Азам Аҳруллоев, соҳибкори тоҷик

Истеҳсоли пойафзоли чармӣ дар Хоруғ. Азам чӣ гуна тиҷораташро ба Бадахшон бурд

Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ нахустин корхонаи хурди истеҳсоли пойафзол дар заминаи лоиҳаи “Сандал” таъсис ёфт. Он дар асоси шартномаи Азам Аҳруллоев – муассиси нахустин бренди пойафзол ва маҳсулоти чармӣ дар Тоҷикистон “AZAM” ва Accelerate Prosperity ба маблағи 3 миллион сомонӣ ба вуҷуд омад. Шартномаро моҳи октябри соли гузашта баста буданд.

Бояд гуфт, ӯ ният дорад моҳҳои наздик бренди “AZAM”-ро ба “Azam Amiri” табдил диҳад. Муаллифи Your.tj дар бораи таъсиси ширкати нав ва тағйирот дар тиҷорати Азам нақл кард.

Азам бо намояндаи Accelerate Prosperity

Манфиати ҳамсарҳадӣ бо Чин

Қаблан Азам дар барномаи Accelerate Prosperity иштирок карда, аз ҷумлаи соҳибкороне буд, ки тамоми барномаи онро бомуваффақият азхуд намуд. Ӯ барои рушди тиҷорат сармоягузор пайдо кард.

Ҳамин тавр, ба ҶДММ “Сандал” сармоягузорӣ шуд. Accelerate Prosperity дар як вақт саҳмдор низ мебошад. Худи Азам низ саҳмдори ин ширкат аст ва 51 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад.

Фаъолияти корхонаи нав ба бренди “AZAM” алоқаманд нест. Он бо номгӯйи тамоман дигари навъҳои пойафзолҳои мардонаю кӯдакона фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи Азам, таъсиси корхонаи “Сандал” маҳз дар маркази ВМКБ якчанд омилҳо дорад. Яке аз омилҳои асосӣ ҳамсоягии вилоят бо Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад.

Акс аз azam.company

“Барои истеҳсоли пойафзол зиёда аз 45 намуди маҳсулоти хом, аз ҷумла якчанд навъи ширеш истифода мешавад. Фарз кардем, ки истеҳсоли чармро дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ мондем, дар ин ҳол боз ҳам маҳсулоти кимиёӣ ниёз дорем. Аз ин лиҳоз, маҷбурем маҳсулоти кимиёиро бо нархи дастрас аз Чин ворид намоем. Наздик будани корхона ба давлати ҳамсоя ба фоидаи кор аст”,- шарҳ дод соҳибкор.

Сабаби дигари таъсиси корхона дар шаҳри Хоруғ, саҳмдори корхона будани Accelerate Prosperity ва Бунёди (Фонд) Оғохон аст. Зеро ин Бунёд ба лоиҳаҳое, ки дар Бадахшон амалӣ мешаванд, бештар таваҷҷуҳ медиҳад.

Як сабаби дигарро ҳамсуҳбати мо дар мавҷуд будани шумораи зиёди ҳайвонот дар навоҳии ин вилоят маънидод кард. Ин имкон медиҳад, ки минбаъд барои истеҳсоли чармӣ ватанӣ захираҳо дастрастар бошанд

Қадамҳои нахустини пойафзоли “Сандал”

Ҳамаи коргарони ҶДММ “Сандал”, сокинони шаҳри Хоруғанд.

Азам моҳи декабри соли гузашта ба 42 нафар ҳунари пойафзолдӯзиро бо истифода аз дастгоҳҳои муосир таълим дод. Имрӯз аз онҳо ҳамагӣ 8 нафар мутахассис дар корхона фаъолият карда истодаанд. Баъд аз расман кушода шудани корхона, мутахассисони боқимонда низ ба кор ҷалб мегарданд.

Агарчи номи корхона ҶДММ “Сандал” аст, вале бо бренди “YAK” пойафзол истеҳсол мекунад. Сабаби “Сандал” унвон гирифтан, дар якчанд забонҳо мавҷуд будани ин истилоҳ аст, мегӯяд Азам.

Фарқияти ҶДММ “Сандал” аз корхонаи истеҳсолии “Азам” дар он аст, ки пойафзол на дастӣ, балки бо истифодаи дастгоҳҳои махсус дӯхта мешавад. Ин гуна пойафзолҳо нисбати дастидӯхт арзонтар ва истеҳсолаш тезтару осонтар аст.

Аз ин лиҳоз, “Сандал” вобаста ба талабот дар як рӯз аз 100 то 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол мекунад. Ҳоло танҳо истеҳсоли пойафзоли мардона ва кӯдакона ба нақша гирифта шудааст. Зеро пойафзоли занона мудҳои зиёд дорад ва барои он имконияту шароити бештар лозим аст.

Айни замон Азам, ҷойнишини худро дар Хоруғ таъин накардааст. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст баъд аз як ё ду соли ба роҳ мондани фаъолияти корхона нафареро ба ҷойи худ гузорад ва ба Душанбе баргардад.

Коргоҳи нав дар як қисми бинои собиқ сехи мебелбарории шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Ин ҷойро ҳангоми ҷустуҷӯйи бино бо саҳмдор писандиданд.

Нақшаи коркарди чарм дар Тоҷикистон

Ӯ мақсад гузоштааст, ки дар солҳои оянда корхонаи коркарди пӯстро таъсис диҳад. Маълум аст, ки одатан маҳсулоти ватанӣ дар Тоҷикистон камхаридор мешавад. Вале соҳибкори ҷавон аз ин пешомади тахминӣ намеҳаросад.

Ба гуфтаи ӯ, барои истеҳсоли чарм дар дилхоҳ кишвар асосан аз пӯсти гов ва гӯсфанд истифода мекунанд. Коркарди пӯст аз 17 зина иборат мебошад, ки охирон зинаи он рангубор аст.

“Туркияву Чин маҳсулоти хомро бештар аз Осиёи Марказӣ харидорӣ карда, пойафзол медӯзанд. Чунки чарм аз пӯсти чорвои ин минтақа офтобхӯрдаву сахт аст. Дар асл мо хуштолеътар аз ин кишварҳои тиҷоратӣ ҳастем, вале аз бойигарии худ то ҳол истифода накардаем”, – гуфт Азам.

Махсусан дар ВМКБ зиёд будани саршумораи қутос, метавонад барои истеҳсоли чарми босифат замина гузорад. Мумкин аст корхона чарми ватаниро ба дигар давлатҳо низ содирот намояд.

“Албатта, оғози ҳар як кор бидуни душворӣ намешавад. Яке аз мушкилии асосии мо омода намудани мутахассисони соҳа бошад, дигараш дар чиллаи зимистон овардани дастгоҳҳо аз Чин буд. Зеро зимистон имсол пурбарф буду роҳҳо баста”,- ба хотир овард қаҳрамони мо.

Тавре Азам мегӯяд, фурӯши пойафзолҳои корхонаи нав пас аз 1 моҳ ба роҳ монда мешавад. Қарор аст, соҳибкори ҷавон бо мизоҷоне ҳамкорӣ намояд, ки онҳоро яклухт харидорӣ мекунанд. Тибқи нақша, мумкин аст маҳсулот ба Русияву Қазоқистон содирот карда шавад.

ҶДММ “Сандал” ҳоло пурра ба кор шуруъ накардааст. Ифтитоҳи расмии корхона дар моҳи август ё сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Нодира Собирзод

Skip to toolbar