fbpx

“Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ ҷиноят аст”. Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон дар Россия


0
Сафорати Тоҷикистон дар ФР

Дар пайи имзои амри Владимир Путин, президенти Россия оид ба сафарбаркунии ҳайатаи захираҳои ҳарбӣ, ки он ба тоҷикони дорои душаҳрвандӣ низ дахл дорад, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба шаҳрвандони худ ҳушдор дод, ки иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷиноят аст.

Дар ин бора “Азия плюс” хабар дод.

Дар изҳорот, ки имрӯз нашр шудааст, гуфта мешавад, ки

“Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Ин ниҳод афзудааст, шаҳрвандон барои гирифтани маълумот метавонанд ба сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон Россия муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, дар асоси тарҳи қонуне, ки Думаи давлатӣ қабул кард, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо адои хидмат дар сафи артиши ин кишвар, дар як сол шаҳрвандии Россияро соҳиб шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend