fbpx

Донишҷӯёни тоҷик: Ба мо иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд. Донишҷӯёни қирғиз: Ягон мушкилӣ надорем

Вазорати корхҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз оғози соли нави хониш, расман хабаре дар бораи тақдири донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон хабаре пахш накардааст.


0
Акс аз сомонаи 24KG

Мақомоти Қирғизистон ба даҳҳо нафар донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд иҷозаи вуруд надоданд. Донишҷӯён мегӯянд, ки чандин маротиба ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд, вале то ҳол ҷавобе дастрас накардаанд. Айни ҳол ба қисмате аз онҳо дар донишгоҳҳо дарсҳои онлайнӣ ташкил кардаанд, аммо баъзе аз омӯзгорон ба дарсҳои онлайнӣ хунукназарона рафтор мекунанд.

Пештар вазири маориф ва илми Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ҳамаи донишҷӯёни тоҷикро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бе ягон мамоният интиқол мекунанд. Аммо на ҳамаи онҳо хоҳиши ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфтанро доранд, зеро бисёриҳо дар курси панҷум таҳсил мекунанд ва намехоҳанд, ки як соли дигарашонро аз даст диҳанд.

“Намехоҳам як соли умрамро аз даст диҳам”

Ёсамин Қозибекова, донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи славянии Русия ва Қирғизистон, мегӯяд, ки новобаста аз муроҷиатҳои пай дар пай ба ӯ барои убури марз иҷозатнома надодаанд. Ӯ ягона донишҷӯйи тоҷик дар гуруҳашон мебошад. Донишгоҳ барои ӯ “дарси онлайнӣ” ташкил кардааст, аммо қисми зиёди муаллимон ба он аҳамият намедиҳанд.

“Албатта онҳо намехоҳанд танҳо барои як нафар дарсҳои онлайнӣ ташкил кунанд. Ҳоло танҳо ҳар муаллиме, ки мехоҳад дарс мегузарад, дигарон маро фаромӯш мекунанд. Муаллимоне, ки вазифа медиҳанд, ман иҷро карда равон мекунам, аммо ҳамкурсонам гуфтанд, ки бисёриҳо ба ман аз дарсашон ғоиб мегузоранд ва ин табиист ки дар охири нимсола ба мушкилиҳо дучор меоям. Ман пайваста ба садорат ва ректор арзиза мекунам, онҳо дар ҳоли ҳозир ба ҳамин гуна дарсҳои “онлайнӣ” иҷозат доданд”, – изҳор дошт, Ёсамин.

Ёсамин мегӯяд, ки намехоҳад ба Тоҷикистон интиқолаш кунанд, зеро дар ин ҳол ӯро лозим аст, ки аз нав дар курси чорум таҳсил кунад.

“Чандин маротиба фикри ба Тоҷикистон интиқол карданро кардам, вале ин номумкин аст. Чун маро аз курси панҷум дар Тоҷикистон ягон донишгоҳ қабул намекунанд. Ман намехоҳам, ки як соли дигарамро аз даст диҳам. Дарсҳои онлайнӣ ба мисли дарсҳои давраи карантин ҷиддӣ нестанд”,- мегӯяд, Ёсамин Қозибекова.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, ҳатто донишҷӯёне, ки аз донишгоҳҳои Қирғизистон иҷозатномаи убури марз гирифтанд, сарҳадбонони қирғиз ба онҳо иҷозаи вуруд надоданд.

“Бо хоҳиши худ ариза навис, то хориҷат кунем”

Мавзуна Саидошурова ки донишҷӯи соли чоруми ҳамин донишгоҳ аст, мегӯяд, ки барои онҳо дарсҳои пурраи онлайнӣ ташкил кардаанд. Барои онҳо дар аввал иҷозаи омӯзиши онлайнӣ надоданд, аммо кураторашон ин мушкилиро ҳал намудааст. Ӯ низ ба монанди дигар донишҷӯён ҳангоми даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргашта буд, аммо ҳоло баргашта наметавонад.

“Айни ҳол дарсҳои мо оғоз шудаанд, аммо мо ба Қирғизистон рафта наметавонем. Чун мо як гуруҳ донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон куратори худро дорем, мушкиламонро айни ҳол ҳал кард. Ҳоло мо шаш нафар донишҷӯёни тоҷики гуруҳамон ба таври онлайнӣ дарс хонда истодаем”, – мегӯяд, Мавзуна.

Ба нақли Мавзуна дугонааш Лайлоро, ки дар донишгоҳи мазкур дар курси сеюм мехонад, маҷбур кардаанд, ки бо хоҳиши худ ариза бинависад, то ки аз донишгоҳ хориҷаш кунанд.

“Ба ӯ гуфтаанд, ки онҳо намехоҳанд, ки танҳо барои як нафар дарсҳои онлайнӣ ташкил кунанд. Беҳтараш бо хоҳиши худ ариза нависад, то хориҷаш кунанд. Аммо ӯ намехоҳад, ки хориҷ шавад. Пас аз муроҷиатҳои пай дар пай иҷозаташ доданд, ки дарсашро ба таври  онлайн идома диҳад, вале ӯро муаллимон фаромӯш мекунанд ва ӯ аз дарсҳо оқиб мемонад”, нақл кард, Мавзуна.

Мазуна мегӯяд, ки ба онҳо кураторашон хабар додааст, ки ба наздикӣ марз кушода мешаваду метавонанд барои идомаи таҳсил бираванд.

Донишҷӯёни қирғизистонӣ дар Тоҷикистон: Ягон мушкилӣ надорем

Дар ҳамин ҳол донишҷӯёни қирғизе, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, бе ягон мамоният ба Тоҷикистон омада таҳсилашонро идома дода истодаанд. Ҳамсӯҳбати мо Азизбек Тешабоев, ки донишҷӯи соли сеюми факултаи Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки ӯ бе ягон мушкили марзи Тоҷикистонро ба тариқи кишвари сеюм, яъне Ӯзбекистон убур намудааст ва ҳоло бе ягон мамоният таҳсилро идома дода истодааст.

“Аз сабаби баста шудани марз ман тариқи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадам. Ҳоло таҳсилро идома дода истодаам. Ҳамчунин чандин рафиқонам низ ба воситаи Ӯзбекистон омадаанд. Айни ҳол мо ягон мушикили надорем ва мисли пешин хонданро давом дода истодаем”, – мегӯяд, Азизбек Тешабоев.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 28 майи соли 2021 ба амаломада, баста шуд.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend