шуғли дӯстдоштаи шоҳону вазирон аспсаворӣ буд ва то ҳол ҳам ҳаст. Агар ба давлатҳои пешрафта назар кунем, сарватмандон то ҳол ба ин шуғл майлу рағбати зиёде доранд. Аз ҳамин хотир ба калимаи вазир такя кардани мо низ бе сабаб нест”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Аз мушкили норасоии асп то таваҷҷуҳи шахсиятҳои шинохтаи интернетӣ ба клуби “Wizeer”
Дар аввал ҳама кор мушкилӣ дорад, махсусан агар таҷриба надошта бошӣ. Динмуҳаммад ҳам дар оғози кор ба норасоии аспҳо дучор шуд. Ҳамчунин, барои нигоҳубини аспҳо ҷой надоштанд.
“Мо ҳама қувваамонро ба кор бурдем, то клуби “Wizeer”-ро таъсис диҳем, аммо ҳамагӣ се асп доштем. Хоҳишмандони аспсаворӣ бошад, зиёд буданд. Мо қарор додем, ҳамкорони беруниро бо аспҳои шахсияшон ба кор ҷалб кунем. Ба онҳо ҳамкориро ба шакли ширкатҳои такси пешниҳод кардем, яъне “бо аспи худ биё, бо мо кор кун ва ҳиссаи худро аз ҳисоби даромад бигир”. Дар моҳи аввал мо тавонистем, зиёда аз 20 соҳиби аспро ба ҳамкорӣ ҷалб намоем”,- мегӯяд Динмуҳаммад Ҷумаев.
Дар масъалаи маркетинг ва пешбурди бренд дар аввал имконият надоштанд, то дар бораи худ эълон диҳанд. Дертар барои маркетинг онҳо ҳамагӣ 120 сомонӣ дар як моҳ ҷудо карда тавонистанду халос. Инҳо сертификатҳои тӯҳфавӣ будан. Вале маҳз ҳамин кӯшишҳо ба онҳо кӯмак кард, ки дар як муддати кӯтоҳ муштариёни зиёд пайдо кунанд. Акнун ба клуби “Wizeer” нафарони машҳури кишвар барои аспсаворӣ меоянд ва ин қаҳрамони моро рӯҳбаланд мекунад.
“Баътар мо қарор додем, ки блогерони машҳур ва шахсиятҳои шинохтаро ба клубамон даъват намоем. Бисёре аз онҳо аз хизматрасонии клуби мо хушнуд шуданд, зеро асп яке аз он ҷонварони камёбе мебошад, ки қодир аст, ҳиссиёт ва табъи инсонро эҳсос намояд. Сайру гашт бо асп бошад, барои бартараф кардани стресс ва эҳсоси адреналин ёрӣ мерасонад. Баъзе блогерон ҳатто, дар бораи клуби мо гузоришҳо карданд. Онҳо ишора бар он намуданд, ки мақсади мо натанҳо фоида ба даст овардан, балки ҳисса гузоштан ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Айни ҳол дар клуби “Wizeer” чор намуди аспҳо ба муштариён хизматрасонӣ мекунанд: тоҷикӣ, англисӣ, казоқӣ ва орсовскӣ. Асп як рамзи архетипӣ мебошад, ки ҳамеша роҳи бедор кардани хотираҳои аҷдодонро дар шахс бедор мекунад.
Аспсаворӣ ва саҳми он дар рушди сайёҳӣ
Аспҳо қобилияти дарки баланди эҳсосотро доранд. Вақте инсон мехоҳад, аспсаворӣ кунад, бояд тарси худро нишон надиҳад. Чунки агар асп фаҳмад, ки шахси саворӣ меҳаросад, дигар идорааш мушкил мешавад.
“Мо бештар аспҳоеро интихоб мекунем, хуб ромшуда ва оромтабиат бошанд. Барои он ки дар байни муштариёни мо нафароне, ки бори авввал аспсаворӣ мекунанд, зиёданд. Дар баробари писарон духтарҳо низ аспсавориро дӯст медоранд. Ҳангоме ки ягон духтар ба асп савор мешавад, кӯшиш мекунем, ки барои бехатарӣ ҳама вақт як нафар масъули клуб ҳамроҳаш бошад. Мо барои аксгирӣ бо асп ба клубамон суратгирро ҳам ҷалб кардем, ки сифати баланд аккосӣ мекунад”,- гуфт ӯ.
Клуби “Wizeer” имкон дорад дар оянда ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳми бештар гузорад. Чунки сайёҳии аспсаворӣ яке аз дӯстдоштатарин навъи сайёҳӣ буда, дар кишвари мо шароити мусоид ва навъҳои олии аспҳо барои рушди ин самти сайёҳӣ мавҷуданд. Мавқеи ҷойгиршавии клуби “Wizeer” – Боғи Ғалаба ҳам яке аз маконҳои зеботарин ва дорои табиати дилрабои пойтахт аст.
“Имкониятҳои сайёҳии кишвари мо кам нестанд ва инро бояд дарк кард. Ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд ва фикр мекунам, ки хизматрасонии аспсаворӣ барои Душанбе ҳамчун пойтахт бисёр ҳам зарур аст. Мо дар ояндаи наздик нақша дорем, бо ширкатҳои сайёҳие, ки дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ хизматрасонӣ мекунанд, ҳамкорӣ намоем, то шумораи муштариёни мо аз ҷумлаи хориҷиён низ бошанд”-, нақл кард Динмуҳаммад.
Дар ҳоли ҳозир Динмуҳаммад муассис ва директори генералии клуби “Визир” ҳаст. Ӯ бар он бовар аст, ки набояд аз муваффақиятҳои ба даст омода қонеъ шуд. Шояд вазифаи қаҳрамони мо дар ин лоиҳа ба анҷом расида бошад, аммо метавон гуфт, ки кори онҳо ҳануз дар оғоз аст.
Аминҷон РАҲМАТЗОДА