fbpx

124 фарзанди мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд. Хизмати дусола ё якмоҳа?

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point
Артиши Тоҷикистон - заифтарин дар Осиёи Марказӣ

Темур Раҳимов бо медали тилло баргашт

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” – 6 ноябр паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Темур Раҳимов ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.

Гуфта мешавад, Темур то расидан ба финали вазни +100кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) варзишгари Исроил Серафим Компаниез, дар чорякфинал намояндаи Гурҷистон Сабо Инанеишвилӣ, дар нимфинал варзишгари Финландия Марти Пумалейнинро мағлуб кард. Дар финал ҳарифи Темур Алишер Юсупови узбекистонӣ буд, ки бо як партофти зебои иппон муқобилаш пирӯз шуд.

Ии медали дуюми паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” мебошад. Рӯзи 4 ноябр, дар рӯзи аввали мусобиқа Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуда буд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Каюмарс Норов (-66кг), Мулораҷаб Халифаев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Раҳматулло Мирзоев (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).

Зикр мешавад, ки дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.

Ногуфта намонад, ки ин шашум медали Темур Раҳимов аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад. Ӯ соли 2021 дар Боку медали нуқра, дар Абузабӣ медали биринҷӣ ва соли равон дар Тел Авив, Анталия ва Абузабӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур, ҳамчунин як медали биринҷии Гран При (2019), ду медали нуқра (2019, 2022) ва як медали биринҷии (2021) Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, “Baku Grand Slam 2022” бо иштироки 366 варзишгар (206 мард, 160 зан) аз 61 давлат 4-6 ноябр баргузор шуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил дода, ғолибон дар ҳар як дараҷаи вазнҳо 5 ҳазор евро, зинаҳои дуюм – 3 ҳазор евро ва ҷойҳои сеюм – 1,5 ҳазор евро мегиранд.

Ҳамчунин варзишгароне, ки зинаҳои болоиро дар мусобиқа ишғол мекунанд, имтиёзҳои олимпӣ дар радабандиро соҳиб мешаванд. Зинаҳои 1-ум соҳиби 1000 имтиёз, 2-юм – 700, 3-юм – 500 ва зинаҳои аз 5 то 7-ум мутаносибан 360 ва 260 имтиёз касб мекунанд.

124 фарзанди мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд. Хизмати дусола ё якмоҳа?

124 фарзанди мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба артиш дар даъвати тирамоҳии имсола ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд. Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар байни онҳо писари раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб низ будаанд.

Тавре дар сомонаи расмии ин ниҳод омадааст, то 30-юми октябри соли равон, фарзанди 124 мансабдори давлатӣ ба артиш ҷалб шудаанд.

Манбаъ гуфтааст, дар даъвати тирамоҳии соли 2021-ум 299 фарзанди мансабдор ва дар даъвати баҳории соли равон 120 писари мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба артиш рафтаанд, ки 19 нафари он фарзандони кормандони прокуратура мебошанд.

“Илова бар ин, бо мусоидати кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳарбии гарнизонҳо дар рафти маъракаҳои даъват баъзан шаҳрвандон ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозиру ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд”, – гуфтааст Прокуратураи генералӣ.

Ин ниҳод афзудааст, ки теъдоди шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд зиёд мешавад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Ҷалби 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

Дар гузашта, бархеҳо яке аз сабабҳои гурез аз артишро, ба хидмат ҷалб нашудани фарзандони мансабдорон унвон мекарданд, ки ин ҳолат ба нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад

Дар гузашта ҳам хабарҳо дар мавриди ҷалби фарзандони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ба сафи артиш расонаӣ мешуд.

Қаблан, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.

Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳар сол аз набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Барканории 10 мансабдор барои расонидани зарари молиявӣ

Чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд. Дар ин бора аз Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, онҳо дар асоси камбудию норасоиҳои молиявии ошкоршуда дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва бо тавсияи Палатаи ҳисоб аз вазифа озод шудаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, барои камбудию норасоиҳои молиявӣ дар 9 моҳи соли равон 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд.

“Аз шумораи умумӣ, 2 нафари онҳо корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 2 нафари дигар кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 3 нафар корманди кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” ва сохторҳои тобеи он, 1 нафар аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, 2 нафар аз ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав ва 1 нафар аз ҳукумати Шаҳринав буданд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз Палатаи ҳисоб таъкид карданд, ки санҷиш ва муҷозоти мақомдорони давлатӣ бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ гузаронида шудааст.

Манбаъ афзуд, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсия ирсол шудааст.

Ин ниҳод афзудааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend