fbpx

Дар вилояти Тюмен низ таксиронии муҳоҷирони кориро манъ карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Беларус

Дар Русия барои муҳоҷирон корт-чипҳои дорои изи ангуштҳо дода мешавад

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 29 декабр патент барои корро дар шакли корт бо чип мегиранд, ки аз сурати электронии рӯй ва изи ангуштони соҳиби он иборат аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармони вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев иттилоъ медиҳад.

“Шакли патенти додамешуда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаби раводид меояд, дар шакли корт бо ҳомили электронии маълумот тасдиқ карда шавад. Фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор мегирад”, – гуфта мешавад дар санад.

Мувофиқи фармон корт 8,5-3,5 см андоза дошта, дар тарафи пеши он сурат, силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводаи молики он ҷойгир карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар он санаи таваллуд, шаҳрвнадӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ихтисос (касб) ва рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА, ИНН) зикр мешавад.

Дар тарафи дигар номи субъекти Русия, ки соҳиби корт дар он ҷо кор мекунад, маълумоти аз ҷониби кӣ ва кай дода шудани патент ҷойгир мешавад.

Дар қисмати поёни тарафи қафо рақами варақаи патент аз 9 рамз, QR-код бо ному насаб ва номи хонавода, санаи ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, инчунин силсила, рақам ва санаи ба охир расидани муҳлати амали ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, силсила ва рақами патенти додашуда дарҷ карда мешавад.

Дар вилояти Тюмен низ таксиронии муҳоҷирони кориро манъ карданд

Ин қарор дар ҳолест, ки ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таксиронӣ машғуланд.

Фармон дар ин заминаро волии вилоят Александар Мур имзо намудааст. Тибқи он ба шаҳрвандони хориҷие ки бо патент кор мекунанд, фаъолият дар нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ, таксиронӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад.

Ба ширкатҳои нақлиётӣ то 1-уми марти соли 2022 мӯҳлат дода шудааст, ки тибқи талаботи нав амал кунанд.

Дар ҳафт моҳи имсол раванди муҳоҷират ба ин минтақаи Русия густариш ёфта, ҳудуди 31 ҳазор нафар хориҷиён ба ин вилоят омадаанд.

Ҳафтаи пеш мақомоти минтақаи Ханти-Мансийск ҳам тасмим гирифт, ки аз соли оянда таксиронии муҳоҷиронро манъ кунад. Қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар ин ва ё он соҳа маҳдуд мекунад, солҳои охир дар Русия бештар шудаанд.

Дар гузашта беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русияро муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон ташкил медоданд.

Туркия маҳдудиятҳоро дар реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад

Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад, хабар дод вазири саноат ва технологияҳои ин кишвар Мустафо Варанк дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои кории ду кишвар рӯзи 16 декабр дар шаҳри Коня.

Ин иқдомро ӯ “рушди робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тавассути густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва рушди сайёҳӣ” маънидод кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории туркии Yeni safak.

Вазири саноати Туркия изҳори умедворӣ намудааст, ки бо ҷорӣ шудани реҷаи номаҳдуди раводид ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба байни кишварҳо “аз ҳисоби иқдомҳои мусбати мутақобила дар соҳаи андозбандӣ ва логистика” то 1 млрд доллар зиёд мешавад.

Ӯ илова кардааст, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол 326 млн долларро ташкил додааст.

СҶБ: Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз силу ВНМО гузашт

Теъдоди фавтидагон аз бемории коронавирус дар соли ҷорӣ аз шумораи умумии фавтидагон аз ВНМО ва сил дар соли 2020 зиёдтар аст.

Созмони ҷаҳонии ҷеҳдошт мегӯяд, аз рӯи шумораи фавтидагон, коронавирус аз ВНМО, вараҷа ва сил пеш гузаштааст.

Ба гуфтаи Тедрос Адан Гебрейесус, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз аввали соли 2021 беш аз 3,3 миллион фавт аз коронавирус сабт шудааст. Ин рақам аз шумораи умумии фавтидагон аз бемориҳое, чун ВНМО, вараҷа ва сил дар соли 2020 зиёдтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта дасти кам 50 ҳазор нафар қурбони коронавирус мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксар мавориди фавт бидуни сабт мемонанд.

Роҳбари СҶБ афзуд, ки дар айни замон штамми омикрон нисбат ба штамми делта зудтар паҳн мешавад ва ин аллакай расман собит шудааст.

Ҳамзамон меайян шудааст, ки штамми мазкур эҳтимол теъдоди зиёди нафарони ваксинагирифта ва ҳамчунин онҳое, ки қаблан гирифтори ин дард гардида буданд, сироят кунад.

СҶБ аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки идҳои дарпешистода метавонанд боиси авҷи ин вирус гардад, ки дар натиҷа ба афзоиши ҳолатҳои фавт мерасонад. Ин созмон даъват намудааст, ки дар шароити феълӣ бояд аз баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ҷилавгирӣ карда шавад.

ФИФА ба футболи тоҷик 16 млн. евро ваъда кард

Бино ба маълумоти Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон, ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид бо шиносномаи умумидавлатии хориҷӣ 30 рӯз, шиносномаи хидматӣ – то 60 рӯз ва шиносномаи дпломатӣ – то 90 рӯз дар қаламрави Туркия ҳузур дошта метавонанд.

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба ҳар кадоме аз федератсияҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 16 млн евро ваъда медиҳад, агар онҳо пешниҳоди баргузор намудани чемпионатҳои футболи ҷаҳонро дар як сол ду маротиба дастгирӣ кунанд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино маълумот дод, ки чаро чемпионати ҷаҳонро тез-тез баргузор намудан лозим аст. Тавре ки сомонаи расмии ташкилот хабар медиҳад, ду таҳқиқоти мустақил пешгӯйӣ кардаанд, ки  агар чемпионатҳои ҷаҳон байни занон ва мардон як маротиба дар ду сол гузаронида шаванд, вазъи иқтисодии 211 узви ФИФА беҳтар мешавад. Натиҷаҳои гирифта аз Nielsen ва OpenEconomics дар ҳамоиши ФИФА пешниҳод шуд.

“Коршиносони мустақил хабар доданд, ки гузариш ба баргузории чемпионати ҷаҳон дар ду сол як маротиба дар тӯли чор соли аввал дар маҷмӯъ 4,4 млрд доллар даромади иловагӣ меорад, ки он дар байни 211 ассотсиатсияи узви ФИФА тақсим карда мешавад”, – гуфтааст Инфантино.

Ӯ зикр кардааст, ки даромади иловагӣ имкон хоҳад дод, ки маблағгузорӣ ба як узви ФИФА дар давраи аввали чорсола аз 6 млн то 25 млн доллар афзоиш дода шавад.

“Ҳадафи мо кӯмак ба камшавии фарқият байни аъзоёни ФИФА буда, ба шумори ҳарчи бештари иттиҳодияҳо имкони воқеӣ диҳем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кунанд”, – иброз доштааст президенти ташкилот.

Ба иттилои манбаъ, агар лоиҳа дар конгресси навбатии ФИФА, ки 31 марти соли 2022 доир мегардад, маъқул дониста шавад, шурӯъ аз соли 2026 чемпионати ҷаҳон оид ба футбол як маротиба ҳар ду сол гузаронида мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend