fbpx

Думаи давлатии Русия авфи муҳоҷиронро дастгирӣ мекунад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Муҳоҷирон дар Русия

Боз як журналист бедарак шуд. Хуршед Фозилов дар куҷост?

Расонаҳо аз дастгир шудани Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷике, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, хабар медиҳанд. Гуфта мешавад ӯро тақрибан, соати 15:00 – 15:30 – и рӯзи 6 – уми март, афроди ношинос бо либоси мулкӣ дастгир карда, ба сӯйи номаълум бурдаанд.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор

Ӯ дар ин вақт дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент будааст.

Ба “Азия-плюс” манбаъҳо аз Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, гуфтаанд, ки “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард. Дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

Манбаи дигар аз ин идора гуфтааст, “Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”.

Наздикони журналист ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфтаанд як шабонарӯз боз аз ӯ дарак нест ва дар куҷову дар кадом ҳолат буданашро намедонанд.

“Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, – шарҳ дод яке аз наздикони рӯзноманигор.

“Азия – Плюс” менависад, кӯшишҳо барои дарёфти иттилои дақиқ вобаста ба ин қазия аз шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент бенатиҷа анҷом ёфтааст.

“Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент баъди шунидани суол дар бораи эҳтимоли боздошти Хуршед Фозилов гуфт, “ман ӯро намешиносам” ва гӯширо гузошт”,- менависад расона.

Хуршед Фозилов қаблан барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) гумонбар буд. Ӯро ҳамроҳи чанде аз рӯзноманигорони дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон нишон дода буданд.

Думаи давлатии Русия авфи муҳоҷиронро дастгирӣ мекунад

Дар Думаи давлатии Русия бар ин назар омадаанд, ки авфи муҳоҷирони қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯмак мекунад.

Таджикские трудовые мигранты в России

Артем Кирянов, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ин ақидаро баён кардааст, менависад Интерфакс.

“Албатта, мо намегӯем, ки баргардонидани шахсони машғул ба фаъолияти ғайриқонунӣ лозим аст. Лекин, масалан, авфи шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя накардаанд ё қонуншикании маъмурӣ содир кардаву ба касе зарарашон нарасидааст, ба ақидаи ман имконпазир аст”, – гуфтааст Кирянов.

Ӯ таъкид доштааст, ки сохтори имрӯзаи бозори кор ҳам дар соҳаи сохтмон ва ҳам дар кори зерсохтори Хоҷагии манзилию коммуналӣ мушкилиҳо пеш меорад.

“Аз ин рӯ, агар онҳо хоҳиши омадану бо шартҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда кор карданро доранд, албатта, мо набояд ба ин муқобил бошем”, – зикр кардааст Кирянов.

Дар бораи баррасии ин масъала дар мусоҳиба ба “Интерфакс” вакили Думаи давлатии Русия Владимир Ресин низ изҳори назар карда буд.

“Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро пайгирӣ доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат, тадбирҳои иловагӣ ҷорӣ созанд. Масалан, имкони эълони авф ба муҳоҷирони корие, ки замоне барои риоя накардани реҷаи (қоидаҳои) муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад”, – гуфта буд Ресин.

Ронандаи собиқ, мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони фасодкорӣ ва тамаъҷӯйӣ боздошт шудааст

Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, Иқболи Неъматулло бо гумони тамаъҷӯӣ ва фасадкорӣ боздошт шудааст. Ӯ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шудааст.

Тасарруфи ғайриқонунии маблағ
Акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Гумонбаршаванда ба ин вазифа аз 31-уми октябри соли 2022 бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардида, давоми 4 моҳи роҳбарӣ ба як қатор ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задааст. Дар ин бора Телевизиони “Тоҷикистон” дирӯз, 6 – уми март гузориш додааст.

Худи ӯ иқрор шудааст, ки баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон донишгоҳ дар яке аз мактабҳои ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни таърих кор кардааст.

То таъин шудан ба вазифаи сардори раёсати маориф ба ҳайси ронанда дар ҶДММ “Фаос” кор мекард.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар рӯзҳои аввали фаъолияташ мунтазам ба фасодкорӣ даст зада, аз роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағҳои калони пулӣ меситонидааст.

Аз ҷумла, ӯ бо истифода аз мансаби ишғолнамудааш аз 36 директори мактаб дар маҷмӯъ, 65 ҳазору 700 сомонӣ пора гирифтааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ чанд директори мактабҳои ноҳияро бо гирифтани пора ба вазифа таъин кардааст.

Аз ҷумла, аз муовини директори мактаби №117-и ноҳияи Сино 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро директори мактаби №73-и ноҳияи Рӯдакӣ ва аз муовини директори маткаби №130-и ноҳияи Фирдавсӣ 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро директори мактаби №72-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин намудааст.

Дар гузориши телевизионӣ худи боздоштшуда иқрор мешавад, ки аз муовинони директрони мактабҳо пора гирифта, онҳоро ҳамчун директори мактаб таъин кардааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати Иқболи Неъматулло барои сӯистифода аз ваколатҳои давлатӣ (моддаи 314, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.

Ин модда ҷазоро бо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.

Назари наздикон ё вакили дифои Иқболи Неъматулло маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии соли 2022 сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, замин ва бонкдорӣ дар раддаи аввал қарор доштанд.

Таркиши балони газ дар яке аз қаҳвахонаҳои пойтахт

Субҳи 7-уми март, соати 06:30 дақиқа дар қаҳвахонаи “Шелби”-и пойтахт таркиши балони газ ба амал омад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Қаҳвахона дар нишонаи кӯчаи Борбад, бинои 1 воқеъ аст. Тибқи иттилоъ дар натиҷаи таркиши балони газ қисмати шишагии қаҳвахона осеб дидааст. Хушбахтона, ба ягон нафар зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

Санҷиши пурраи ҳодиса идома дорад.

Тоҷикистон ба Қазоқистон пиёз содирот мекунад

Барои бо пиёз таъмин намудани бозори Қазоқистон мақомоти Тоҷикистону ин кишвар қарордоди дахлдорро ба имзо расонидаанд.

Нархи пиёз дар Тоҷикистон
Акс аз интернет.

Созишномаи дахлдор дар ҷараёни сафари ҳайати Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироӣ Арман Шакалиев ба ҷумҳурӣ ба имзо расид,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати савдои ҷумҳурӣ.

Мавзуи аслии музокирот таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти зарурии меваю сабзавот дар ин мавсим будааст, ки захираи сабзавоти маҳаллӣ тамом мешавад ва ниёз ба воридот пайдо мегардад.

Бояд гуфт, ки қаблан нархи пиёз дар Қазоқистон якбора боло рафта буд (22% то 400 тенге), ки сабаб талафоти ҳосил, сармо ва обхезӣ дар Ӯзбекистон ва Покистон будааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, дар моҳи январи соли ҷорӣ қимати пиёз дар Тоҷикистон 31,6% боло рафтааст. Агар дар моҳи декабри соли 2022 як кило пиёз ба ҳисоби миёна 3,5 сомонӣ арзиш дошт, пас дар моҳи январи имсол ҳамин миқдор пиёз аллакай 10-11 сомонӣ шуда буд. Мақомот сабабро номусоидии обу ҳаво ва аз сабаби сармо дар анборҳо талаф шудани қисмате аз ҳосил унвон карданд.

Дар соли 2022 аз 672 ҳазор тоннаи ин сабзавот ҳудуди 66,6 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.

Дар соли 2023 дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз дар назар аст.

Дар Хуросон марде бо гумони мубодилаи ғайриқонунии асъор дастгир шуд

Прокуратураи генералӣ аз дастгир шудани марде хабар дод, ки ғайриқонунӣ ба хариду ивази асъори хориҷӣ машғул будааст. Аз ӯ Сайдуллоев Саидаҳмад Абдухолиқович ном бурда мешавад.

Манбаъ менависад, ки “… хилофи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амал намуда, дидаю дониста дар бозори «Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон нуқтаи ивази асъори хориҷиро таъсис дода, ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул шудааст”.

Гуфта мешавад, ки ӯ 20-уми январи соли 2023 аз шаҳрванд «Х. А.» маблағи 3400 доллари ИМА гирифта, бо асъори миллӣ — сомонӣ бо қурби 10.30 сомонӣ иваз намудааст. Ӯ баъд аз гирифтани маблағи 3400 доллари ИМА дастгир карда шудааст.

Суди ноҳияи Хуросон Сайдуллоев С. А.-ро бо моддаи 286, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда, баробар ба 13600 сомонӣ таъин карда шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend