fbpx

Дар Россия киҳо сафарбар мешаванд? Барои тоҷикони муқими Россия, ки шаҳрвандии ФР – ро доранд, ин чӣ аҳамият дорад? Дар ин ҷо метавонед муайян кунед:

Ин сафарбарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳам шаҳрвандии Россияро доранд ва ба таври доимӣ дар Россия ба сар мебаранд, метавонад дахл дошта бошад


1
1 point
Областной призывной пункт военного комиссариата. Фото: Sychkova Ekaterina / ТАСС

Агар дорандаи шаҳрвандии Тоҷикистон  ва Россия ба таври доимӣ дар Россия зиндагӣ кунад, иҷозаи иқомати доимӣ дошта бошад ва ба яке аз шартҳои сафарбаркунии қисмӣ мувофиқат кунад, метавонад ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия даъват шавад. Зимнан, ба ин далел, чиптаҳои ҳавопаймо аз Русия метавонанд қимат шаванд. Ҳанӯз 20 сентябр як чипта аз Екатеринбург ба Душанбе 10 ҳазор рубл арзиш дошт, рӯзи 21 сентябр арзиши он ба 46 ҳазор рубл расидааст. Аммо оё мардони хоҳишманд метавонанд Россияро тарк кунанд, мо дар зер шарҳ медиҳем.

Владимир Путин дар Россия «сафарбаркунии қисмӣ» эълон кард ва фармони дахлдорро имзо намуд. Сафарбаркунӣ танҳо ба шахсони дар захира буда, ки қаблан хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва собиқаи ҷангӣ доранд, дахл дорад. Дар маҷмӯъ, ба сафи артиш даъвати 300 ҳазор нафар афсарони захиравӣ пешбинӣ шудааст.

Маъракаи сафарбаркунӣ аллакай аз 21 сентябр оғоз ёфт. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Павел Чиков, дар Санкт-Петербург даъватномаҳоро “баста – баста” тақсим карда истодаанд, ки дар ин кор кормандони HOA ҷалб гардидаанд. Дар Маскав табибон низ ба таври густурда даъватнома мегиранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватномаҳое ҳам пайдо шудаанд, ки ба хизматчиёни давлатии Россия тааллуқ доранд, аммо дурустии ин маълумотҳо тасдиқ нашудааст. Вазорати омор итминон дод, ки даъватномаҳо тавассути интернет фиристода намешаванд – «барои ин ягон заминаи қонунгузории зарурӣ вуҷуд надорад», менависад “Медуза”.

Ба киҳо даъватнома доданашон мумкин аст?

Ҳар касе, ки мувофиқи «сафарбаркунии қисмӣ» ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад. Агар мушаххастар гӯем, ба ин норавшании матни фармони Владимир Путин имкон намедиҳад.

Ба гуфтаи Павел Чиков, сафарбаркунии эълоншуда пеш аз ҳама ба сарбозони захиравӣ, яъне шаҳрвандоне, ки баъди адои хидмат дар артиш бо Вазорати дифои Россия оид ба дар захира мондан қарордод бастаанд, тааллуқ дорад. Ба ин гурӯҳ шахсони то 50 сола дохил мешаванд.

Дар навбати дуюм шаҳрвандоне сафарбар мешаванд, ки дар захира қарор доранд. Ба ин гурӯҳ на танҳо онҳое, ки тибқи шартнома ё даъват дар артиш хидмат кардаанд, балки дар маҷмӯъ, тақрибан ҳамаи дорандагони билети ҳарбӣ дохил мешаванд. Азбаски дар фармони президент мушаххас нашудааст, ки “захиравиҳо” бояд таҷрибаи ширкат дар амалиёти ҷангӣ ё ҳадди ақал хидмат дар артиш дошта бошанд, аз нигоҳи назариявӣ миллионҳо русҳоро дар ин гурӯҳ сафарбар кардан мумкин аст.

Аммо Путин ва Шойгу итминон доданд, ки сафарбарӣ танҳо ба онҳое дахл хоҳад кард, ки дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат кардаанд ва ихтисоси лозимаи низомӣ ва таҷрибаи ҷангии якхела доранд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи сарбозон, старшинаҳо ва прапоршикҳои то 35 – сола ва офитсерони хурди то 50-сола меравад.

Дар куҷоҳо метавонанд даъватнома диҳанд?

Мувофиқи қонун — танҳо дар ҷойи истиқомат, кор ё таҳсил. Дар амал – куҷое мувофиқ ояд, яъне дар ҳама ҷо. Сарфи назар аз он ки додани даъватномаҳо дар кӯча қонунӣ ҳисобида намешавад, кормандони комиссариати ҳарбӣ ин маҳдудиятро нодида гирифта, аксар вақт даъватшавандагонро берун аз ҷойҳои муқаррарнамудаи қонун “ба дом меафтонанд”, дар ин бора ба “Медуза”хабар додааст ҳуқуқшиноси ҳарбии Эътилофи ҳомиёни ҳуқуқи Россия барои саркашии бошуурона аз хидмати ҳарбӣ.

Дар ҷои истиқомат даъватнома танҳо дар сурате супурдашуда ҳисобида мешавад, ки шумо дарро ба рӯи корманди комиссариати ҳарбӣ боз карда, ба ҳуҷҷат имзо гузоштаед (ё аз гирифтани он даст кашидаед, дар ин бора маълумоти бештар дар зер). Таҷрибаи маъмули партофтани даъватномаҳо ба қуттиҳои почта бар дӯши шумо ҳеҷ гуна ӯҳдадорӣ намегузорад – ин гуна ҳуҷҷатҳоро сарфи назар кардан мумкин аст.

Дар мавриди ҷои кор бошад, дар моддаи 9 – и Қонуни федералӣ «Дар бораи тайёрии сафарбарӣ ва сафарбаркунӣ» алоҳида омадааст, ки ташкилотҳои корфармо ҳам дар давраи осоишта ва ҳам дар ҳолати эълони сафарбарӣ вазифадоранд ба комиссариатҳои ҳарбӣ кўмак расонанд. Аз чумла — “сари вакт огоҳ кардан ва ҳозир шудан» – и  шахсонеро, ки бояд даъват карда шаванд таъмин намоянд.

Ин маънои онро дорад, ки корфармо метавонад ба шумо даъватнома диҳад ва тибқи қонун ӯ ҳақ надорад рад кунад. Агар ин корро накунад, вай барои вайрон кардани қоидаҳои сабти аскарӣ тибқи моддаи 21.3 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ҷаримаи ҳадди аксар 3000 рубл аст.

Метавонанд онҳоеро, ки ба сафарбаркунӣ беэътиноӣ менамоянд, таъқиб кунанд?

Дар арафаи эълони сафарбаркунӣ Думаи давлатӣ тағйироте қабул кард, ки мувофиқи он ба Кодекси ҷиноӣ мафҳумҳои “сафарбарӣ”, “ҳолати ҳарбӣ” ва “вақти ҷанг” – ро ворид намуданд. Дар бораи таслими ихтиёрӣ ба асирӣ, ғоратгарӣ ва фирор дар давраи сафарбаркунӣ моддаҳои нав пайдо шуданд. Ҳамин тавр, қаблан барои фирор то 10 соли зиндон таҳдид мекард, ҳоло то 15 сол.

Ҳамчунин, барои саркашӣ аз хидмат дар “давраи сафарбарӣ ё ҳолати ҳарбӣ” ҷазои алоҳида пешбинӣ шудааст, акнун барои ин шуморо метавонанд аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Ин модда айнан чӣ тавр татбиқ мешавад, ҳанӯз маълум нест, менависад “Медиазона”. Таҷриба танҳо аз ҳолатҳои саркашӣ аз даъвати муқаррарии ҳарбӣ мавҷуд аст: чун қоида, парванда дар сурате оғоз мешавад, ки агар ҷавон даъватномаро ба маъракаи даъват (масалан, ба комиссияи тиббӣ ё ҷаласаи комиссияи даъватӣ) гирад ва бе сабабҳои узрнок дар он ҳозир нашавад.

Ҳоло, ба гумон аст, ки таъқиби ҷиноятӣ ба онҳое, ки ба комиссариати ҳарбӣ наомадаанд, таҳдид кунад. Дар ҳолате ки онҳо барои дақиқ кардани маълумот ва додани пешниҳоди сафарбаркунӣ даъват карда мешаванд ва ҳозир намешаванд, ҷавобгарии маъмурӣ (ҷарима ба андозаи аз 500 то 3000 рубл) пешбинӣ шудааст. Аз афташ, ин  моддаро барои онҳое ҷорӣ кардаанд, дар даст даъватномаи сафарбарӣ доранд, вале ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд. Гузашта аз ин, агар ба ҷойи шахси даъватшаванда хешовандонаш даъватнома гирифта бошанд ё ин ҳуҷҷатро аз қуттии почта пайдо карда бошанд, пас барои ҳозир нашудан даъватшавандаро ҳеҷ чиз таҳдид намекунад, шарҳ дод ҳуқуқшинос Алексей Табалов.

Парвандаи ҷиноӣ дар ҳолате боз мешавад, ки шахс ба комиссариати ҳарбӣ омада, аз муоинаи тиббӣ гузашта ва қарор дар бораи даъват ба сафарбаркунӣ қабул шуда бошад ва пас аз ин даъватшаванда кӯшиши саркашӣ аз хидматро намояд.

«Яъне, аввал бояд қарори комиссияи сафарбарӣ оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ бошад ва танҳо пас аз ин дар ҳолати саркашӣ шояд парвандаи ҷиноӣ оғоз шавад», – мегӯяд адвокат Табалов.

Ба ҷустуҷӯи онҳое, ки аз даъватномаҳо саркашӣ мекунанд, милитсия машғул мешавад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Павел Чиков, ҳоло қонун ба кормандон иҷозат намедиҳад, ки шаҳрвандонро ба комиссариатҳои ҳарбӣ бирасонанд, аммо ҳаққи супоридани роҳхат барои сабтиноми ҳарбиро доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ истисно намекунанд, ки комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо милитсия рейдҳо ва таъқибҳо алайҳи саркашикунандагон анҷом хоҳанд дод.

Оё баромадани мардон аз ҳудуди  Россия манъ мешавад? Барои ҳамаи мардон ё танҳо барои категорияҳои муайян?

То ҳол гузоришҳои муътамад дар бораи мушкилшавии хориҷ шудани мардон аз қаламрави Россия вуҷуд надорад. Мардон бештар аз назорати марзӣ бидуни мушкилот ва саволҳо дар бораи асноди низомӣ мегузаранд. Ҳам ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҳам Роҳҳои оҳани Россия итминон медиҳанд, ки онҳо дар фурӯши чиптаҳо ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Ширкатҳо рад мекунанд, ки мардони синни даъватӣ барои хариди чиптаҳо ба онҳо бояд шаҳодатнома аз комиссариати ҳарбӣ пешниҳод кунанд.

Ростуризм итминон медиҳад, ки ҳеҷ гуна маҳдудияти нав барои сафар ба хориҷа бо сабаби “сафарбаркунии қисмӣ” ҷорӣ нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки шарҳи расмиро бояд интизор шуд.

Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти ФР мегӯяд, шояд ин маҳдудиятҳо дар оянда пайдо шаванд ва ба онҳое, ки аллакай даъватнома гирифтаанд, таъсир расонад. Қонун ба шахсони сафарбаршаванда бе ризоияти комиссариатҳои ҳарбӣ тарки ҷойи истиқоматро манъ мекунад.

Андрей Картаполов, раиси Кумитаи дифоъи Дума, итминон медиҳад, ки то ҳол ба далели “сафарбаркунии қисм” маҳдудияти изофӣ ба ҳаққи сафар вуҷуд надорад ва шаҳрвандон то замони дарёфти даъватнома метавонанд дар саросари Русия сафар кунанд, “аммо беҳтар аст, ки ин корро накунед”, – илова кард ӯ.

Аз ҷойи истиқомат берун рафтани захиравиҳо ба ҳар ҳол дигар мумкин нест

Комиссарони низомии Тотористон, вилояти Самара ва Доғистон ҳамин фармонро “Дар бораи эълони сафарбаркунии қисмӣ” имзо карданд.

Павел Чиков, раиси Асотсиатсияи ҳимояи ҳуқуқи “Агора”, бо нашри онҳо, пешгӯйӣ мекунад, ки чунин фармонҳо “рӯз аз рӯз дар ҳама минтақаҳо пайдо мешаванд”.

Ҳуҷҷат муқаррар мекунад:

– ҳамаи офитсерон, прапоршикхо, мичманҳо, сержантҳо, старшинаҳо, сарбозон ва матросҳои захиравӣ, ки дар вилоят истиқомат доранд ва фармонҳои сафарбаркунӣ ё даъватнома доранд, ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд

– агар шаҳрванде, ки дар захираи эҳтиётӣ қарор дорад ва муваққатан дар ҳудуди минтақаи дигар иқомат дошта бошад, вай бояд фавран ба ҷойи бақайдгирӣ рафта, мувофиқи фармони сафарбарӣ, ки аллакай он ҷо имзо шудааст, ҳозир шавад

– ба афсарони эҳтиётие, ки фармон ва дастури сафарбарӣ надоранд, бе иҷозати комиссариати ҳарбӣ баромадан ба берун аз шаҳру ноҳияе, ки дар он ҷойгиранд, манъ аст

– соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки фармон гирифтаанд, вазифадоранд, ки онҳоро ба комиссариатҳои ҳарбӣ бирасонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend