fbpx

Сокинони Қирғизистон мактаббачаҳои деҳаи Сомониёнро сангборон кардаанд

Дар натиҷаи сангборон ду кӯдак ҷароҳати ҷисмонӣ бародштааст.


-1
-1 points
Акс: Азия-плюс

Имрӯз 23 сентябр дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик  зери ҳамлаи чанд тан сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Тевре маълум шуд чанд тан сокини Қирғизистон хонадагонро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон карда, сипас ба хонаҳои ин хонандагон даромада, волидони онҳоро низ латукӯб намудаанд.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев  ҳодисаи зери сангборони қирғизҳо қарор гирифтани хонандагонро тасдиқ кард. Тевре ӯ мегӯяд, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд.

Насриев илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузоштааст. Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд аз сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ мекунанд.

Тавре Телеграмм канали Азия-плюс хабар медиҳад, сокинони қирғиз мактаббачаҳои тоҷикро ҳангоми аз мактаб баргаштан сангборон кардаанд, сипас онҳо ба хонаҳои ҳамин мактаббачаҳо даромада, волидонашонро низ латукӯб кардаанд.

Ба ғайр аз ин айни марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст. Садҳо донишҷӯёни тоҷик наметавонанд барои идомаи омӯзиш ба Қирғизистон раванд. Донишҷӯёни қирғиз бошанд, тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои идомаи омӯзиш омадаистодаанд.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари  обтақсими “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона печид. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат

Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend