fbpx

Фурӯшандаи “Султони Кабир”: “Агар дар бозори нав кор хуб нашавад ба муҳоҷират меравам”

Хабари тахриби бозори “Султони Кабир” барои фурӯшандагон комилан ногаҳонӣ буд.


0

Қарор аст, ки то 1 – уми марти соли 2022 бозори “Султони Кабир” пурра ба бозори “Кӯшониён” кӯчонида шавад. Раҳбари бозори “Султони Кабир”, Аваз Кабиров аз тоҷирон дархост кардааст, ки ҳарчӣ зудтар ба бозори “Кӯшониён” кӯчанд, дар сурати накӯчидан зарарҳои молиявӣ  хоҳанд дид. Аммо қисми зиёди савдогарон дар ҳайратанду намедонанд, чӣ кор кунанад.

Муаллифи Your.tj Файзуллохон Обидов бо фурӯшандагони бозори “Султони Кабир” суҳбат кард.

Бозор ҳамоно дар шакли муқаррариаш кор мекунад. Ҳама фурӯшандагони ин бозор аз кӯчонидани бозор хабар доранд. Баъзеҳо аллакай барои интиқол ба бозори нав ҳуҷҷатҳояшонро омода кардаанд.

“Акнун намедонам дар куҷо савдо кунам”

Холаи Шамсия дар даромадгоҳи бозор ашёҳои майда-чӯйда барои рӯзгор мефурӯшад. Хола курсие барои нишаст надошт. Шояд аз зарби бисёр рост истодан пойҳои ӯ дард карда бошад, ки ба девор такя карда интизори харидорон буд.

“Ман 66 солаам ва нафақахӯрам, аммо он хеле кам аст. Нафақаи як моҳа барои харидани  як халта орд ва 5 литр равған мерасаду халос. Барои ҳамин маҷбурам, ки ба савдо машғул шавам, то зиндагиро пеш бибарам. Шукр корам хуб аст, агар дар бозор одам бисёр шавад, дар як рӯз то 90-100 сомонӣ фоида мебинам. Шунидам, ки бозорро маҳкам мекунанд, хеле ғамгинам. Акнун намедонам, ки бозор баста шавад, дар куҷо ба савдо машғул шавам”, – гуфт холаи Шамсия.

“Хуб мешуд, ки бозорро намекӯчониданд”

Дар растаи рангфурӯшон одам хеле кам буд. Аробаҳои боркаш холӣ меистоданд.  Чор нафар аз фурӯшандаҳо, аз бекорӣ ланка бозӣ мекарданд. Мо бо Зайналобудин ном фурушанда ҳамсуҳбат шудем. Ӯ низ хабари кӯчонидани бозорро фаҳмида сари калобаашро гум кардааст ва намедонад, ки барвақтар ба бозори нав биривад ё то муҳлати дода шуда ин ҷо бимонад.

“Ман 6 сол боз дар ҳамин бозор кор мекунам. Дар як моҳ барои 1 метр ҷой 50 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Акнун намедонам, ки дар бозори нав аз мо чанд пул иҷорапулӣ мегирифта бошанд. Хуб мешуд, ки бозорро намекӯчониданд, мо низ ин ҷо одат кардаем, мардум низ. Савдо ин ҷо хуб аст, ҳоло номаълум, ки дар бозори нав барои хуб шудани савдо чӣ қадар вақт лозим мешавад ”, – мегӯяд, Зайнулобидин Ҳасанов.

Баҳодур ном фурӯшандаи симҳо гуфт, ки аллакай, як қатор ҳуҷҷатҳоро барои ба бозори нав кӯчидан тайёр кардааст. Аслан, ӯ аз соли 2000 – ум боз дар бозори “Султони Кабир” кор мекунад ва хоҳишманди ба бозори нав рафтан нест.

“Мо дигар роҳ надорем. Аллакай, ҳамаи кор ҳал шудааст. Ба наздикӣ мағозаро холӣ мекунем. Алакай барои кӯчидан ҳуҷҷатҳоро омада кардаам”,- бо дареғ афзуд, Баҳодур.

Ба муҳоҷират меравам

Дар растаи танги дегфурӯшон ҳам одам хеле кам буд. Чанд тан фурӯшандаҳо ҷамъ омада, бо ҳам чақ-чақ мекарданд. Аз байни онҳо Тоҷиддин Саидов ном фурӯшанда барои суҳбат бо мо розӣ шуд.

“Ман 15 сол боз дар бозор мағозаи дег ва ошдон дорам. Дар як моҳ барои мағозаам 200 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Ҳоло аниқ накардам, ки ба ҷойи нав меравам ё не. Агар аз бозори  нав ҷойи нағз ёфта натавонам, ба Маскав ё Истанбул меравам”, – хушбоварона мегӯяд, Тоҷиддин Саидов.

Бояд қайд кард, ки дар тахриби ин бозор на танҳо фурӯшандагон, балки ҳазорҳо нафарони дигар ба мисли аробакашон ва ронандагон низ бе ҷойи кор мемонанд. Мо бо Маҳмадулло ном аробакаши 48 сола вохӯрдем. Ӯ 10 сол боз дар бозори “Султони Кабир” аробакшӣ мекардааст. Вай ҳам аз касе шунидааст, ки бозорро мебанданд.

“Ман аниқ намедонам, ки баъди маҳкам шудани бозор дар куҷо ба аробакшӣ машғул шавам. Дар ин ҷо аз саҳар то бегоҳ кор карда, то 80-90 сомонӣ меёфтам. Дар ҷойи нав ҳам ризқу рӯзӣ ёфта метавониста бошам ё не Худо медонад. Ҳоло аз он хавотирам, ки бе ҷойи кор намонам. Агар ин ҷо кор ёфта натавонам маҷбурам ба Русия равам”, –  мегӯяд, Маҳмадулло.

“Мардум маҷбур ба бозори нав меоянд”

Аз байни 30 нафар тоҷироне, ки мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем  як нафар фурӯшандаи қубуру лӯлаҳо гуфт, ки иваз кардани ҷойи фурӯш ба кори ӯ таъсири манфӣ намеорад.

“Дар бозори нав шароити нав мешавад.  Вақте бозори “Султони Кабир” пурра ба ҷойи нав кӯчад, харидорон маҷбур мешаванд, ки ба бозори нав раванд. Боз ба мо ваъда доданд, ки агар барвақттар равем, то 3 моҳ иҷорапулӣ намедиҳем. Фикр мекунам ҳарчи зудтар рафтан лозим, то дар ҷои нав мутобиқ шавем”, – мегӯяд, Фарҳоди қубурфурӯш.

“Аз ин пас истироҳат мекардагистем”

Дар қатори истгоҳи таксиҳои “Султони Кабир”, ки борҳои харидаи мизоҷонро мекашонанд, бо Шарофиддин Зиёеви 77 сола вохӯрдем. Ӯ ронандаи мошини боркаши “Газел” аст. Ӯ низ аз кӯчонидани бозор нигарон аст ва то ҳол тасмим нагирифтааст, ки минбаъд дар куҷо кор кунад.

 

“Ман қариб 12 сол мешавад, ки ронанда ҳастам. Бори мардуми шаҳрро аз бозор, то хонаашон мекашонам. Дар як рӯз то 80-90 сомонӣ пул кор мекунам. Аз ман “ин кас ронандаи калонсол” –  гуфта, дар истгоҳи бозор ҷойпулӣ намегиранд. Намедонам, ки баъди бозорро бастан чӣ кор мекунам. Истироҳат мекардагистам”, – механдад, бобои Шарофиддин.

Ҳоло дар бозори мазкур соҳибкороне низ ҳастанд, ки мағозаҳоро харида шахсӣ намудаанд, аммо тақдири онҳо то ҳол маълум нест. Танҳо дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки соҳибкорони бозори “Султони Кабир” баргузор шуд, гуфта шуд, ки ба онҳо низ дар бозори нав барои фаъолият масоҳат ҷудо карда мешавад, аммо ба иҷора.

Бозорро барои чӣ тахриб мекунанд?

Хабари тахриби бозорҳои маъруфи “Султони Кабир” ва “Осиё” рӯзи 24 ноябр паҳн шуд. Ба ҷойи онҳо шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум сохта мешаванд.

Дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки ин иқдом бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар қарори шаҳрдорӣ омада буд, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд ва ҳадаф таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend