fbpx

Қитъаи марзии Зарафшони Тоҷикистон ҳудуди бетараф эълон мешавад? Изҳороти президенти Қирғизистон дар ин бора

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Акс аз интернет

Писаре, ки бо болға падарро кушт равонаи зиндон шуд

Сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, барои қатли падараш бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса пас аз он сар зад, ки Аваз Бӯстонов баъди нӯшиндани машрубот бо писараш, аз ӯ дархост кард, ки ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад. Дар пайи он  байни писар ва падар баҳс ва муноқиша ба миён омад.

“Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, аз рӯи ин ҳодиса Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ бо ҳукми суди вилояти Хатлон 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шуд.

Назари наздикони ин оила дар бораи ҳодиса ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Қитъаи марзии Зарафшони Тоҷикистон ҳудуди бетараф эълон мешавад? Изҳороти президенти Қирғизистон дар ин бора

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтааст, ки ба мавзеи Зарафшони Тоҷикистон (Қирғизистон онро Торт-Кочо ном мебарад) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад.

Ӯ ин изҳоротро дар ҷаласаи имрӯзаи порлумони Қирғизистон, ки масъалаи тасвиби созишномаи миёни Қирғизистону Ӯзбекистон дар бораи истифодаи муштараки обанбори Кампиробод баррасӣ мешуд, баён кард.

Ҷузъиёти музокирот дар бораи марз бо Тоҷикистонро Содир Ҷабборов дар посух ба интиқоди Адахон Мадумаров, вакили парлумони Қирғизистон ошкор кард.

“Шумо мегӯед, ки санади имзошудаи Торт-Кочо ғайриқонунӣ аст ва метавонед бо он ба ҳоҷатхона равед. Ҷониби дигар ин корро намекунад. Онро ба даст гирифта нишон медиҳад. Аллакай чанд дафъа нишон доданд. Дар шаҳри Остона дар мулоқоти сеҷониба (бо иштироки президенти Русия) ҳам онро нишон дода, гуфтанд, мо имзо мекунем ва боз иҷро намекунем”.

“Пас аз он Қамчибек Қодиршаевич (Ташиев) ду маротиба гуфтушунид кард. Мо он (Торт-Кочо)-ро баргардонида, мақоми бетарафӣ медиҳем. Мо онҳоро мутмаин сохтем, ки на аз онҳо ва на аз мо бошад. Агар боз аз фикрашон нагарданд. Ҳудуд бетараф хоҳад буд. Мо ба Лайлак мегузарем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло мегузаранд”, – иқтибос меорад  Kaktus.media аз суханронии президенти Қирғизистон.

Ба қавли ӯ, дар минтақаи бетараф 20 хонаи тоҷикистониҳо ва 3-4 хонаи қирғизистониҳо тахриб мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин изҳоротро шарҳ надодааст.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, раисони КДАМ-и ду давлат ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид. Тафсилот хабар дода нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки Содир Ҷабборов протоколи соли 2009-ро дар мавриди иҷораи қитъаи 275-метрии шоҳроҳи Тоҷикистон, ки тайи солҳои ахир дар он ҷо чанд даргирии мусаллаҳона рух додааст, зери суол мебарад. Аз ҷониби Қирғизистон ин санадро Адахон Мадумаров, ки он замон котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд, имзо кард.

Протоколи иҷора дар асоси банди 5-уми Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи хариди мутақобилаи қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 ба имзо расидааст.

Ҳоло раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ки ин протокол эътибори ҳуқуқӣ надорад ва Адахон Мадумаров ҳаққи имзо карданро надошт.

Кӯдаки дирӯз дар Душанбе гумшуда ёфт шуд

Макоил Саноев, кӯдаке, ки дирӯз, 16-уми ноябр гумшуда буд, дар манзили истиқоматии холааш, маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки ҳеҷ касе дар он ҷо зиндагӣ надоштааст, ёфта шуд.

Тавре ки РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кӯдак сиҳату саломат ёфта шуда, ба модараш Шаҳноза Исматзода супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми ноябр Микоил Саноеви 11-сола аз манзили истиқоматиашон дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт баромада, ба самти номаълум ғайб зада буд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон хоҳиш кардааст, ки бо фарзандони худ муносибати хуб ва таълиму тарбияро дар сатҳи дуруст ба роҳ монанд.

Дар робита ба ин мақомоти милитсияи пойтахт ба кулли шаҳрвандон низ барои мусоидат ва расонидани кӯмак ҷиҳати пайдо намудани кӯдаки ноболиғ изҳори сипос кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend