fbpx

Тоҷикистон интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас зиёд кардааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон барои узвият дар гурӯҳи террористӣ

Дар ноҳияи Аламиддини вилояти Чуйи Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон, ки узви созмони байналмилалии террористӣ аст, боздошт шудааст. Дар ин бора Kyrtag.kg бо такя ба Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Чуй хабар медиҳад.

Занҷирро ба дасти ҷинояткор маҳкам мекунанд

Ба иттилои милитсия, онҳо маълум кардаанд, ки дар деҳаи Лебединовка шаҳрванди Тоҷикистон З.М., соли таваллудаш 1993 зиндагӣ мекунад, ки қаблан бо моддаи “Убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ” суд шудааст.

“Тибқи маълумоте, ки аз ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсоя гирифтем, З.М. борҳо барои ҷиноятҳои вазнин суд шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва узви созмони байналмилалии террористӣ мебошад”,- шарҳ додааст милитсия.

Тафсилоти бештар дар бораи дар куҷо ва чӣ гуна ҷиноятҳои вазнин содир кардани ӯ, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва узви кадом созмони байналмилалии террористӣ буданаш маълумот дода нашудааст. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта нашудааст, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод мешавад ё на.

Айни замон З.М. дастгир шуда ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

“Аз кор озод шуданд, вале боздошт не”. Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се корманди Пажӯҳишгоҳи гинекологӣ

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар зидди чанд корманди масъули “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Онҳо барои тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ айбдор мешаванд.

Тасарруфи ғайриқонунии маблағ
Акси марбута аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Ба иттилои манбаъ, Фирӯза Шукурова, муҳосиби музди меҳнатӣ, Гулбаҳор Худогуева, сариқтисодчӣ ва Зебогул Мухамедрахимова, муҳосиби молии пажуҳишгоҳ, 1 млн 540 ҳазору 703 сомониро ба корти кормандони собиқ гузаронида, худашон гирифтаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, масъулини ниҳоди зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барқасдона даст ба ҷиноят задаанд.

“Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1 540 703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд”,- омадааст дар иттилоияи Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, ки нисбати Фирӯза Шукурова, Гулбаҳор Худогуева ва Зебогул Мухамедрахимова барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “б”) ва сохтакории хизматӣ моддаи 323 парванди ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Агентӣ нагуфтааст, ки ин се корманди Пажуҳишгоҳ боздошт шудаанд ё не.

Дар ҳамин ҳол, аз Пажуҳишгоҳи акушерӣ ва генекологӣ боз шудани парвандаро нисбати се нафар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки онҳо аз кор озод шудаанд, вале аз ҷониби мақомот боздошт нашуда, дар озодианд.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Агентии зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Тоҷикистон интиқоли барқро ба таври назаррас зиёд кардааст

Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 8,6 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кард. Ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 17,5% бештар аст. Дар ин бора Агентии омор хабар додааст.

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро афзоиш додааст

Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 7,3 миллион доллар нерӯи барқ интиқол дода буд.

Ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо ба Афғонистон (тамоми сол) ва ба Узбекистон танҳо дар фасли баҳору тобистон (аз моҳи май то август) нерӯи барқ ​​медиҳад.

Шартнома барои соли 2022 бо Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқи Тоҷикистон ба истеъмолкунандагони ин кишварро то 400 МВт дар моҳҳои май-август ва 40 МВт дар моҳҳои сентябр-апрел пешбинӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳатто барои таъмини истеъмолкунандагони дохилӣ нерӯи барқ ​​намерасад. Сокинони деҳот одатан аз аввали тирамоҳ то охири моҳи март бо қатъи нерӯи барқ ​​рӯбарӯ мешаванд ва баъзан ин қатъ то моҳи апрел идома меёбад.

Тобистон дар кишвар захираҳои калони обӣ ва энергетикӣ мавҷуданд, ки як қисми онхо бефоида ба НБО рехта мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,6 фоиз зиёд мебошад.

Кариб 88,4 фоизи қувваи барқ дар НБО, 11,6 фоиз дар нерӯгоҳҳои аловӣ истехсол шудааст. Нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар зарфи се моҳ ҳамагӣ 80 ҳазор киловатт-соат барқ истеҳсол карданд, ки ин 0,001 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли барқро ташкил медихад.

Мо ҳисоб кардем, ки Тоҷикистон панҷ соли охир дар давраи “лимит” ба хориҷа чӣ қадар барқ фурӯхтааст?

Сӯхтор дар Ваҳдат ба 6 хона зарар расонидааст

Шаби 15 ба 16-уми моҳи апрел дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар як бинои баландошёна сӯхтор сар зада, 450 метри мураббаъро фаро гирифтааст, хабар доданд аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар яке аз манзилҳои истиқоматӣ рух дода, аз онҷо оташ ба манзилҳои ҳамсоя мегузарад”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, хабар ба хадамоти оташнишонӣ дар бораи сар задани сӯхтор соати 00:50 расидааст. 12 мошини оташнишонӣ фавран ба ҷои ҳодиса фиристода шуд. Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, касе осеб надидааст.

Манбаъ мегӯяд, азбаски сӯхтор шабона сар зад, сокинон натавонистаанд фавран дар бораи сӯхтор хабар диҳанд, то ки ба ҳадди имкон паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда шавад. Ҳоло гурӯҳи корӣ ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

Дар ҳамин ҳол Хусрав Абдуллозода, директори муассисаи давлатии “Сохтмони асосӣ”-и шаҳри Ваҳдат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки сӯхтор манзили шаш сокини биноро фаро гирифта вайрон кард.

Яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ наврое нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, оташ дар яке аз манзилҳои ошёнаи шашум аланга гирифта, ба хонаҳои ҳамсояҳо паҳн шудааст.

Дар натиҷаи сӯхтор манзилҳои ошёнаи охирин, шашум комилан хароб шуда, манзилҳои ошёнаи панҷум аз дуд ва фишори баланди об ҳангоми сӯхтор осеб диданд.

Толибон боз се низомии собиқро куштаанд

Ҷангҷӯёни Толибон* дар вилояти Бадахшони Афғонистон се низомии собиқи артишро, ки ба масҷид барои адои намози таровеҳ мерафтанд, куштаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Гуруҳи террористии Толибон
Акси марбута аз AFP

Ба гуфтаи манбаъ, исми низомиёни кушташуда Қорӣ Сомӣ, Ҳоҷӣ Идӣ ва Имодуддин будааст.

Ба иттилои рӯзнома, Ҳоҷӣ Идӣ дар гузашта аз нерӯҳои шӯришии мардумии Бадахшон ва Қорӣ Сомию Имодуддин аз артиши ҳукумати пешин будаанд.

Толибон дар Бадахшон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ин бори аввал нест, ки Толибон даст ба қатлу боздошт ва ҷустуҷӯи низомиёни ҳукумати пешини Афғонистон мезанад. Дар гузашта низ борҳо расонаҳо аз кушта шудани сарбозон ва низомиёни ҳукумати пешини ин кишвар аз сӯи Толибон, хабар дода буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Президенти Ироқ аз ҷониби Тоҷикистон даъватнома барои сафар гирифтааст

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ иттилоъ дод, ки президенти ин кишвар Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт.

Президенти Ироқ

Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, супурд.

Ба иттилои манбаъ, Зубайдулло Зубайдзода аз тамоюли Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар гуфтааст.

Президенти Ироқ ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳадафи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ва зарурати боз кардани сафорати Тоҷикистон дар Бағдод таъкид кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин хабар ибрози назар накардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend