fbpx

Дастгири ниёзмандон. Бонуе рӯю мӯйи сокинони хонаҳои пиронсолонро ройгон оро медиҳад

Ӯ ҳамчунин якҷо бо хайрхоҳони дигар ба пиронсолон, ятимон, ниёзмандон, шахсони маъюбиятдошта ва оилаҳои камбизоат кӯмак мекунад.


26
26 points
Назокат Ашӯрова

Қариб 10 сол аст, ки Назокат Ашӯрова дар фосилаи ҳар ду моҳ ҳамроҳи шогирдонаш ба парасторхонаҳо рафта, рӯй ва мӯйи сари пирону барҷомондагонро ба таври ройгон оро медиҳад. Ҳадафи ӯ аз ин амал танҳо хушҳолии онҳо ва гирифтани савоб аст.

Дар суҳбат бо Your.tj Назокат гуфт, ки ин иқдом аз чӣ оғоз шуд ва чӣ гуна дастгирӣ ёфт.

Бо як тир се ҳадаф

Назокат мегӯяд, солҳои пеш ба парасторхонаҳо аз соати 8:00-и субҳ то шомгоҳ ба танҳоӣ 80 нафарро оро медод. Ҳоло бошад, бо шогирдонаш дар байни 2 соат ин корро ба анҷом мерасонад.

Идеяи ороишгарӣ дар хонаи пиронсолонро ба Назокат устодаш додааст. Солҳои 2013-14 ӯ ба ҳайси шогирди ороишгари мӯй ба кор шуруъ кард. Чун ҳанӯз навкор буд, мизоҷон кам ба ӯ муроҷиат мекарданд.

Устодаш ба Назокат маслиҳат дод, ки мӯйи бонувони хонаи пиронсолонро ороиш диҳад. Дар ин ҳол бо як тир ба се нишон задан мумкин аст: савоб гирифтан, дили пиронро шод кардан ва таҷриба андӯхтан.

“Шояд ҳангоми ороиш ба иштибоҳ роҳ медодам, аммо шодии пиронсолонро дида қувваам дучанд меафзуд. Ба худ ваъда додам, ки ҳар гоҳ устои кори худ шудам, ҳар ҳафта ба зиёраташон меоям”,- ба ёд овард Назокат.

Ӯ мегӯяд, ду соли аввал ба танҳоӣ онҳоро хабар мегирифт ва корашро анҷом медод. Намехост касе аз ин хабардор шавад. Аммо рӯзе яке аз сокинони хонаи пиронсолон дар бораи ӯ ба журналисте хабар мерасонад.

“Ба ҷавони журналист ҷавоби рад додам. Гуфтам, намехоҳам мардум фикр кунанд, ки ман худнамоишдиҳӣ мекунам. Лекин журналист ба ман фаҳмонд, ки бо ин тарз метавонем дигаронро низ ба корҳои хайр ҷалб намоем нақл кард бонуи ороишгар.

Баъди нашр мавод дар бораи ин иқдоми Назокат, чандин корбарони интернет ба саҳифааш навишта, хоҳиш карданд, ки ба ӯ ҳамроҳ шаванд. Ҳамин тавр, ҳоло даҳҳо нафар ба воситаи Назокат хайрашонро ба парасторхонаҳо мерасонанд.

Писари калонии қаҳрамони мо – Умар низ дар хайрхоҳӣ пайрави модараш аст. Ӯ ҳангоми дар Тоҷикистон буданаш мӯйи сари мардони хонаи пиронсолонро ройгон ба тартиб меовард. Ҳоло бошад дар Русия ҳафтае як маротиба ба муҳоҷирони тоҷик хизмати ройгон мерасонад, агарчи худ дар дигар самт фаъолият мебарад.

Фариштаи бахт

Бошандагони хонаи пиронсолон Назокатро чун фарзанди худ медонанд. Аз ин рӯ ҳар орзуе, ки дар дил доранд, ба ӯ мегӯянд. Назокат бо дархости бештари сокинони ин хонаҳо, чанд маротиба сарояндаву ҳунармандони тоҷикро барои хушҳолии онҳо даъват кардааст.

“Вақте яке аз пиронсолон бемор шуд, ҳамшира ба ман занг зада хабар медиҳад. Нафаре аз онҳо даргузарад, сахт андӯҳгин мешавам. Гоҳо ба модарам мегӯям, ки хафа нашаведу модарони хонаи пиронсолонро низ баробари шумо дӯст медорам”,- мегӯяд бонуи Назокат.

Қаҳрамони мо нақл мекунад, боре як духтари дорои маъюбиятро, ки сокини парасторхонаи шаҳри Турсунзода буд, бо риояи тамоми нозукиҳояш оро дод ва як ҷавони маъюбиятдошта ба ӯ ошиқ шуд. Ҳоло онҳо ақди никоҳ бастаанд ва соҳиби як духтаранд.

Назокат ҳар ҳафта бо навбат ба парасторхонаҳо ва беморхонаҳои сироятӣ барои аёдат меравад. Ба зодрӯзи ҳар яки онҳо бо туҳфаҳои ногаҳонӣ рафта, табрик мекунад. Аз рӯйи ҳисоб дар ду моҳ як бор барои ба тартиб овардани мӯйи сари пиронсолон меравад.

Ӯ то имрӯз ба хонаҳои пиронсолони ноҳияҳои атрофи Душанбе мерафт, аммо ҳоло ният дорад, ки ба Кӯлоб, Шаҳритус ва дигар минтақаҳо низ равад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, парасторхонаҳое, ки равуо дорад, тамоми шароитҳои лозимиро доранд.

“Мо тобеи ягон созмон нестем”

Назокат оилаҳои камбизоатро низ дастгирӣ мекунад. Ӯ бо гурӯҳи худ то имрӯз тақрибан ба зиёда аз 200 нафар аз оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ расонидаанд.

Онҳо ба модарони танҳое, ки аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашанд, фарзанди бемор доранд ё шахсони дорои маъюбият ёрӣ медиҳанд. Инчунин Назокат ба духтарони ятиме, ки хоҳиши ҳунаромӯзӣ доранд, ба таври ройгон касби худро меомӯзад.

Баъзан худи ниёзмандон, хешу табори онҳо, ё касоне, ки онҳоро мешиносанд бо Назокат барои пурсидани кӯмак дар тамос мешаванд.

Аз қаҳрамони мо зиёд мепурсидаанд, ки гуруҳи волонтёрии ӯ ба кадом фонди хайриявӣ тааллуқ дорад, ё умуман кӣ онҳоро сарпарастӣ мекунад.

“Мо 12 нафар (баъзан бештар) занони хайрхоҳ ҳастем, ки дар тобеияти ягон созмоне нестем. Ҳар чизе хайр мекунем, аз ҳисоби худамон ва саховатмандоне аст, ки намехоҳанд номашон зикр шавад”, – маълумот дод ӯ.

Фиребгарон низ ҳастанд…

Назокат Ашӯроваро агарчи 6-7 сол боз дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хайриярасони боваринок мешиносанд, аммо худаш боре ҳам барои ҷамъоварии кӯмакпулӣ корти бонкӣ пешниҳод накардааст. Зеро мехоҳад ҳамеша корҳояш шаффоф бошанд.

Аз ин рӯ фақат чизҳоеро, ки одамон эҳсон мекунанд, бурда мерасонад ё ба хоҳишмандон суроға ва рақами мобилии ниёзмандонро медиҳад.

“Новобаста ба ин қадар эҳтиёткориам, боре ба як писарбачаи маъюбиятдошта аз номи ман занг зада, маблағи корти электрониашро дуздидаанд”,- гуфт бо таассуф Назокат.

Дар таҷриба нафароне низ буданд, ки худро ниёзманд вонамуд карданд, вале Назокат баъдтар дар бораашон маълумот пайдо намудааст.  Аз ин рӯ, ҳоло ба суроғи ҳар касе равад, пешакӣ муайян мекунад, ки воқеан ба кӯмак муҳтоҷ аст ё не.

Ӯ мегӯяд, баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи корҳои хайри ӯ фикрҳои назари манфӣ ҳам доранд. Пештар Назокат аз суханони таънаомези онҳо меранҷид, вале ҳоло аҳамият намедиҳад.

“Ҷуворимакка мефурӯхтам, аммо…”

Агар зиндагиномаи шахсони саховатмандро биомӯзем, бештари онҳо дар оилаҳои ниёзманд ё ятимхонаҳо ба воя расидаанд. Назокат дар айни наврасию ҷавонӣ мушкили молиявиро аз сар гузаронидааст.

“Давраи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар синфи 6 ё 7 мехондам, ки падарам бо зани дигар оиладор шуду моро фаромӯш кард”,- бо ашк он солҳоро ба хотир овард Назокат ва баъди тоза кардани оби дидагонаш идома дод:

“Модарам бо 5 фарзанди зиндаятим танҳо монд. Ман ҳамчун фарзанди калонӣ дастёри модар будам. Ӯ хӯрок мепухт, ман ба бозори назди хонаамон, дар маҳаллаи 103 бурда мефурӯхтам. Гоҳо ҷуворимаккаи обпаз ҳам мефурӯхтам, аммо ҳеҷ гоҳ аз ин корам шарм накардаам”,- боз ҳам Назокатро гиря гулӯгир кард.

Ӯ мегӯяд, тӯйи арӯсии худро натавонист ба тавре ки орзу мекард гузаронад, аз ин рӯ, имрӯз арӯсшавандагони ятим дастгирӣ мекунад. Бо ҳамроҳони саховатпешааш арӯсшавандагони беволидайну нодорро ба таври ройгон ороиш медиҳанд ва либоси арӯсӣ мепӯшонанд.

Инчунин, ҳамин сол бо кӯшиши онҳо якчанд мағозаҳои хӯрокворӣ низ маҳсулоти дастархони тӯйи се духтари ятимро ба уҳда гирифтаанд.

Назокат, ки дар аввал барои ороишгари ботаҷриба шудан ба хонаи пиронсолон мерафт, ҳоло мехоҳад бештари вақташро дар назди онҳо гузаронад, гарчанде ки мизоҷонаш зиёданд ва худи ӯ зани оиладор аст.

“Мизоҷонам маро хуб дарк мекунанд. Дар ҳама ҳолат то омаданам мунтазир мешаванд. Шавҳарам низ маро дастгирӣ ва ба корҳоям ҳавасманд мекунад”,- гуфт ӯ.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

26
26 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
25
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
20
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
18
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend