fbpx

Киев дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

Дар Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд карда шуд

Аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 41,5% зиёд карда шуд.

Дар ин бора аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби зиёд шудани теъдоди мусофирон чунин тасмим гирифта шудааст.

“Аз 1 сентябр наздики 195 автобус ба хатти ҳаракат баромада, як рӯз пеш шумори онҳо 120 ададро ташкил дода буд”, – иттлоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) низ 15% зиёд карда шуд.

Суғд: Мошин ба ҷарӣ сарозер шуда, ронанда ба ҳалокат расид

Шаби 1 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як садамаи маргбор рух дод.

«Сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Астра G» идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 15-20 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ).

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ҷасади ронандаро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш, 31-уми август бар асари як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, садама дар ҳудуди минтақаи Чоре, дар наздикии пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд рух додааст.

Киев дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Cафири нави Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов ба Душанбе омад.
Тавре ки Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд.

Гуфта мешавад, зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки Содиқ Имомӣ ба Валерий Евдокимов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Украина муваффақият орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Василий Евдокимов дар мансаби сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро иваз намуд.

Ҳифзи маълумоти махфӣ дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.

Қарори марбутаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 30 август ба нашр расид.

Дар қарор дастур дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.
Таҳияи Барнома бо он асоснок карда мешавад, ки дар шароити имрӯза ба таври бояду шояд роҳандозӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ки аз сирри давлатӣ иборат аст, аҳаммияти хосса пайдо намуда, дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд.

Дар санад гуфта мешавад, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар фаъолияти аксарияти соҳаҳои давлатӣ ҷараёни дастрасии кишварҳои хориҷиро ба маълумоти махфӣ осон кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend