fbpx

Дипломҳои дурӯғин, боло бурдани маош, нобоварӣ ба табибони тоҷик: Муҳимтарин нуқтаҳои паёми президент

Мухтасари масъалаҳои муҳим аз суханронии президент дар паёми имсола.


-1
-1 points
Ин ва дигар аксҳо аз Хадамоти матбуоти президент

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар аз баланд бардоштани маош, сифати пасти маориф, зарари телефонҳои мобилӣ, норозигӣ аз сатҳи забондонии донишҷӯёну кормандони давлатӣ ва нобоварии мансабдорон ба табибони тоҷик гуфт.  

Муҳиматарин нуқтаҳои паёми президентро, ки имрӯз дар Кохи Сомон ироа гардид мо ба таври фишурда пешниҳоди шумо менамоем.

То 25% боло бурдани маош

Президент дар ироаи паём пешниҳод кард, ки ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

“Аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамчунин аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад”, – пешниҳод кард президент.

Ҳамчунин аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

“Мо худамон худамонро фиреб мекунем

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз низоми маорифи кишвар шадидан интиқод кард ва гуфт, ки бахши маориф ба ислоҳот ниёз дорад.

“Барномаҳо кӯҳна аст, конспектҳо кӯҳна аст, аксари омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд, мо худамон худамонр фиреб мекунем, фақат диплом, коғаз медиҳем, реформа кардан лозим”,- гуфт президент ҳангоми ироаи паём.

Ӯ ҳамчунин ба масъулин пешниҳод кард, ки бояд қонунеро ба тасвиб расонд, то баъди 10 сол танҳо касоне аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ бошанд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон медонанд.

Дар робита ба ин ба вазорати маориф ва илм супориш дод, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгори кушодани шӯъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ кунанд.

Нобоварӣ ба табибони тоҷик

Президенти Тоҷикистон дар бахши дигари суханрониаш аз камбуди мутахассисони тиб дар бемористон ишора карда ва гуфт, ки дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст.

“Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст”, – гуфт Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин аз хизматчиёни давлатӣ интиқод кард, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд. “Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд, эътиқод ба мутахассисони худ надорем”,-афзуд ӯ.

2022-2026 Солҳои рушди саноат

Сарвари давлат пешниҳод кард, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд.

Ӯ зикр кард, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Нигаронӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ

Президент ҳамчунин аз фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва сарфи барзиёди маблағ барои он аз ҷониби аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ оқибати хуб надорад ва оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар.

Ӯ аз аҳолӣ даъват ба амал овард, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки телефону компютер ҷойи бозичаҳояшонро гирифтааст эҳтиёт кунанд ва оқибатҳои онро фикр кунанд.

Ба гуфтаи президент, даҳсолаи ахир аҳолии кишвар барои истифодаи телефонҳо зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардаст. “Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”, – гуфт ӯ.

“Моро лозим аст, ки фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”, – иброз дошт сарвари давлат.

“Мо таҷрибаи талхи таърихӣ дорем”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин замони ироаи паёми худ ба порлумон, ба вазъи Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ мудохила намекунад.

“Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад, ки намояндагони ҳамаи қавмҳо дар он шомил бошанд.

Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки кишвараш омодаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин ҳамсоякишвараш мебошад.

Истиқлолияти комили энергетикӣ 

Эмамолӣ Раҳмон зимни ироаи паём инчунин ба яке аз ҳадафҳои муҳим, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дахл кард.

“Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид”, – гуфт президент.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки “бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем”.

Матни комили паёми президентро тавассути линки мазкур мутолиа намоед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend