fbpx

Кӣ дар Помир пойафзолҳои дастии ватанӣ аз чарми тозаро истеҳсол мекунад?

Корхона дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон фаъолият мекунад.


-1
-1 points

Лангаршо Гадомамадов корхонаи пойафзолбарориашро моҳи апрели соли 2021 кушод. Нақшаи кушодани чунин корхонаро ӯ 2 сол боз дар сар мепарварид. Айни ҳол дар корхонаи хурди Лангаршо 3 нафар ба пойафзолдӯзӣ машғуланд.

Лангаршо ба Your.tj дар бораи фаъолияти корхона, чӣ тавр кушодани он ва муҳити кориаш нақл кард.

Лангаршо Гадомамадов зодаи ноҳияи Рӯшон буда, аз даврони ҷавонӣ ба тиҷорати хурд машғул буд. Як вақт ба тиҷорати меваҳои тар низ машғул мешавад. Соли 2017 вақте ӯ ба Душанбе меояд, якчанд нафар дӯстонаш дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли пойафзол кор мекарданд. Ин намуди тиҷорат ба Лангаршо писанд меояд.

“Рӯзе ба коргоҳи дӯстонам рафтам. Барои ман бисёр ҷолиб буд, ки дар Тоҷикистон чӣ тавр пойафзол истеҳсол мекунанд. Аз ҳамонҷо дар дилам хоҳиши кушодани чунин корхона дар зодгоҳам пайдо шуд. Бо шӯхи ба дӯстонам гуфтам, ки барояшон чунин корхонаро бо музди беҳтаре фароҳам меорам”, – мегӯяд, Лангаршо.

Сипас Лангаршо барои аз худ кардани ҳунари пойафзолдӯзӣ ва тиҷорати он ба курсҳои омӯзишии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дохил мешавад.

Фикри роҳандозии лоиҳа маро ором намегузошт

Пас аз хатми курс ӯ нақшаи лоиҳаи худро омода намуда ба чандин ташкилотҳое, ки тиҷорати хурдро дастгирӣ мекунанд, пешниҳод менамояд. Ниҳоят лоиҳаи Лангаршо аз тарафи Фонди тоҷикистонии Оғохон дастгирӣ меёбад. Лангаршо чандин маротиба аз ба роҳ мондани  лоиҳа даст кашиданӣ мешавад, аммо орзуҳояш намегузоранд, ки ақидааш ноустувор гардад.

“Фикри роҳандозии лоиҳа маро ором намегузошт. Бо чандин тоҷирони таҷрибадор мулоқот кардам. Ҳама мегуфтанд, ки пойафзол фаровон асту ба истеҳсоли пойафзолҳои ватанӣ эҳтиёҷе нест. Ниҳоят қарор додам, ки ба сухани касе гӯш надода, худро бисанҷам”, – иқрор мешавад, соҳибкор.

Ҳоло муваффақ шудани Лангаршо дар тиҷорат маълум нест, чун корхона фаъолияташро нав ба роҳ мондааст. Вале кушодани як корхона дар яке аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ худ муваффақият аст.

Пойафзолҳои дастӣ аз чарми тоза

Лангаршо айни ҳол танҳо пойафзоли мардона истеҳсол мекунад. Пойафзолҳо аз чарми тоза ва дастӣ омода мешаванд.

“Ба ман гуфтанд, ки омода намудани пойафзол бо тарзи дастӣ мушкил аст. Вале ман кӯшиш кардам, ки зуд аз худ кунам, чун зиёд хоҳиш доштам. Ҳоло чармро аз корхонаҳои истеҳсоли чармии вилояти Суғд ва Душанбе дархост медиҳам. Оҳиста-оҳиста шумораи муштариён зиёд шуда истодаанд”, – мегӯяд, Лангаршо.

Ӯ дар оянда нақша дорад, ки истеҳсоли пойафзоли занона ва кӯдаконаро низ ба роҳ монад. Ҳамчунин дӯстонашро, ки ба онҳо ваъдаи ҷои корӣ дода буд, ба кор ҷалб карданист. Арзиши пойафзолҳои Лангаршо аз намуди чарм ва дизайни он вобаста аст.

“Ман мехоҳам дар оянда натанҳо пойафзол ҳамчунин дигар намудҳои маҳсулоти чармиро, аз қабили ҷузъдон, камарбанд ва ғайра истеҳсол намоем. Инчунин сафи коргарони корхонаро низ зиёд карданием, то ки шумораи истеҳсолотро бештар намоем. Айни ҳол дар корхона танҳо се нафар фаъолият доранд”, – мегӯяд, Лангаршо.

Ғолиб Мараматшоев, махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend